Чеҳраи Маҳмадулло барои аксарият тавассути нақшҳояш дар барномаи “Шӯхиҳои Аловуддин” ошно аст.
Дар гурӯҳи театрии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳам фаъолият мекунад ва бо ширкат дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба тамошобинон хушҳолӣ мебахшад. Корашро хеле дӯст медорад.
“Ҳамкоронам маро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд. Корамро худам ҳам дӯст медорам” – мегӯяд, ӯ.
Маҳмадулло гирифтори синдроми даун аст, вале ба гуфтаи ҳамкоронаш дар театр аз дигар ҳунармандон ягон зарра фарқ надорад, баръакс пурмасъулият аст. Аловуддин Абдуллоев, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик солҳост бо Маҳмадулло кор мекунад.
“Дар кор онҳо нисбат ба худ серталаб аст. Як соат пеш аз намоишнома Маҳмадулло ҳамеша либосашро пӯшидаву омода ва сари вақт ҳозир мешавад. Тамрин мекунад. Як намуна аст, барои мо. Ҳарчанд дар он саҳна ӯ як сухани оддӣ дошта бошад ҳам хеле ҷиддӣ муносибат мекунад” – мегӯяд ҳунарпешаи тоҷик.
Мисли Маҳмадулло дар театри Бохтар 4 ҳунарманди дигар ҳам бо имкониятҳои маҳдуд фаъолият доранд. Масъулини театр аз кори онҳо розӣ ҳастанд ва мегӯянд, онҳо мисли тамоми дигар инсонҳо комил ҳастанд ва ҳақ доранд, ҳар кореро, ки дӯст медоранд, иҷро кунанд.
Пажӯҳиши "дилсӯзӣ" ба маълулон
Як пажӯҳиши тоза муайян кардааст, ки аксари сокинони Тоҷикистон ба маълулон эҳсоси раҳму шафқат ва дилсӯзӣ доранд. Эҳсосе, ки ба худи афроди маълул чандон хушоянд нест ва мехоҳанд, бо онҳо ҳам мисли як фарди комилу солими ҷомеа бархурд шавад.
Пурсиши тозаи Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ, ки миёни 2000 нафар дар 4 минтақа анҷом шудааст, маълум кард, ки 80 дар сади нисбати маълулон эҳсоси раҳму дилсӯзӣ доранд. 70 дар сади пурсидашудаҳо ҳам бар ин бовар будаанд, ки занону кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд бояд танҳо дар доираи ҳамтақдирони худ бошанд. Ин ҳам ба он маънӣ аст, ки аз ин қишр мардум интизороти зиёд надоранд.
Барои тағйир додани афкору нигоҳи ҷомеа нисбати афроди дорои имкониятҳои маҳдуд, дар Тоҷикистон як маъракаи миллӣ оид ба фарогирии иҷтимоии ин гуруҳ шурӯъ шуд. Як ҳадафи аслии ин маърака ба гуфтаи масъулин таъмини баробарҳуқуқии афроди дорои имкониятҳои маҳдуд аст.
Лучиано Калестинӣ, раҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бисёриҳо фикр мекунанд, ки маълулиятро бояд пинҳон нигоҳ дошт. Дар ин ҷо 25 - 26 ҳазор кӯдакони маъюб сабт шудаанд, ки аз хизматрасониҳои иҷтимоӣ бархурдоранд, аммо агар шумо меъёрҳои байналмилариро ба инобат гирифта, ба Тоҷикистон баҳо диҳед, пас дар ин ҳолат дар Тоҷикистон 100 ҳазор кӯдаки дигари дорои як навъ маълулият ҳаст, ки аз назарҳо пинҳонанд.”
Имтиёзҳое, ки барои қишри муҳтоҷ кам аст
Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомоти расмӣ, 146 ҳазор афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ба сар мебаранд. Фахриддин Юсуфзода, масъули вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз имтиёзҳое ном бурд, ки давлат барои ин қишр пешбинӣ кардааст.
“Имрӯз қонун барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳуқуқ додааст, ки ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шаванд, ҳуқуқ ба таҳсил доранд. Агар кӯдак имконияти ба мактаб рафтанро надошта бошад бояд аз тарафи мактаб ба ӯ таҳсили хонагӣ ташкил шавад. Агар сарвари хона маъюб аст аз пардохти 50 дар сади хизматрасонии коммунали озод аст” - гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Ба ҷойи дилсӯзӣ кӯмак кунед
Оғози маъракаи миллӣ барои тағйир додани афкори ҷомеа нисбат ба маълулон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ, ин гуруҳи одамон аз надоштани ҷойи кор азият мекашанд ва аксарияти онҳо муҳтоҷ ба ҳисоб мераванд.
Нигина Икромова, тарроҳ ва як фаъоли ҷомеа, мегӯяд, агар ба афроди дорои имконияти маҳдуд шароит фароҳам шавад ва имконият пешниҳод шавад, онҳо метавонанд аз уҳдаи корҳои зиёде бароянд.
Вақте дар кӯча мебинанд, вой вой бечора гуфтани мардум хуб нест.
“Мехостам, роҳбарони корхонаҳо шахсони маъюбро бо чашми кам набинанд. Баҳонаҷӯи накунанд ва онҳоро дар тамоми корхонаҳо ба кор қабул кунанд” – мегӯяд, ӯ.
Либосҳои тарроҳ Нигинаро, дар баробари духтарони солим, духтарон бо имкониятҳои маҳдуд ҳам муаррифӣ мекунанд. Нигина мегӯяд, ин духтарон ҳам ҳеҷ фарқе аз дигар ҳамсолони худ надоранд. Нигина ҳам мисли аксар дигар афроди дорои имконоти маҳдуд ҳоло як орзу дорад.
“Мехостам эҳсоси дилсӯзӣ дигар кам шавад. Ин як дарде аст, ки маълулонро каме дилшикаста мекунад. Вақте дар кӯча мебинанд, вой вой бечора гуфтани мардум хуб нест” - гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Ҳукумати Тоҷикистон 4 моҳи пеш эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳимоя аз ҳуқуқи маъюбонро имзо кард ва бо ин дар қалби садҳо нафар шӯълаеро барафрӯхт, ки шояд акнун дар кишвар ба ин қишр таваҷҷӯҳ бештар шавад ва кумаки ночизи молии давлат ба онҳо афзоиш ёбад.