Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Аловатшоевро намеёбанд. Вазорат дигар чиз мегӯяд. ВИДЕО


Амриддин Аловатшоев.
Амриддин Аловатшоев.

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз тақдири Амриддин Аловатшоев нигаронӣ карда мегӯяд, вакили дифоъ дар ягон боздоштгоҳ ӯро пайдо карда наметавонад. Вале мақомот ин изҳороти ҷомеаи шаҳрвандиро рад карда мегӯянд, Амриддин Аловатшоев дар Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.

Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони ВМКБ дар Русия рӯзи 11-уми январи имсол нопадид шуд. Мақомоти тоҷик танҳо рӯзи 2-юми феврал боздошти ӯро дар Душанбе тасдиқ карданд.

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа бегоҳи 17-уми феврал бо нашри як изҳорот гуфт, бо дархости наздиконаш барои ҳимояи Амриддин Аловатшоев вакили дифоъ ҷудо кард. Ба навиштаи Эътилоф, адвокати онҳо барои муайян кардани ҷойи нигоҳдории Аловатшоев ба Боздоштгоҳи муваққатӣ, аз ҷумла, боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии Душанбе муроҷиат кард.

Эътилофи зидди шиканҷа: Аловатшоевро пайдо карда наметавонем. ВКД мегӯяд, дар СИЗО аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

Вале ба гуфтаи манбаъ, дар ҳеч яке аз ин муассисаҳои нигоҳдории гумонбарон, будани Амриддин Аловатшоевро тасдиқ накарданд. "14-уми феврал ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Додситонии кулл, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи дастрасӣ надоштани адвокат ба зерҳимояи худ, ариза пешниҳод шуд",-омадааст дар изҳороти Эътилоф.

Нигаронии Эътилофи зидди шиканҷа аз пайдо нашудани Амриддин Аловатшоев дар ҳолест, ки масъулини Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, Аловатшоев дар СИЗО аст.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ изҳороти Эътилофро рад кард ва гуфт, Аловатшоев дар боздоштгоҳ буда, хешовандонаш бо ӯ дидорбинӣ мекунанд. "Адвокаташон баромад кард ва шиканҷа шуданашро рад кард",-афзуд сухангӯи ВКД.

Аммо масъулини Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа бо сароҳат гуфтаанд, то рӯзи 17-уми феврал вакили дифоъ дар бораи дар куҷо будани Амриддин Аловатшоев, иттиҳом алайҳи ӯ ва мақоме, ки тафтишоти пешакиро анҷом медиҳад, маълумот надорад.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 2-юми феврал гуфт, "Амриддин Аловатшоев ба гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва амалҳои дигари ҷиноятҳои хусусияти муташаккилона дошта ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Номбурда барои содир кардани ин ҷиноятҳо дар ҷустуҷӯ қарор дошт".

Рӯзи 11-уми феврал телевизиони давлатии "Бадахшон" навори суҳбати Амриддин Аловатшоевро нашр кард. Ӯ дар ин навор, ки зоҳиран зери назари мақомот суҳбат мекунад, мегӯяд, зери шиканҷа қарор надорад ва худаш ихтиёрӣ ба ватан баргашт. Ҷонибдоронаш бар инанд, ки назари ӯ зери фишори мақомот сабт шудааст ва ба ҳарфҳояш набояд бовар кард.

Рӯзи 7-уми феврал Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) дар як изҳорот аз он нигаронӣ карданд, ки Амриддин Аловатшоев "зери хатари шиканҷа қарор дорад". Аммо баъзе аз хешовандони Аловатшоев бо пахши наворҳое дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, шиканҷа шудани Аловатшоевро рад карданд. Ҳарчанд бархеҳо ба дурустии ин изҳоротҳо шубҳа доранд.

Ба қавли пайвандонаш, Аловатшоевро 11-уми январи имсол дар Белгород дастгир карда, сипас ба Тоҷикистон овардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал гуфт, ки "ӯ истирдод шуд". Вазири корҳои дохилӣ иддао кард, ки "бо хоҳиши худ баргашт".

Амриддин Аловатшоевро пас аз он боздошт карданд, ки дар тазоҳуроти зодагони ВМКБ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ширкат кард. Зодагони Бадахшон дар робита ба ҳодисаҳои охири моҳи ноябр дар назди сафорат эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG