Ин мавзеъро тоҷикон Дусанга ва ҷониби қирғизҳо Иккиташ меноманд. Ин атроф ба макони истироҳатии Қуммазор наздик аст, ки соли гузашта атрофи он баҳсҳои ҳудудӣ рӯ зада буд. Мақомоти шаҳри Исфара ва чандин сокини ҳамин маҳалла рӯзи 11 март дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "тирпарронӣ соати тақрибан якуними шаб шуруъ шуда ва ҳудуди ду соат идома кардааст." Дар натиҷаи ин тирпарониҳо ҳарчанд талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо дастикам се ҳавлии сокинон осеб дид: дар дару деворашон осори тир намудор аст. Ҳавлиҳои зарардида ба сокинони ҷамоати Чоркӯҳ - Қодир Бобохонов, Раҳматулло Анваров ва Ҳикматулло Ҳабибуллоев тааллуқ доранд.
Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, ҳодиса гӯё пас аз он рух додааст, ки аз ҷониби сокинони Тоҷикистон ба сӯйи онҳо сангпартоӣ шудааст. Вале сокинони ҷамоати Чоркӯҳ инро рад мекунанд ва, баръакс, сарҳадбонони қирғизро ба "иғвоангезӣ" муттаҳам мекунанд. Раёсати сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон то нашри ин гузориш дар ин бора расман маълумот нашр накард ва мавқеи расмии ҷонибҳо дар ин бора маълум нест. Вале ҳоло ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардаанд. Қарор аст ҳайатҳои ду ҷониб рӯзи 12 март сари мизи гуфтушунид нишинанд ва ҳодисаҳои ахирро баррасӣ намоянд.
Субҳи рӯзи 11 март, ки хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҷойи ҳодиса буд, вазъ ором ба назар мерасид, вале нигаронии мардум кам намешуд. Рӯзи даҳуми март низ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт. Ба иттилои манобеъ, аз тарафи Тоҷикистон як кас кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст. Мақомот дар бораи ҳодиса ҳеч ҳарфе нагуфтанд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, касе аз тарафи онҳо осеб надид. Дертар мақомоти ду кишвар ба созиш расидаанд, ки ҳодисаро ба таври мустақилона таҳқиқ мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд, ки ниме аз он таъину нишонагузорӣ нашудааст. Номуайян мондани бахше аз сарҳад ҳар сари чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Дар низои моҳи январи имсол аз ду ҷониб даҳҳо кас захмӣ шуда, аз тарафи Тоҷикистон ду кас кушта шуданд.