Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон бори дигар ба Оҷонси захираҳои моддӣ имтиёз хостанд


Акс аз соли 2020
Акс аз соли 2020

Вакилони Маҷлиси Намояндагон аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, барои ворид кардани хӯрокворӣ, нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ ба Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ сабукӣ бидиҳад.

Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 9-уми феврал навишт, дар сурати қабули пешниҳод, Оҷонсӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод хоҳад буд.

Дар ду соли охир нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба маротиб боло рафт. Пеш аз кишти тирамоҳӣ низ кишоварзон хабар дода буданд, ки нархи нерӯҳои минералӣ як маротиба боло рафт ва ин вазъ ба афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ сабаб хоҳад шуд.

Коршиносон пештар гуфта буданд, ки то воридоти маҳсулоти муҳим аз монополияи як гурӯҳ ё ширкат берун нашавад ва ба соҳибкорони воқеӣ имтиёз дода нашавад, нархҳо поин нахоҳанд шуд.

Ду сол боз порлумони Тоҷикистон Оҷонси захираҳои моддии давлатиро аз пардохти боҷи гумрукӣ ҳангоми воридоти молу маҳсулот озод мекунад. Соли гузашта низ тақрибан дар ҳамин давра порлумон ин ниҳодро аз айни чунин пардохту адозҳо озод кард, то нархи ғизо ва сӯзишворӣ поин равад, аммо чунин чизе ба вуқуъ напайваст.

XS
SM
MD
LG