Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ кардаанд, ки нерӯҳоро ба маҳалли доимияшон баргардонда, тирпаррониро дар марз таҳқиқ мекунанд. Мулоқоти онҳо рӯзи 10-уми март, пас аз тирпарроние, ки ба иттилои манобеъ, аз ҷониби Тоҷикистон як кушта ва як захмӣ ба ҷой гузошт, дар мавзеи Паски-Ариқи Бодканд баргузор шуд.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки ҷонибҳо розӣ шудаанд, корҳои фаҳмондадиҳиро байни сокинони деҳаҳои наздимарзӣ бештар мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон то ин дам на дар бораи тирпарронӣ, талафот ва музокироту натиҷаҳои он чизе нагуфтааст.
Тибқи гузоришҳо, рӯзи 10-уми март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат гирифт. Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Исфара гуфтанд, як сарбоз кушта ва як ғайринизомӣ захмӣ шудааст. Аз сарбоз Сунатулло Самадов ном мебаранд.
Хабаргузории “Азия-Плюс” дар бораи ҷароҳат бардоштани ду кас гузориш додааст. Вале мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодиса аз ҷониби онҳо касе осеб надид.
Манобеъ дар ҳукумати Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса дар марзи Чоркӯҳ ва Бодканд, дар наздикии хоҷагии тухмиварварии рақами 4, рӯй додааст.
Яке аз ҳамсуҳбатони мо аз мақомоти маҳаллӣ бинобар ҳассос будани масъала бе зикри ном гуфт, "ҳодиса ҳангоми иваз шудани қисми навбатдории сарҳадбонони тоҷик рух додааст. Вақте ҳайати нави сарбозон меоянд, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз луқмапартоӣ мешавад ва беогоҳӣ ба ҷониби мо тир холӣ мекунанд. Дар натиҷа сарбози мо дар ҷойи ҳодиса меафтад ва як деҳқон захм мебардорад."
Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ҳодиса пас аз он рух додааст, ки марзбонони тоҷик ба хатти номушаххаси марз рафта, аз сарҳадбонони қирғиз хостаанд, маҳалро тарк кунанд. "Аммо марзбонони қирғиз иҷоза надоданд, ки низомиёни тоҷик нияти худро амалӣ кунанд ва тирпарронӣ оғоз шуд. Тақрибан даҳ дақиқа идома кард," -- омадааст дар изҳорот.
Сокинон мегӯянд, ҳарчанд ҳоло роҳҳо кушода аст, равуои нақлиёт ба самти Хоҷаи Аъло ва Ворух дида намешавад. Сарбозони Қирғизистон ба ҳолати омодабош даромадаанд.
Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Низои хунбортарин миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рух дод ва дар давоми се рӯзи низоъҳо даҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд.