Пас аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки боиси марги ду сокини Тоҷикистон ва захмӣ шудани беш аз 20 нафар аз ҳар ду ҷониб шуд, ҷонибҳо пушти мизи гуфтугӯ нишастанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Суғд мегӯяд, мулоқот дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи марзии Исфара идома дорад. Тоҷикистонро дар ин мулоқот Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонӣ ва Қирғизистонро Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлати амнияти миллӣ раҳбарӣ мекунанд.
Дар ин мулоқот, ки пушти дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорон ҷараён дорад, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хостори ҳалли сулҳомези низоъ шудааст. Раҳбари Раёсати марзбонии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки кишвараш хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар марз аст. Дар мулоқот раисони вилояти Суғду Бодканд ва дигар мақомот расмӣ ҳузур доранд.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик дар даргирии шоми гузашта миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар сарҳади ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканди Қирғизистон, ду нафар аз ҷониби Тоҷикистон ҷон бохтанд. Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шумораи захмиёнро 10 нафар гуфт, ки 6 нафари онҳо низомӣ ва 4 нафарашон мардуми оддӣ мебошанд. Манобеъ дар Исфара қаблан шумораи захмиёнро 17 нафар гуфта буданд.
Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи 28-уми январ бо нашри изҳороте гуфт, ки Обидҷон Тӯйчиев, сокини ҷамоати Хоҷаи Аълои Исфара бар асари таркиши тири миномёти марзбонони қирғизӣ дар манзилаш ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи манбаъ, Абдулатиф Шарифови 62-сола, ронандаи "Ёрии таъҷилӣ"-и Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти ғайринизомиён деҳаи Хоҷаи Аъло, аз зарбаи гулӯла ҷон бохтааст. Ба гуфтаи сокинони деҳа дар инҷо 10 хона осеб дидаанд. Дар видеоҳое, ки аз деҳаи Сурхи ноҳия ба дасти Радиои Озодӣ расид, чанд хонаи осебдида ба чашм мехӯранд. Ба гуфтаи сокинон дар инҷо 3 хона осеб дидааст.
Вазорати тандурустии Қирғизистон субҳи 28-уми январ иттилоъ дод, ки 11 нафар бо захмҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд. Вазорат вазъи онҳоро "миёна" тавсиф кардааст. Қабл аз ин хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз маҳал гузориш дода буд, ки бар асари ин даргирӣ 7 нафар захмӣ шудаанд ва ҳамаи онҳо низомӣ мебошанд. Ба иттилои манбаъ, ин захмиён дар бахшҳои ҷарроҳӣ ва шикастабандӣ бистарӣ шудаанд.
Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Мақомоти ду кишвар нимашаби гузашта дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун мебаранд, шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро мекушоянд ва дар марз посбонии муштарак ташкил мекунанд.
Сабаби чунин муноқишаҳо марзи таъйину аломатгузориношудаи байни ду кишвар аст. Баҳори соли гузашта дар як низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километрро мушаххас ва нишонагузорӣ кардаанд.