Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо панҷ миллион доллар ёрии Покистон дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки зери назорати ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз” (IRS) аст, ҳудуди 400 метр долони муҳофизат аз тармаву резиши санг сохт. Ҳанӯз соли 2019, вақте сохтмони долонҳо дар порлумон баҳс мешуд, баъзе аз вакилон эътироз карда буданд, ки чаро ширкати IRS масъули ҷамъоварии пул дар ин роҳ аст, аммо барои сохтмони долонҳо аз кумаки Покистон истифода мешавад?
Долонҳои зидди тармаву сангрезӣ дар километри 70-уми роҳи Душанбе-Чаноқ, дар наздикии даромадгоҳи нақби “Истиқлол”, бунёд шудаанд. Масъулони ширкат мегӯянд, дар зимистонҳои гузашта ҳамарӯза дар ин маҳал то 25 тармаи хурду бузург мефаромад ва барои тоза кардани он маҷбур буданд, муддате ҳаракати нақлиётро манъ кунанд.
Муҳаммаднасим Шарифов, як масъули пойгоҳи фаннии ширкати IRS дар Варзоб, охири моҳи августи имсол гуфт, дар баъзе аз мавридҳо масоҳати тармаҳои болои роҳ то 300 метр ва баландияш то 50 метр буданд. “Тозакунии пайдарҳами роҳ аз тарма сабаби вайрон шудани роҳ мегардид”, -- афзуд ӯ.
Ронандаҳо дар масири Душанбе-Чаноқ мегӯянд, вазъи нигоҳубини роҳ дар муқоиса бо солҳои гузашта беҳтар шудааст. Ба қавли Ҳаётҷон Лутфуллоев, "пештар дар фасли зимистон мошинҳои хурд умуман гашта наметавонистанд. Имсол ҳолати роҳ хеле беҳтар шудааст”.
Аммо баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, бо дарназардошти даромадҳои ширкати IRS масъулон метавонанд, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва мусофиронро дар ин роҳи кӯҳистонӣ ба маротиб беҳтар кунанд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, ба ин бовар аст, ки миқдори долонҳои муҳофизатӣ дар ин роҳ бояд зиёдтар бошад.
“Масалан, дар он тарафи ағба як ҷойе ҳаст, ки доим кӯҳ канда шуда, фаромадан мегирад. Дар он ҷо як галереяи мустаҳкаме бояд сохт, ки сангу хок аз болои галерея гузашта равад ва ҳар замон роҳро набанданд", -- афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Танқиди ронандаҳо ва мусофирон аз вазъи роҳи Душанбе-Чаноқ аз соли 2010, баъди ба ихтиёри ширкати IRS гузаштани масъулияти нигоҳубин ва гирифтани роҳкиро, садо медиҳанд. Соҳибназарон мақомотро дар он гунаҳкор мекунанд, ки ягона роҳи иртиботӣ миёни марказ ва шимоли кишварро пулакӣ карданд, ки хилофи меъёрҳои байналмиллалӣ мебошад. Аммо масъулини ширкат дар посух ба чунин даъвоҳо мегӯянд, дар тӯли тақрибан 11 соли кор бо вуҷуди афзоиши нархи маҳсулоти гуногун арзиши роҳкиро тағйир наёфта, барои сокинони атрофи роҳ сабукиҳои бисёр дода шудааст.
Бонки Осиёии Рушд қаблан дар пажӯҳише навишта буд, ки пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд боис ба 19% кам шудани гардиши мол миёни минтақаҳои кишвар шудааст.
Вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон, Худоёр Худоёрзода, дар як ҷаласа "аз бемасъулиятии кормандони IRS" танқид ва ширкатро ба "худсарӣ ҳангоми пешниҳоди ҳисобот ба мақомот" гунаҳкор кард, вале пас аз се моҳ гуфтаашро инкор намуд. Дар ниҳоят, баъд аз барканорӣ аз вазифаи вазирӣ Худоёрзода ба вазифаи мудири фаннии ин ширкат даъват шуда, то ҳол ифои вазифа мекунад.
Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бо харҷи 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи ширкати "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дарсад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.
Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ дар офшор сабт шудааст ва моликонаш маълум нест. Бархеҳо ин ширкатро ба афроди наздик ба раиси ҷумҳурӣ рабт медиҳанд, ҳарчанд мақомот инро пайваста рад кардаанд.