Яке аз ҳамроҳони Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Афғонистон, ҷузъиёти фирори ӯ, пайвандон ва баъзе аз муҳофизону аъзои ҳукуматашро аз Кобул ошкор карда, аз Тоҷикистон низ ном бурдааст.
Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми августи имсол аз Афғонистон фирор кард ва барои ин ҳадафи танқидҳои густарда қарор гирифт. Дар оғоз гуфта мешуд, ҳавопаймои ҳомили ӯ дар Душанбе исти кӯтоҳ карда, сипас, ба як кишвари арабӣ рафтааст, аммо дертар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабарро рад намуд.
Ому, Тоҷикистон, Узбекистон
Яке аз ҳамроҳони Ашраф Ғанӣ дар суҳбат бо рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и Кобул гуфтааст, 15-уми август 53 нафар, аз ҷумла Ашраф Ғанӣ ва ҳамсараш Руло Ғанӣ, дар чаҳор чархбол нишаста буданд ва азбаски ҷониби Тоҷикистон ба дархости онҳо барои поин омадан дар хоки кишвар посух надод, ночор дар фурудгоҳи Тирмизи Узбекистон нишастанд.
"Чархболҳо дар имтидоди масири дарёи Ому дар ҳоли парвоз буданд. Бо вуҷуди чандин тамоси дигар, иртибот бо тарафи Тоҷикистон барқарор нашуд. Дар ҳамин лаҳзаҳо тасмим гирифта шуд, ки ба самти майдони ҳавоии Тирмиз дар Узбекистон биравем", -- нақл кардааст ӯ.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми август бо нашри изҳорот гуфта буд, ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ вориди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон нашуда ва дар ин робита аз ҷониби Афғонистон ҳеч гуна дархост дарёфт накардаанд.
Ба қавли мансабдори пешини Афғонистон, тарафи Узбекистон ҳам ба дархости онҳо посух надодааст, ҳарчанд гуфтаанд, "чархболҳо ҳомили шахси аввали Афғонистон аст ва ниёз ба нишасти изтирорӣ дорад". "Халабони чархболи ҳомили Ашраф Ғанӣ бе тавваҷуҳ ба барқарор нашудани робита бо мақомҳои узбек бо чархболҳои дигар тамос гирифт ва гуфт, ҳарчӣ иттифоқ меуфтад, дар Тирмиз фуруд оянд, чаро ки сӯхти чархболҳо тамом шудааст", -- афзудааст ӯ.
Ба гуфтаи яке аз ҳамроҳони Ашраф Ғанӣ, марзбонони Узбекистон бо бархӯрди "тавҳиномез" муҳофизону ҳамроҳони Ғаниро бозрасӣ ва халъи силоҳ карда, онҳоро 31 соат дар якҷо нигаҳ доштаанд. Ҷониби Узбекистон ҳарчанд фуруд омадани чанд ҳавопаймои низомии Афғонистонро дар он шабу рӯз дар ҳудуди Тирмиз эътироф кардааст, дар бораи нишастани чархболҳои Ашраф Ғанӣ ва ҳамроҳонаш дар онҷо чизе нагуфтааст.
Нақли як нафар
Нақли яке аз ҳамроҳони Ашраф Ғанӣ рӯзи 2-юми октябр дар рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и Кобул нашр шуд.
Бо ӯ Санҷар Суҳайл, соҳибимтиёзи рӯзнома, суҳбат кардааст, аммо мегӯяд, "табиӣ аст, чашми як фард аз ҳамаи иттифоқоте, ки дар он рӯз рух дод, наметавонад тасвири равшан ва куллиро аз ҳамаи авомилу далоили фирори Ашраф Ғанӣ тарсим кунад (нишон диҳад). Мумкин аст, баъзе аз иттилооте, ки дар ин ёддошт меояд, ниёз ба баррасӣ, бозхонӣ ё таъйиди чанд ҳамроҳи дигари Ашраф Ғанӣ дошта бошад."
Мусоҳиби рӯзномаи "Ҳашти субҳ", ки ба далели амниятӣ аз ӯ ном набурдаанд, мегӯяд, онҳо соати ёздаҳи шаби 16-уми август, пас аз як рӯзи ишғоли Кобул аз тарафи "Толибон", бо ҳавопаймои хурде, ки "ҳеч гуна нишони тиҷорӣ ва давлатӣ надошт", аз фурудгоҳи Тирмиз ба шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рафтанд.
Дар Абузабӣ чӣ гузашт?
Рӯзнома дарёфтааст, ки парвози шумораи "FJK 1255" бар асоси гузориши "Флайт Радар" рӯзи 16-уми август аз фурудгоҳи Тирмиз ба самти Абузабӣ рафтааст. Ба навиштаи рӯзнома, ин ҳавопаймои мутааллиқ ба ширкати "FlyJet" аз Қазоқистон аст. "Ҳашти субҳ" мегӯяд, "пардохтан ба ҷузъиёт ва чигунагии ба кироя гирифтани ҳавопаймо як баҳси ҷудогона аст, ки ниёз ба таҳқиқоти бештар дорад."
Мусоҳиби нашрия гуфтааст, онҳо пас аз севуним соат ба Абузабӣ расиданд ва "чанд марди араб дохили ҳавопаймо шуда, пас аз аҳволпурсӣ бо Ашраф Ғанӣ ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб (мушовири амнияти миллӣ) онҳоро ба шумули Фазл Маҳмуд Фазлӣ, Руло Ғанӣ ва шуморе аз дастёрони наздикашон бо худ бурданд. Бархӯрди арабҳо бар хилофи узбекҳо хеле муҳтарамона буд. Онҳо Ашраф Ғанӣ ва ҳамроҳонашро бо мошинҳои люксу вижа аз дохили фурудгоҳ берун бурданд. Ману ҳудуди чиҳил тани дигар савори мошинҳо шудем, ки мунтазири мо буданд ва ба самти меҳмонхона рафтем."
Вай афзудааст, пас аз он дигар Ашраф Ғанӣ ва ҳамроҳонашро надид.
Фирори Ашраф Ғанӣ ва бехабарии атрофиёну муттаҳидон
Ашраф Ғании 72-сола, раисҷумҳури барканоршудаи Афғонистон, пас аз се рӯзи фирораш эълон кард, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аст, аммо нагуфт, ки дар чӣ вазъ ва бо киҳо аз кишвар берун шуд. Вазорати корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфта буд, Ашраф Ғанӣ ҳамроҳ бо хонаводааш "ба далоили башардӯстона" дар он кишвар ҳастанд.
Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико дар сулҳи Афғонистон, моҳи сентябр дар суҳбат бо нашрияи Financial Times гуфт, "тасмими Ашраф Ғанӣ барои фирор аз кишвар тавофуқи лаҳзаи охирро бо "Толибон", ки барои дур нигаҳ доштани Кобул аз дасти "исломгароён" ва музокира барои интиқоли сиёсӣ тарроҳӣ шуда буд, аз байн бурд." Ӯ ба Financial Times гуфтааст, "аслан" намедонист, ки Ғанӣ қасди фирор дорад.
Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар мусоҳиба бо телевизиони "Тулӯъ" гуфт, Ашраф Ғанӣ як шаб пеш аз тарки Афғонистон бо ӯ телефонӣ суҳбат карда, гуфта буд, "то марг аз Афғонистон хориҷ намешавад". Блинкен гуфт, ӯ ҳам намедонист, ки Ашраф Ғанӣ кишварро тарк мекунад.
"Вашингтон Пост" ҳанӯз моҳи август гузориш дода буд, ки Ашраф Ғанӣ бидуни он ки муовинону муттаҳидонашро хабардор кунад, аз Кобул фирор кард.
Раиси ҷумҳури барканоршудаи Афғонистон гуфтааст, бо тавсияи тими амниятии Арг кишварашро тарк кард, зеро намехост, "монанди солҳои 90 ҷангҳои кӯча ба кӯча оғоз шавад".