Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мошин дорӣ, хонаат шиферпӯш аст?" Дар Тоҷикистон камбизоатонро чигуна рӯйхат мекунанд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Давлатхоҷа Холов чанд рӯз аст, ки барои гирифтани кӯмак ба дари идораи ҷамоат меравад. Давлатхоҷа камбизоат аст ва мехоҳад аз 500 сомоние, ки Бонки ҷаҳонӣ барои афроде мисли ӯ ҷудо кардааст, бенасиб намонад. То ҳол кӯшишҳояш натиҷа надодааст, чун барояш гуфтанд, ҳуҷҷатҳояш дар баррасӣ аст ва номаш ҳоло ба рӯйхати шахсони камбизоат шомил нашудааст.

Давлатхоҷа Холов, сокини 45-солаи ноҳияи Рашт мебошад. Дар оила чаҳор нафар ҳастанд ва Давлатхоҷа ягона ноновари хона аст. Ба гуфтаи худаш, ба маъюбӣ нигоҳ накарда, дар замини наздиҳавлигӣ деҳқонӣ мекунад то рӯзиашро пайдо кунад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, то моҳи декабри соли гузашта номаш дар рӯйхати шахсони камбизоат буд. Охири соли гузашта ӯро ба идораи ҷамоат даъват карда, талаб карданд, ки санадҳояшро барои дубора номнавис шудан дар рӯйхати шахсони камбизоат пешниҳод кунад. Давлатхоҷа мегӯяд, ҳуҷҷатҳои худ ва аҳли оилаашро ба идораи ҷамоат пешниҳод кард, аммо то ҳол посухе нагирифааст.

"Вақте ҳуҷҷатҳоро қабул кардан пурсиданд, ки дар хона мошин дорам ё не, боми хонаам шиферпӯш аст ё тунукапӯш, хонаҳоям чихел сохта шудаанд, чанд гову гӯсфанд дорам? Ҷавоб додам, ки аз бойигарии дунё 3 буз ва 1 гов дорам тамом. Коргарони ҷамоат омада, санҷиданд, аммо то ҳол ягон хабар нест,"-гуфт Давлатхоҷа Холов.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, то вақте, ки номаш дар рӯйхати камбизоатҳо буд, нисфи пули барқашро давлат медод ва илова бар ин ҳар семоҳа 100 сомонӣ мегирифт.

Ин шабу рӯзҳо назди идораи баъзе ҷамоатҳо серодам аст. Давлатхоҷа Холов ва монанди ӯ шахсоне, ки худро камбизоат мегӯянд талош доранд аз 500 сомонии Бонки ҷаҳонӣ ба онҳо ҳам дода шавад.

Дар давраи пандемия созмонҳои байналмилалӣ ба камбизоатон кӯмак карданд
Дар давраи пандемия созмонҳои байналмилалӣ ба камбизоатон кӯмак карданд

Бонки Ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби як тарҳи кумаки иҷтимоии фаврӣ, ба 50 ҳазор оилаи камбизоати тоҷик ёрии якдафъаина мерасонад. Маблағи кумак барои ҳар хонавода 500 сомониро ташкил медиҳад.

Ин кумак хонаводаҳоеро, ки камбизоат ҳастанд ва кӯдакони зери сесола доранд, дар бар мегирад. Дар қадами аввал ин кумак 17 ҳазор хонавода дар 40 ноҳияи кишварро дар бар хоҳад гирифт. Ин тарҳ дар маҷмӯъ 50 ҳазор хонаводаро дар саросари кишвар фаро мегирад.

Кумаки якдафъаинаи Бонки Ҷаҳонӣ аз сӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамоҳангӣ бо бахшҳои ин вазорат дар вилоятҳо ва ноҳияҳо ба хонаводаҳои камбизоат дода мешавад. Ин кумакҳо асосан ба шахсоне дода мешавад, ки дар рӯйхати шахсони камбизоати ҷамоатҳо номашон сабт шудааст. Ҳарчанд на ҳама шахсони камбизоат ба гуфтаи худашон метавонанд дар ин рӯйхат сабти ном шаванд.

Илҳом, як сокини шаҳри Кӯлоб аз ҷумла нафаронест, ки ба гуфтаи худаш то ҳол номашро дар рӯйхати камбизоатон сабт накардаанд. Мо бо Илҳом дар мардикорбозори шаҳри Душанбе вохӯрдем. Ӯ барои таъмини оилаи ҳашт нафарааш маҷбур шудааст ба Душанбе ба кор ояд. Моҳона ҳудуди ҳазор сомонӣ ё 100 доллар ба даст меорад, ки ба гуфтаи худаш кофӣ нест.

"Ҳар боре, ки аз Душанбе равем аввал ба мағоза рафта дафтари қарзро хабар мегирем. Пули кор кардаро дар қарз дода, баъди чанд рӯз боз Душанбе мебиёем. Дар ҳамин аҳвол раиси маҳалларо мегӯям, ки номамро дар рӯйхати камбизоатҳо навис, баҳона мекунад. Мегӯяд, ки ҳозир кӯмак шавад баъд омада номатро менависем,"-норозигӣ мекунад ин сокини Кӯлоб.

Чанд ҳамсуҳбати мо ба мисли Илҳом бештар раисони маҳалларо гунаҳкор мекунанд, ки номашонро дар рӯйхат наменависанд. Ҳарчанд раисони маҳаллаҳо мегӯянд, вазифаи онҳо ҷамъиятӣ аст ва ҳама кор дар ихтиёри онҳо нест.

Толибҷон Юсупов, раиси маҳаллаи Мирширкори поён дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, вазифаи онҳо танҳо номнавис ва ба ҷамоат пешниҳод кардани номи шахсони камбизоат аст. Ба гуфтаи Юсупов, баъзан ба онҳо дастур мешавад, ки рӯйхати шахсони камбизоат аз 30-40 оила зиёд нашавад. Ҳарчанд ба гуфтаи ин раиси маҳалла онҳо намехоҳанд номи касеро хат зананд.

"Шароити баъзеашон дар ҳақиқат вазнин, фарзандони маъюб доранд. Аммо баъзеи дигараш номаш дар рӯйхати камбизоатҳо, вале ду мошин ва 10 га замин доранд. Ман бо онҳо ҷанҷол мекунам, ки ин кӯмак ба шумо даркор не, шароитатон муҳайё аст, ба хотири шуо баъзе оилаҳои камбизоатро намешавад сабт кардан,"-гуфт Толибҷон Юсупов.

Дар ин миён бархе сокинон гуфтанд, онҳо бо баҳонаҳои ночиз аз рӯйхати шахсони камбизоат берун карданд. Наздикони Абдуғаффор Аскаров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар назди бинои ҳукумати ноҳия сирко нӯшида, худкушӣ кард ҳам аз беасос хат задани номашон аз рӯйхати ашхоси нодор шикоят доранд.

Мавлуда Ҷӯраева, ҳамсари ин мард мегӯяд, ба онҳо ҳамагӣ як сол кӯмакпулӣ доданд. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, масъулини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба онҳо гуфтаанд, ки дар хона "антеннаи моҳворагӣ" ва "тафдон" (духовка) доранд ва ба ин хотир дигар онҳоро камбизоат ҳисоб намекунанд.

Тоҷикистон дар шинохти камбизоатон усули эътирофкардаи Бонки Ҷаҳониро намепазирад. Бонки Ҷаҳонӣ шахсеро, ки дар як рӯз камтар аз 16,7 сомонӣ (1,9 доллар) барои худ харҷ мекунад "сахт фақир" мешуморад. Аммо Тоҷикистон ин меъёрро намепазирад ва камбизоатонро бинобар вазъи хонаву дар ва ҳайати оилаву мизони даромад шиносоӣ мекунад.

Бо сабти ном шудан дар рӯйхати шахсони камбизоат ҳарчанд сокинон кӯмаки зиёде аз давлат намегиранд, аммо ҳамин ёрии кам дар мисоли пардохти пули барқро ҳам сокинон муҳим медонанд.

Бинобар омори расмӣ дар Тоҷикистон ҳоло андаке беш аз 27 дарсади аҳолӣ камбизиоат аст. Вале бо шуруи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистон ва Русия эҳтимол меравад ин адад ба маротиб бештар шуда бошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG