Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

120 парвоз дар як ҳафта. Баҳси харҷи сафар аз Тоҷикистон ба Русия "доғ" монд. ВИДЕО


Икром Субҳонзода
Икром Субҳонзода

Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар дод, ки теъдоди парвози ҳавопаймоҳо ба Русия "дубора ба давраи пеш аз коронавирус" расидааст, вале мавзӯи нархи билет ҳамоно доғ мемонад.

Икром Субҳонзода 10-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳоло миёни ду кишвар ҳафтае 120 парвоз анҷом мешавад. Ӯ ба пурсиши батакрори хабарнигорон посух надод, ки нархи билети сафар аз Тоҷикистон ба Русия бояд чӣ қадар бошад. Танҳо зикр намуд, ки "нархи парвоз набояд боло равад".

"Агентӣ ба афзоиши беасоси нарх зид аст. Чора меандешад. Назорат мекунем. Нарх набояд аз доираи арзиши аслӣ ва фоизи муайяне, ки ҳамчун фоида аз он мегиранд, боло бурда шавад," – афзуд ӯ.

Дар ҳоле ки раҳбарияти Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон соли гузашта эълон карда буданд, ки нархи билет ба Русия набояд аз 500 доллар бештар бошад, имсол дар ин маврид рақами мушаххасеро ба забон наоварданд. "Нархи ягонаву муайян нест ва ин аз хидматрасониҳо ва соати парвоз вобаста аст," -- гуфт Икром Субҳонзода.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аз мақомоти Тоҷикистон пурсиданд, чаро қимати билетҳо баланд аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Билет -- чанд ҳазор сомонӣ?

Рӯзи 10-уми феврал боздиди мо аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе нишон дод, ки нархи сафар ба Русия расман то 6 ҳазор сомонӣ нишон дода шудааст. Рӯзафзун Гулбоев, сокини ноҳияи Ёвон, мегӯяд, ба ӯ нархи билети ҳавопайморо аз Душанбе ба Маскав 6,5 ҳазор сомонӣ гуфтаанд.

Гаронии билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон боиси он шудааст, ки гуруҳе аз шаҳрвандон тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Русия бираванд. Таҳлилгарон борҳо таъкид намудаанд, ки набудани рақобати солим ва сиёсати “фазои боз”, ки иҷозаи вуруди ширкатҳои бузурги ҳавопаймоиро ба бозори кишвар дар назар дорад, ба гаронии нарх боис шудааст.

Ҳоло ҳавопаймоҳои "Ют Эйр", "Уралские авиалинии", "Сибир", "Ямал"-и Русия ва "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон иҷозаи парвоз байни ду кишварро доранд. Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки нархи билетро аз Тоҷикистон ба Русия ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъин мекунанд.

Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия моҳи апрели соли 2021, пас аз як соли танаффуси маҷбурӣ, дигарбора аз сар гирифта шуд. Дар аввал шумораи парвозҳо кам ва талабгорони сафар зиёд буд. Аз ин рӯ, навбати дароз ва ҷанҷол барои харидани билет ба вуҷуд омад ва мусофиронро ба ташвиш овард. Ҳоло навбати дарозу ҷанҷол нест, аммо нигаронӣ аз афзоиши нарх боқист.

Шикоятҳо аз гарон будани нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия чанд сол аст, ки садо медиҳад. Ин масири ҳаракати садҳо ҳазор муҳоҷири корист, ки даромадашон оилаҳо ва иқтисод дар Тоҷикистонро таъмини молӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG