Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз интиқоли "мошинҳои низомии амрикоӣ" аз Афғонистон ба Эрон


Рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шуд, ки танкҳо ва мошинҳои низомии давлатии Афғонистонро дар Теҳрон нишон медод. Ҳамчунин аксҳое низ аз як истгоҳи пулис дар роҳи Самнон-Гармсор дар "Твиттер" нашр шуд, ки нишон медод шумораи зиёде аз мошинҳои зиреҳии амрикоӣ бо борбарҳои артиши Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Эрон интиқол дода мешаванд.

Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, сарпарасти пешини вазорати дифои Афғонистон бо нашри яке аз ин аксҳо дар "Твиттер"-и худ аз Эрон ҳамчун "ҳамсояи бад" ёд кард ва навишт, "рӯзҳои бади Афғонистон абадӣ (доимӣ) нест".

"Humvees"-и амрикоӣ мошини низомие аст, ки аз қобилияти ҳаракати зуд бархӯрдор мебошад ва дар оғоз барои артиши Амрико тавлид шуда буд ва акнун артиши бархе дигар аз кишварҳо низ онро харидорӣ кардаанд.

Аз "Humvees" барои ҳаракат дар ҳар гуна роҳҳо ва дар ҳар гуна шароити иқлимӣ истифода мешавад ва аз ҷумлаи мошинҳои низомие аст, ки тайи бист соли ҳузури артиши ИМА дар Афғонистон шумораи зиёде аз онҳо мавриди истифодаи нерӯҳои амрикоӣ қарор гирифт.

Ҷузъиёти дигари интиқоли таҷҳизоти дигар ба Эрон ошкор нашудааст ва маълум нест, ки онҳоро ба куҷо мебаранд. Мақомоти Эрон ҳам то кунун дар ин робита ибрози назар накардаанд. То кунун маълум нест, ки мошинҳои зиреҳие, ки дар дохили Эрон дида шуданд, аз чӣ роҳ ва чигуна ба Эрон бурда шуданд.

Бо ин ҳол, ҳафтаи пеш сухангӯи Созмони ҳавопаймоии Эрон расман эълон кард, ки чанд ҳавопаймои ширкати "Ком Эйр"-и Афғонистон ба Эрон бурда шуданд. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, дар пайи афзоиши даргирӣ ва таниш дар фурудгоҳи Кобул пас аз вуруди Толибон ба ин шаҳр, молики ширкати "Ком Эйр" хостори интиқоли ин ҳавопаймоҳо ба Эрон шуд. Бо ин ҳол, ин ҳавопаймоҳо чанд руз баъд Эронро тарк карданд.

Омори дақиқе аз таҷҳизоти низомии боқимонда аз артиши Амрико дар Афғонистон нашр шудааст, аммо қимати умумии таҷҳизоти артиши Афғонистон, ки ИМА масъулияти онро бар ӯҳда дошт, 85 миллиард доллар эълон шудааст.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки аз 225 ҳавопаймо ва чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳудуди 40 ҳавопаймо ва чархбол дар пойгоҳҳои ҳавоии Мазори Шариф, Кандаҳор, Ҳирот ва Шинданд ба дасти Толибон афтоданд.

Дар як гузориш ҳамчунин гуфта мешуд, ки дар маҷмуъ 62 ҳавопаймои ҷангӣ ва чархболҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар ду рузи қабл аз ворид шудани Толибон ба Кобул, аз ду пойгоҳи ҳавоӣ дар Мазори Шариф ва Кобул ба Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол дода шуданд ва ба ҳамроҳи онҳо 685 афсари низомии ин кишвар низ ба ин ду кишвари Осиёи Миён паноҳандагӣ хостанд.

Аксари таҷҳизоти низомие, ки ба дасти Толибон афтод, ниёз ба таъмир дорад ва бе ҳузури мутахассисон имкони истифодаи аз онҳо барои Толибон вуҷуд надорад.

Рӯзи гузашта низ Ситоди фармондеҳии марказии артиши Амрико эълон кард, ки пеш аз хуруҷи комил аз Афғонистон таҷҳизотеро, ки натавонистанд бо худ аз ин кишвар берун баранд, вайрон карданд. Бар асоси ин гузориш, ин таҷҳизот шомили 72 чархболу ҳавопаймо ва даҳҳо зиреҳпуш будааст.

XS
SM
MD
LG