Боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд (Чаноқ), ягона масири байни шимол ва ҷануби Тоҷикистонро баст ва боиси банд мондани даҳҳо мошини хурду калон шуд. Намояндагони ширкати Innovative Road Solutions (IRS), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул, мегӯянд, кӯшиш доранд, ки ҳарчи зуд тармаҳоро бартараф карда, ба мошинҳо роҳ кушоянд. Пештар баъзе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз он норозӣ буданд, ки баста шудани роҳ онҳоро дар шароити бад гузоштааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои мушоҳидаи вазъ рӯзи 3-юми январ ба роҳи Душанбе-Чаноқ рафтанд. Аз километри 52-юм (аз тарафи Душанбе) то даромадгоҳи нақби "Истиқлол" барф меборид. Баландии барф дар канораҳои роҳ то як метр мерасид. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, гуфт, тарфаромоӣ баъд аз соати 15-и рӯзи 3-юми январ оғоз шуд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, тармафароӣ аз километри 62 то 73 рӯй дод ва даҳҳо мошин дар ҳамин қисмати роҳ банд мондаанд. Аз инҳо 20 мошини сабукрав буда, боқӣ нақлиёти боркашон мебошад.
Масъулони ширкати IRS дар давоми як рӯзи охир, пеш аз фаромадани тарма, танҳо ба мошинҳои сабукрав иҷозаи гузаштан медоданд. Мошинҳои боркаш аз ҷумла "фура"-ҳо иҷозаи ҳаракат надоштанд. Ронандагони ин навъи нақлиёт норозӣ буданд, аммо масъулони ширкат гуфтанд, барои пешгирӣ аз банд мондани мошинҳо дар роҳ муваққатан ҳаракати нақлиёти боркашро манъ кардаанд.
Комил Пирназаров, ронандаи яке аз нақлиёти боркаш, як рӯз боз мунтазири кушода шудани роҳ аст. Пирназаров мегӯяд, шикояти асосиашон ин аст, ки онҳоро "дар ҷойи нодуруст" бозмедоранд. "Дар инҷо ягон шароит нест, на ошхона ҳаст, на чизи дигар. Агар пеш аз тарозуҳо мегуфтанд, ки роҳ маҳкам аст, мо дар назди ягон ошхона ё ҷойи хубтар меистодем. Дар даруни мошин хоб мекунем, барои хӯрок хӯрдан маҷбур ба ягон ҷо рафта, боз баргардем," - афзуд ин ронанда рӯзи 3-юми январ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Масъулони ширкат ба ин танқидҳо посух надодаанд. Пештар, ширкат дар посух ба айни чунин шикоятҳо гуфта буд, ки ба ронандагони дармонда дар роҳ ёрӣ расондааст.
Рӯзи 3-юми январ нақлиёти ширкати IRS роҳро аз барф тоза мекарданд, аммо мушоҳида шуд, ки мошинҳо дар минтақаи Майхураи ноҳияи Варзоб бо мушкил аз роҳ мегузаштанд. Баъзе аз ронандагон барои убури роҳ маҷбур шудаанд, ба чархҳои мошинаашон занҷир банданд.
"Бо чаҳор занҷир баста фаромадем, як ҳоли зор дорем. Дастони маро бинед, сип-сиёҳ шудааст. Роҳро тоза кардан кофӣ нест, боз намак зананд," – мегӯяд Исмоил Ҳасанов, сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.
Масъулони ширкати IRS чунин танқидҳоро пештар рад кардаанд. Далели ширкат дар минтақаи душворгузари куҳӣ ҷойгир шудани роҳи Душанбе-Чаноқ мебошад. Масъулонаш дар гузашта гуфтаанд, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ дар фасли зимистон бисёр мушкил аст, аммо талош доранд, равуои нақлиёт ҳамеша имконпазир бошад.
Роҳи ягона аз пойтахт ба шимоли кишвар аз соли 2009 дар ихтиёри филиали ширкати офшории IRS - Инновейтив Роуд Солюшнз аст. Ин ширкат дар роҳ 6 плазаи толлингӣ – марказҳои пардохти пул – насб карда, аз соҳибони мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмат мегирад.
Ин ширкат аз 1-уми январи имсол нархи гузаштан аз роҳро боз ҳам боло бурд. Феълан нархи убури як нақлиёти сабукрав аз Душанбе то минтақаи Чаноқ дар сурати пардохти нақдӣ 89 сомонӣ ва ғайринақдӣ 74 сомонӣ аст. Нақлиёти боркаш дар ин роҳ то 693 сомонӣ месупоранд.
Дар гузашта борҳо мухолифон ва сокинон аз кори ширкати IRS, ки иддае онро ба афроди наздик ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон марбут медонанд, танқид карда буданд. Онҳо бар ин назаранд, як ширкате, ки соҳибаш барои аҳолии Тоҷикистон маълум нест, аз ҳама имтиёзҳо бархурдор аст ва пули мардумро муфт ба ҷайб мезанад. Дар ҳоле ки роҳи Душанбе-Чаноқ бо қарзи Чин сохта шуда, бояд бо баҳрааш баргардонда шавад.
Масъулони ширкат ҳамвора мегӯянд, роҳро дар чор фасли сол таъмиру бозсозӣ мекунанд ва маҳз кори онҳост, ки дар зимистон равуо ба шимоли кишвар осон шудааст.