Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо таҳдид ва зӯри милиса". Савдогаронро дар Данғара ба "бозори бародари президент" бурдаанд


Бозори "Каёнуш" дар ноҳияи Данғара
Бозори "Каёнуш" дар ноҳияи Данғара

Мақомоти Данғара аз савдогарони қади роҳ ва бозори марказии ноҳия талаб кардаанд, ки минбаъд корашонро дар бозори “Каёнуш” идома диҳанд.

Даҳҳо тоҷири мева ва гӯшт иддао доранд, ки зери фишори мақомот ба бозори “Каёнуш” бурда шуданд. Ин бозор аз маркази ноҳия се километр дур аст. Мақомоти ноҳия мегӯянд, касе ба тоҷирон фишор наоварда, балки ба онҳо макони тиҷорат бо шароитҳои замонавӣ пешниҳод шудааст.

Шикояти тоҷирон

Исломиддин Раҳмон, раиси ноҳияи Данғара
Исломиддин Раҳмон, раиси ноҳияи Данғара

Баъзе аз соҳибкорон ва мансабдорони ноҳияи Данғара бозори “Каёнуш”-ро ба хонаводаи Нуриддин Раҳмон, бародари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, марбут медонанд. Фармони кӯчондани соҳибкорон ба бозори “Каёнуш”-ро Исломиддин Раҳмон, раиси 38-солаи ноҳияи Данғара ва писари Нуриддин Раҳмон содир кардааст.

Панҷ тоҷири гӯшту мева ба Радиои Озодӣ аз набудани харидор ва боло будани нархи иҷора дар бозори нав шикоят карданд. Яке аз гӯштфурӯшон, ки бо далели амниятӣ нахост, аз ӯ ном бибарем, гуфт, дар бозори марказии ноҳия 500 сомонӣ пули иҷора медод, аммо дар бозори “Каёнуш” аз ӯ 1130 сомонӣ, баробар ба 100 доллари амрикоӣ талаб доранд.

“Моро бо таҳдид ва бо зӯри милиса ба ин бозор оварданд. Худи милисаҳо гуфтанд, ки фармони раиси ноҳия аст ва бояд ба ин бозор кӯч бандем. Инҷо ҳоло харидор ҳам надорем,” – шиква кард ӯ.

Нархи гӯшти гов дар Данғара аз 65 сомонии пешина ба 70 сомонӣ расидааст. Сокинони маркази ноҳия мегӯянд, барои ба ин бозор рафтан беш аз 10 сомонӣ сарф мекунанд.

Шарҳи мансабдор

Раҳмон Шамсзода, раиси “Тоҷикматлубот” дар ноҳияи Данғара, рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо фармони раиси ноҳия ва барои танзими ҳаракат дар маркази шаҳрак як қисм аз тоҷирон ба бозори дигар кӯчонда шуданд.

Ноҳияи Данғара
Ноҳияи Данғара

“Ҷойи бозори марказии бисёр танг аст. Ҳоло нуқтаи охири тамоми мусофирбарҳоро бозори “Каёнуш” таъин кардем. Барои сокинон ҳам харид кардан осон мешавад. Бозори нав замонавӣ аст. Дар ягон ҷои Тоҷикистон барои гӯштфурушон ин хел шароит нест, ки ҳоло дар ин бозор аст,” -- гуфт ӯ.

Соҳибкорони хурд дар кӯчаву паскӯчаи Данғара ва онҳое, ки дар канорҳои роҳи асосии Кӯлоб-Душанбе ва Кӯлоб-Бохтар тиҷорат доранд, ҳушдор гирифтаанд, ки бояд аз 24-уми ноябр ба бозори "Каёнуш” бираванд. Як савдогаре, ки дар канори роҳи асосӣ тиҷорати хурд дорад, гуфт, бо кӯчидан ба бозори нав тиҷораташ касод мешавад.

“Инҷо об ва чизҳои хӯрданӣ омода мекунам. Муштариёни ман одамони саросема ҳастанд, ки мошинашро медоранд, як об ё як нон гирифта, зуд ба Душанбе ё Кӯлобу Бохтар мераванд. Ин гуна одамон вақти ба бозор даромадан надоранд. Мо ҳам ҷоямонро аз даст медиҳем ва ҳам муштариёнро,” -- гуфт ӯ.

Танзими савдои кӯчагӣ?

Мақомоти ноҳия мегӯянд, воқеан аз тоҷирон чунин хоҳиш кардаанд ва ин танҳо ба хотири беҳбудии вазъи муштариён ва фурӯшандаҳо ҳаст.

Шералӣ Собирзода, раиси дастгоҳи ноҳияи Данғара, рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор барои танзими тиҷорати кӯчагӣ ва фароҳам кардани шароити бештари савдо гирифта шудааст.

“Шароите, ки дар ин бозор фароҳам шудааст, хеле замонавӣ аст. Бозори "Каёнуш" расман бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аст. Мо мехоҳем, фурӯши маҳсулот нағзтар ба роҳ монда шавад. Бозори марказӣ хурд аст ва барои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ нашудааст. Мо дар асри 21 зиндагӣ дорем,” --гуфт ӯ.

Ноҳияи Данғара дар маконе ҷойгир шудааст, ки мусофирон аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз ҳудуди он гузашта, ба шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар мерасанд.

Мақомоти ноҳияи Данғара мегӯянд, рӯзе аз 4 то 5 ҳазор нафар аз ҳудуди ин ноҳия мегузарад ва муштариёни аслии фурӯшандаҳо онҳо ҳастанд.

"Каёнуш" аз кист?

Тоҷирон бозори "Каёнуш"-ро ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд ва мегӯянд, сабаби фишор ба онҳо барои рафтан ба ин бозор фоидаи бештар хостани соҳибони бозори нав аст.

Дар санадҳои расмӣ молики бозор зикр нашудааст, вале як мақомдори ноҳияи Данғара бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, бозори “Каёнуш”-ро Нуриддин Раҳмон, бародари президенти кишвар ҳангоми зинда буданаш сохта буд. “Ҳоло намедонам, ки бозор расман ба номи кӣ аст, вале аз ҷониби писарони ӯ идора мешавад,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Радиои Озодӣ ба санаде дастрасӣ пайдо кард, ки бар асоси он Исломиддин Раҳмон, бародарзодаи президент ва раиси ноҳияи Данғара, то таъин шудан ба ин мансаб ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар нозироти андоз сабти ном шудааст. Ба мансабдорони давлатӣ машғул шудан ба тиҷорат иҷозат дода нашудааст ва маълум нест, ки ҳоло ҳам ӯ “соҳибкори инфиродӣ” аст ё пас аз таъин шудан ба мансаб онро бекор кардааст. Худи ӯ барои шарҳи мавзуъ дастрас нашуд.

Ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст. Ин ноҳия беш аз 180 ҳазор аҳолӣ дорад. Солҳои охир дар онҷо даҳҳо иншооти маъмурии нав сохтаанд ва мақомот мегӯянд, эҳтимол маркази ноҳия ба маркази маъмурии вилоят табдил ёбад. Дар маркази Данғара ҳоло наздик ба 29 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG