Мақомоти шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, аз мардум хостаанд, шахсонеро, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, маъюб ё маълул нагӯянд. Тибқи иттилои расмӣ дар Бохтар 500 нафари имконияташ маҳдуд зиндагӣ мекунад ва ба қавли мақомот аксари онҳо шуғл доранду мавриди таваҷҷуҳи онҳоянд.
- Ҳар сол рӯзи 8-уми июл дар Тоҷикистон ба унвони рӯзи маъюбон таҷлил мешавад.
Зуҳрогул Ҳомидова, сокини 26-солаи шаҳри Бохтар, халта медӯзад. Мақомот ба хотири рушди кораш дар маҳфиле бахшида ба рӯзи маъюбон ба ӯ мошини дарздузӣ туҳфа карданд. Зуҳрогул умед дорад, ки бо дӯхтани либосҳо даромади бештар ба даст меорад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Созмонҳои ҷамъиятие, ки ба масоили марбут ба шахсони имконияташон маҳдуд сари кор доранд, гуфтанд, ҳанӯз ин гурӯҳи одамон аз надоштани ҷойи кор азият мекашанд. “Бар иловаи онки нуқси бадан доранд, аз бекорӣ сахттар азият мекашанд”, - гуфт Абдусамад Бобоҷонов, масъули созмони Иттиҳодияи миллӣ.
Ба назар мерасад, бо вуҷуди таклифи маъюб нагуфтани ин қишр, шароит баръакси ин ақидаҳост. Абдусамад Бобоҷонов гуфт, “ҳамаи маъюбҳо кор намекунанд. Гуноҳи маъюбҳо ҳам ҳаст, ки насибу тақдир гуфта, кор намекунанд. Хонашиниро пеша мекунанд.”
Розиямоҳ Бобоева нобиност ва чанд сол боз ба ҳайси омӯзгор кор мекунад. Ӯ чанд кӯдакро, ки таҳсили бесамари хонагӣ доштанд, ба мактаб овардааст.
“Нафароне ҳастанд, ки шахсони имконияташон маҳдудро хуб қабул мекунанд. Нафароне ҳастанд, ки онҳоро хуб намепазиранд. Намехоҳанд онҳо ба ҷомеаи солим ҳамроҳ бошанд”, - гуфт ӯ.
Розиямоҳ Бобоева се сол даводав кардааст, то кӯдакони имконияташон маҳдуд дар мактаб дар қатори дигар ҳамсолонашон таҳсил кунанд. Ин кор, ба гуфти ӯ, барои мутобиқ шудан ба зиндагӣ кумак карда, майлу хоҳиш ба зиндагиро дар дили онҳо бедор месозад.
“Агар майлу хоҳиш бошад, одам кӯҳро чаппа мекунад”, - мегӯяд ӯ.
Дар Тоҷикистон беш аз 31 ҳазор маъюб сабти ном шудаанд ва аксарияти онҳо муҳтоҷ ба ҳисоб мераванд. Чанде пеш яке аз онҳо, ки бо аробаи маъюбӣ ҳаракат мекунад, бо нашри видеое дар Фейсбук нишон дод, ки роҳи дуруст барои ҳаракати онҳо вуҷуд надорад ва аз мақомот хост, барои ҳаракати муносиби аробаҳои маъюбон шароити мусоид фароҳам биёранд.
Тоҷикистон имсол эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳимоя аз ҳуқуқи маюбонро имзо кард ва бо ин дар қалби садҳо нафар шӯълаеро барафрӯхт, ки шояд акнун дар кишвар ба ин қишр таваҷҷӯҳ бештар шавад, ҷойҳо ва роҳҳои махсус бунёд ёбанду кумаки молии давлат ба онҳо афзоиш ёбад.