Дар пайи фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ 25 мошин дармондааст.
Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ягона роҳи байни пойтахт ва шимоли кишвар, ба Радиои Озодӣ гуфт, тарфаромоӣ баъд аз соати 15-и рӯзи 3-юми январ оғоз шуд.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, тармафароӣ аз километри 62 то 73 рӯй дод ва 25 мошин ҳам дар ҳамин қисмати роҳ банд мондаанд. Аз инҳо 20 мошини сабукрав буда, боқӣ нақлиёти боркашон мебошад.
Сухангӯи ширкати IRS афзуд, талош доранд, тармаҳоро бартараф карда, ҳамаи мошинҳоро ба тарафи Душанбе гузаронанд.
Инчунин, ба гуфтаи мусоҳиби мо, тарма ду мошини сабукравро пӯшондааст. Дар тармафароии имрӯз, ба гуфтаи масъулини ширкат, "то ин дам талафоти ҷонӣ нест".
Феълан роҳи Душанбе-Чаноқ пурра бастааст. Масъулини ширкати пулчинаки IRS мегӯянд, барфрезӣ дар қисмати ноҳияи Варзоб хеле сахт аст. Боридани барф ду рӯз аст ки давом дорад. Маълум нест, ки роҳи асосӣ ба шимоли кишвар кай боз мешавад.