Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи тарбия дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон боло рафт. ВИДЕО


Нархи тарбия дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Аз моҳи январи имсол пардохти ҳармоҳаи хонаводаҳо барои тарбияи тифлашон дар кӯдакистонҳои давлатӣ тақрибан даҳ дарсад боло рафт.

Акнун волидоне, ки фарзандони хурдсолашонро ба боғчаи бачагона медиҳанд, бояд ба ҷойи 120 сомонии пешина 128 сомонӣ ва дар ноҳияҳои дурдаст ба ҷойи 60 сомонии қаблӣ 64 сомонӣ супоранд. Чанде аз сокинон мегӯянд, нархнома дар бисёре аз кӯдакистонҳо то 20 ё 30 дарсад болотар аст.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон омода нашуданд, масъаларо шарҳ диҳанд, аммо як масъули ниҳод гуфт: "Ин бар асоси қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст."

“Ман ба ин хеле назари манфӣ дорам. Бояд музди миёнаи сокинонро ба назар бигиранд. Бисёриҳо бо ин сабаб имкон надоранд, фарзандони худро ба кӯдакистон бидиҳанд. Бояд ҳалли ин масъаларо андешид,” – гуфт яке аз сокинон.

Баланд рафтани нархи хидматрасонии кӯдакистонҳоро баъзе ба сатҳи таваррум ва бархеи дигар ба болоравии нархи маҳсулот пайванд медиҳанд. Гуруҳе ба ин назаранд, ки шояд афзоиши маоши омӯзгоронро ба ин шева ҷуброн кунанд.

Дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақали коркунони давлатӣ 400 сомонӣ ва сатҳи миёнаи он 1300 сомонист. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи декабр гуфт, ҳадди ақалли маошро шашсад сомонӣ таъин мекунанд.

Шавкат Ҳошимов, сокини Хуҷанд, мегӯяд, “агар бо ин шакл хидматрасонии фарзандону наберагонро дар кӯдакистонҳо нағз кунанд, гармӣ ва хӯроквориашро хуб таъмин кунанд, мо розӣ ҳастем. Дигар шикоятамон нест”.

Коршиносони соҳа ва масъулони маориф мегӯянд, пардохтҳои оилаҳо барои бо се маҳал бо хӯрок таъмин кардану таълим додани кӯдакон ночиз аст ва сатҳи хидматрасонии кӯдакистонҳоро бисёриҳо ба ҳамин хотир паст арзёбӣ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ба ҷуз ин, аз буҷаи ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ маблағи изофӣ ҷудо мегардад. Вале баъзе аз волидон мегӯянд, дар баъзе кӯдакистонҳо ғайрирасмӣ маблағи иловагӣ талаб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинон мегӯянд, нархи кӯдакистонҳои хусусӣ бамаротиб баландтар аст ва бо афзоиши нархи кӯдакистонҳои давлатӣ аз эҳтимол дур нест, ки боз он боло бурда шавад. Дар Тоҷикистон ҳудуди 700 муассисаи томактабии давлатӣ фаъолият мебарад ва дар он беш аз 100 ҳазор кӯдак фаро гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG