Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯзишворӣ, гӯшт, орд... Соли гузашта бо болоравии нархҳо дар ёд монд, имсол чӣ? ВИДЕО


Соли гузашта бо болоравии нархҳо дар ёд хоҳад монд. Имсол чӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Дар як соли охир дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ тақрибан ду баробар боло рафтааст. Мақомот мегӯянд, ин вазъ сабаби афзоиши нархи маҳсулот ва хидматрасонӣ шуд. Сокинон шикоят доранд, ки маошу нафақаи онҳо барои харидани маҳсулот кофӣ нест. Масъулони бозорҳо мегӯянд, дар фикри поин оврадани нарх ҳастанд.

Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонси омор, ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта "нархи сабзавот 23,8 дарсад, маҳсулоти гӯштӣ 15,1 дарсад, равған то 24 дарсад, орди навъи якум 8 дарсад ва шакар 4,4 дарсад афзуд."

Ба иттилои Соҳибҷон Сайпов, сардори шуъбаи нархҳо ва таърифаҳои Оҷонси омор, соли гузашта нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон 1,7 маротиба бештар шуд. "Тибқи маълумоти оморӣ, ки аз нуқтаҳои сӯзишворӣ мегирем, дар соли 2021 нархи бензин 11 сомониву 10 дирамро ташкил дод, ки нисбат ба соле пеш аз он 6 сомониву 80 дирам бештар аст," -- шарҳ дод ӯ.

Сокинон мегӯянд, гаронии нархҳоро ҳар рӯз эҳсос мекунанд. Ба қавли Маҳбуба Бобомуродова, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, "асосан нархи истифода аз нақлиёт гарон шуд. Мо ҳар рӯз 2-3 бор истифода мебарем. Душвор шуд."

Барои ошноӣ бо вазъ ба бозори "Меҳргон"-и Душанбе рафтем. Фахриддин Холов, як масъули бозор, гуфт, барои поин овардани нархҳо фурӯши маҳсулоти захираҳои давлатиро ба роҳ мондаанд. "Агар дар дохили бозор як кило гӯшт 65 сомонӣ аст, дар гӯшаи “Захираҳои давлатӣ” 55 сомонӣ мебошад," – шарҳ дод ӯ.

Муслима Ҳасанова, сокини пойтахт, мегӯяд, захираҳои давлатӣ барояшон кумаке дар шароити душвор шудааст, аммо кофӣ нест: "Инҷо ярмарка аст, равғанро бо нархи сабуктар метавонем дастрас кунем, вале барои хонавода гӯшт харида наметавонем. Дастрас нест."

Доктор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҳанӯз мақомоти тоҷик тарзи вокуниш ба болораваии нархҳоро дар ихтиёр надорад. Ба бовари ӯ, "мутаассифона, дар Тоҷикистон механизми мубориза бо таваррум нест. Барои вуҷуди чунин механизм бояд маблағи зарурӣ низ дошта бошем. Он вақт захираҳои зурурии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишвориро дар сурати якбора боло рафтани нархҳо ба бозор барорему аз афзоиши нархҳо пешгирӣ кунем."

Мақомот мегӯянд, дар фикри поин овардани нархҳо ҳастанд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2021 дар порлумон гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот фишангҳои худро истифода мебаранд. Аммо коршиносон роҳи ҳалро дар бештар намудани истеҳсоли маҳсулот дар дохили кишвар ва кам кардани сарбории андоз ба соҳибкорон медонанд.

XS
SM
MD
LG