Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рублу қатъи парвозҳо. Таъсири ҷанг ба Тоҷикистон. ВИДЕО


Қурби рублу қатъи парвозҳо. Таъсири ҷанг ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Қурби рублу қатъи парвозҳо. Таъсири ҷанг ба Тоҷикистон

Аввалин пайомадҳои ҳамлаи Русия ба Украина дар Тоҷикистон ҳам дида мешавад.

Рӯзи гузашта қурби рубли русӣ дар баробари асъори миллии сомонӣ якбора паст шуд, чандин парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия бекор шуданд. Пеш омадани чунин вазъият аз ҳоло муҳоҷирон ва наздикони онҳоро нигарон кардааст.

Субҳи 24-уми феврал бо фармони президент Владимир Путин нерӯҳои Русия ба Украина ҳамла карданд. Ин ҳамла то кунун ҳадди ақал 137 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузоштааст. Кишварҳои Ғарбӣ ҳамлаи Русияро маҳкум карда, алайҳи Кремл таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.

800 сомон кам дар чор рӯз

Ду рӯз аст, ки рақамҳо дар таблои бонкҳои Тоҷикистон зуд-зуд тағйир мекунанд. Бахусус қурби рубли русӣ. Агар бегоҳи 23-юми феврал 1000 рубл қариб 142 сомонӣ буд, рӯзи гузашта то 120 сомонӣ пойин фаромад. Ҳоло арзиши ҳазор рубли русӣ ба 133 сомонӣ баробар аст. Муҳоҷирон ва наздикони онҳо аз якбора пасту баланд шудани қурби рубл нигаронанд.

Сиёвуш Абдуқодиров, муҳоҷири тоҷик ҳар моҳ ба Тоҷикистон 50-60 ҳазор рубл мефиристад. Агар 50 ҳазор рубли ӯ аввали ҳафта ба 7450 сомонӣ баробар буд, пас имрӯз 6650 сомонӣ мешавад. 800 сомонӣ камтар.

“Албатта қурб баланд бошад барои падару модар, барои хонавода хубтар аст. Аз пастшавии қурб мо зарар мекунем,-“афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ду рӯзи ахир садҳо нафар ба Радиои Озодӣ паём навишта, мехостанд қурби рубли русиро фаҳманд. Масъалаи қурби рубли русӣ ба он хотир барои мардуми Тоҷикистон муҳим аст, ки беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кор мекунанд. Маблағи фиристодаи аксари муҳоҷирон маҳз бо рубли русист.

Аммо фақат муҳоҷирон ва наздикони онҳо нестанд, ки аз пайомади ҳамлаи Русия, бахусус паст шудани қурби рубл, ранҷ мекашанд. Рустаборони муқими Тоҷикистон ҳам нигарони оянда ҳастанд. Чун ба гуфтаи онҳо, агар поёнравии қурби рубл ҳаминхел давом кунад, даромади онҳо кам мешавад.

Як хонуми рустабор, ки дар яке ташкилотҳои русии муқими Душанбе кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, қурби рубл поён равад, маоши онҳо ҳам бо сомонӣ кам мешавад.

Ин ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад афзуд, “ин ба ҳаёти мо таъсири манфӣ мерасонад. Маҳсулоти ниёзи аввал гарон мешавад, маошҳо боло намераванд. Чӣ кор кунем, тоқат мекунем, рафта дуздӣ карда натавонам.»

Парвозҳо ба 6-7 шаҳр манъ шуданд

Поин рафтани қурби асъор ягона таъсири ҳамлаи Русия дар Тоҷикистон нест. Аз субҳи 24-уми январ чанд ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия парвоз накард. Рӯзи 25-уми феврал дар чанд нуқтаи билетфурӯшии Душанбе ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ду рӯзи ахир пули билети чандин нафарро бозпас доданд ё парвозро ба рӯзи дигар гузаронданд.

АбдулҳайЮсупов, корманди яке аз ин нуқтаҳои билетфурӯшӣ мегӯяд, ба онҳо гуфтанд, чунин вазъ ҳадди ақал то 2-юми март идома мекунад.

Юсупов афзуд, “парвозҳо тақрибан ба 6-7 шаҳри Русия манъ шудагӣ аст. Аз ҷумла Красонодор, Ростов, Воронеж ва минтақаҳое қатъ шуд, ки ҳамсарҳади Украина ҳастанд.”

Буҳрони Русияву Украина ва бахусус ҳамлаи неруҳои рус дар бахши тоҷикии Фейсбук ҳам баҳсҳои зиёдро ба миён овардааст. Бисёриҳо ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум мекунанд. Ҳарчанд ҳастанд нафароне, ки аз амалкарди Кремл пуштибонӣ мекунанд. Аммо ҳарду тарафи баҳс дар як масъала иттифоқи назар доранд, ки идома ёфтани ҷанги Русия бо Украина ба иқтисоди Тоҷикистон бахусус муҳоҷирон зарба мезанад.

XS
SM
MD
LG