Чанд сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки шаби 11-уми март дигарбора садои тирпарронӣ дар сарҳад шунида шудааст.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ин бора расман хабар надоданд.
Яке аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, "тирпарронӣ соати яки шаб шуруъ шуда, чанд муддат идома кард."
Тамосҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани иттилоъ аз мақомоти Тоҷикистон то ин дам бенатиҷа буд. Маълум нест, ки тирпарронӣ аз тарафи кӣ шуруъ шуда, оё талафоте дар пай доштааст ё не.
Ҳамсуҳбатони мо дар Чоркӯҳ гуфтанд, феълан садои тирпарронӣ нест, вале ташвиши мардум мондааст.
Рӯзи даҳуми март низ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт. Ба иттилои манобеъ, аз тарафи Тоҷикистон як кас кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст. Мақомот дар бораи ҳодиса ҳеч ҳарфе нагуфтанд.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, касе аз тарафи онҳо осеб надид. Дертар мақомоти ду кишвар ба созиш расидаанд, ки ҳодисаро ба таври мустақилона таҳқиқ мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд, ки ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст. Номуайян мондани бахше аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Дар низои моҳи январи имсол аз ду ҷониб даҳҳо кас захмӣ шуда, аз тарафи Тоҷикистон ду кас кушта шуданд.