Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон хостори бозгардонидани 40 чархбол аз Тоҷикистон ва Узбекистон шудаанд


Яке аз фурудгоҳҳои Афғонистон
Яке аз фурудгоҳҳои Афғонистон

Расонаҳои Афғонистон ба нақл аз мақомоти ҳукумати Толибон мегӯянд, ки пас аз сарнагунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ 40 чархбол аз ин кишвар ба Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол дода шудааст. Масъулони ҳукумати Толибон гуфтаанд, дар бораи баргардондани чархболҳо бо Душанбе ва Тошканд гуфтугӯҳое анҷом шудааст, аммо Тоҷикистону Узбекистон ҳозир нашудаанд, ин чархболҳоро ба Афғонистон бидиҳанд.

Шабакаи телевизионии "Тулуъ" рӯзи 4-уми январ ба нақл аз Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон, гуфт, "беш аз чиҳил чархболи Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, бахусус ба Тоҷикистон ва Узбекистон аз сӯи мансубини идораи пешини Кобул (Толибон ҳукумати Карзай ва Ғаниро ҳамин хел ном мебаранд - РО) интиқол дода шуда ва барои бозгардонидани чархболҳо гуфтугӯҳо оғоз шудааст."

Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи Вазорати дифои ҳукумати Толибон, ба ин шабакаи телевизионӣ гуфтааст, "борҳо аз ҳукуматҳои ин ду кишвар (Тоҷикистон ва Узбекистон) дархост шуд, то чархболҳоро ба ҳукумати кунунии Афғонистон баргардонанд. Албатта, онҳо ҳам мулоҳизаҳои худро доштанд ва то ҳол таслим накардаанд".

Аммо ин масъулини ҳукумати Толибон нагуфтанд, ки онҳо кай чунин пешниҳодеро ба ҷониби Тоҷикистону Узбекистон ироа кардаанд ва мулоҳизаҳои Душанбе ва Тошканд дар ин робита чӣ будааст. Мақомоти Душанбе ва Тошканд то ҳол ба ин гуфтаҳои мақомоти ҳукумати Толибон вокуниш нишон надодаанд.

Аммо чанд руз пеш хабаргузории "Рейтерз" гузориш дод, ки Тоҷикистон ва Узбекистон ният доранд, баъзе аз ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомиеро, ки дар ҷараёни суқути Кобул ба ин кишварҳо интиқол дода шудаанд, ба Афғонистон пас надиҳанд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, ин ду кишвар аз Амрико тақозо кардаанд, ки шуморе аз чархболҳоро дар назди худ нигаҳ доранд. Манбаъҳои амрикоӣ ба хабаргузорӣ гуфтаанд, Амрико дархостҳои ин кишварҳоро баррасӣ дорад. Ҷониби Амрико то кунун ба таври расмӣ дар ин робита ибрози назар накардааст.

Аксари ин чархболҳо аз тарафи Амрико ба нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дода шуда буд. Гуфта мешавад, Ашраф Ғанӣ, президенти фирорӣ, бо воситаи се чархбол ба Узбекистон рафта буд. Аммо чигунагии интиқол шудани чархболҳои боқимонда ба ин кишварҳо, ба таври дақиқ маълум нест.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон робитаҳои дипломатӣ надорад ва Узбекистон ҳам бо вуҷуди муносибатҳои нек бо ин гурӯҳ, ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Ҳанӯз маълум нест, ки онҳо аз кадом маҷро пешниҳод кардаанд, ки Тоҷикистон ин чархболҳоро ба Афғонистон бозгардонад.

Пас аз сарнагунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли 2021, даҳҳо халабони Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд ва се моҳ дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд. Дар ин муддат борҳо шикваи онҳо шунида шуд, ки ин ҷо дармондаанду сарнавишташон номаълум аст ва ҳамчунин наздиконашон дар Афғонистон таҳти фишори Толибонанд.

Ин дар ҳолест, ки "Толибон" пештар гуфта буданд, ки дар сурати бозгашт ба онҳо хатаре таҳдид нахоҳад кард, аммо халабонҳо ба ваъдаи онҳо бовар накарданд ва дигар Афғонистонро ҷойи амн надонистанд.

143 халабон ё пилотҳои афғонистониро шаби 10-уми ноябри соли 2021 аз Душанбе ба шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд. Қарор буд, ки онҳоро баъдан ба Амрико интиқол диҳанд.

XS
SM
MD
LG