Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтанд, барои танзими нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия, дасташон баста аст. Дар як моҳи охир нархи билет аз Тоҷикистон ба Русия якбора боло рафт ва боиси ташвиши мусофирон шуд. Рӯзноманигорон рӯзи 1-уми феврал аз раҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ батакрор пурсиданд, ки чаро билет аз 2,5 ҳазори пешина ба 6,5 ҳазор сомонӣ расидааст?
Абдулмаҷид Муъминзод, раиси Хадамот, дар посух ба ин суолҳо гуфт, бар асоси як созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия аз соли 2001, нархи билетро ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъин мекунанд. Вале Муъминзод гуфт, як дафъа намояндагони ширкатҳоро дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ ҷамъ карда, дар бораи нархи билет бо онҳо суҳбат кардаанд.
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамчунин гуфтанд, ба ҳамтоёни русашон мактуб фиристода, роҳҳои таъсиррасонӣ ба нархи билетро пурсидаанд, аммо дархост қонеъ нашудааст. Ҳабиб Абдуллозода, сардори раёсати танзими инҳисороти табиии Хадамот, гуфт, посухи мақомоти Русия ин буд, ки нархи билети ҳавопаймо “таҳти танзими зиддиинҳисорӣ қарор намегирад.”
“Мақомот куҷоро назорат мекунанд?”
Нархи билет аз Тоҷикистон ба Русия дар оғози моҳи январ якбора афзуд. Муҳоҷирон аз ҳар сомонӣ боло рафтани нарх норозианд. Рӯзи 1-уми феврал дастикам панҷ нафар дар назди нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе гуфтанд, намедонанд, ки барои билетҳои гарон аз куҷо пул ёбанд.
Руслан Алиев, як сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ду ҳафта пеш бародараш бо 3200 сомонӣ билет харида, ба Русия рафт, вале ҳоло 6200 сомонӣ аст. "Ин нарх барои мардум вазнин аст. Мақомот куҷоро назорат мекунанд?" – суол гузошт ӯ.
Маъруф, сокини дигари пойтахт, гуфт, маҷбур аст, аз ягон ҷо қарз гирифта, билет бихарад. Маъруф ва ҳамсуҳбатони дигари мо дар назди нуқтаҳои билетфурӯшӣ мегӯянд, ба ҷуз аз харидани билети гарон чораи дигар надоранд. Зеро роҳҳои заминӣ баста аст ва сафар тавассути ҳавопаймо ягона интихоб аст.
Навор дар инҷост:
“Бисёриҳо аз Узбекистон сафар мекунанд”
Билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ гаронтар аст. Ба ин хотир як гуруҳи калони шаҳрвандон маҷбур мешаванд, тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Русия бираванд. Корманди яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ рӯзи 1-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як моҳи охир, баъди болоравии нарх, талабот ба харидани билет кам шудааст.
“Бисёре аз одамон ҳаракат мекунанд, тавассути Узбекистон ба Русия раванд. Онҳое, ки аз вилояти Суғд ҳастанд, аз Тошканд ва Самарқанд парвоз мекунанд. Сокинони вилояти Хатлон ба воситаи Тирмиз ба Русия мераванд. Агар талабот кам шавад, ширкатҳо маҷбуранд, нархи билетро аз Тоҷикистон ба Русия арзонтар кунанд,” -- гуфт ин корманди нуқтаи билетфурӯшӣ, ки нахост номаш зикр шавад.
Мақомоти Тоҷикистон то ин вақт барои танзими нархи билети ҳавопаймо баъзе корҳоеро анҷом додаанд. Аз ҷумла, моҳи майи соли гузашта Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ эълон карда буд, ки нархи билети ҳавопаймо миёни Тоҷикистону Русия набояд аз 500 доллар (зиёда аз панҷуним ҳазор сомонӣ) бештар бошад. Ҳарчанд шикоятҳое ҳам буд, ки дар баъзе ҳолат билет аз панҷсад доллар ҳам зиёд фурӯхта мешавад.
Оё масъала дар фурудгоҳ ва сӯзишворӣ аст?
Мақомот то ҳол шарҳ надодаанд, ки сабаби якбора боло рафтани нархи билет дар як моҳи охир чист. Ҳусейн Усмонов, намояндаи ширкати "Ют Эйр" дар Тоҷикистон, моҳи январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, афзоиши талабот эҳтимол боиси боло рафтани нарх шуда бошад.
Рӯзи 1-уми феврал дар нишасти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ин нукта ҳам матраҳ шуд, ки билети ҳавопаймо ба он хотир гарон аст, ки арзиши сӯзишвории ҳавопаймо ва хидматрасонии фурудгоҳҳо гарон мебошад. Ҳабиб Абдуллозода, сардори раёсати инҳисороти табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, гуфт, "дар ҳақиқат, нархи хидматрасонии Фурудгоҳи Душанбе назар ба фурудгоҳҳои Алмаато, Тошканд ва Қирғизистон гаронтар аст."
Раиси Хадамоти зидиинҳисорӣ масъалаи гарон будани нархи сӯзишвории ҳавопайморо дар Тоҷикистон рад кард. Абдулмаҷид Муъминзод гуфт, Ширкати таъмини сӯзишворӣ як тонна керосинро бо маблағи қариб 1260 доллар ворид карда, бар иловаи хароҷот, ба 1400 доллар мефурӯшад. Аз ин рӯ, нархи онро баланд гуфта наметавонем.”
Ширкати таъмини сӯзишворӣ (ТЗК) ягона ширкати воридкунандаи маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон мебошад, ки қаблан як бахши ширкати “Тоҷик Эйр” буд. Соли 2008 онро аз “Тоҷик Эйр” ҷудо карданд. “ТЗК” дар минтақаи офшори бритониёии Menford Holding LTD сабт шуда, ба Ҳасан Асадуллозода, бародари ҳамсари президент рабт дода мешавад.
“Роҳи ҳал пеш гирифтани сиёсати фазои боз аст”
Шикоятҳо аз дандоншикан будани нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия чанд сол аст, ки садо медиҳад. Таҳлилгарон борҳо гуфтаанд, Тоҷикистонро зарур аст, сиёсати “фазои боз”-ро дар арсаи ҳавопаймоии шаҳрвандӣ пеш бигирад, ки иҷозаи вуруди ҳама ширкатҳои бузурги ҳавопаймоиро ба бозори кишвар дар назар дорад. Чун ба гуфтаи коршиносон, агар Тоҷикистон "сиёсати фазои боз"-ро пеш бигирад, бо вуруди ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ рақобат ба вуҷуд меояд, ки боиси поин рафтани нархи чиптаҳо мешавад.
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳам рӯзи 1-уми феврал гуфт, масъалаи ҷорӣ кардани сиёсати "фазои боз" дар баррасии ҳукумат аст. “Бисёре аз давлатҳо принсипи фазои озодро қабул кардаанд. Агар фазои озодро қабул кунанд, хидматрасониҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ қариб 70-80 дарсад арзон мешавад,” – мегӯяд Абдулмаҷид Муъминзод.
Як хавфи эҳтимолии сиёсати “фазои боз”-ро масъулони соҳаи авиатсияи Тоҷикистон дар гузашта сустии ширкатҳои ҳавпаймоии ватанӣ хонда буданд, ки дар сурати ба бозор ворид шудани ширкатҳои бузург эҳтимол ба рақобат тоб наоварда, варшикаста шаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо як ширкати ҳавопаймоӣ – “Сомон Эйр” – фаъол аст. Ҳавопаймоҳои ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” беш аз ду сол аст, ки аз парвоз мондаанд.