Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳрпарвар. Ёди шогирд аз Худойназар Асозода, донишманди шинохтаи тоҷик


Абдуҷаббор Раҳмонзода, аз шогирдони Худойназар Асозода, донишманди шодравони тоҷик
Абдуҷаббор Раҳмонзода, аз шогирдони Худойназар Асозода, донишманди шодравони тоҷик

Меҳрпарвар

(Мулоҳизаҳое чанд дар бораи профессор Х. Асозода)

Худойназар Асозода яке аз олимони пурмаҳсул ба шумор рафта, давомдиҳандаи мактаби илмиву адабии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ба шумор мерафт. Вай нозукиҳои илм, усулҳои таҳқиқ, тарзи таҳлил, навишти хотира ва муносибат бо осори илмиро аз ин олими нуктасанҷу донишманд аз бар карда буд. Таҳти роҳбарии ӯ рисолаи номзадӣ дифоъ намуд ва ҳамроҳ солҳои зиёд ба сифати омӯзгор дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият карданд. Гарчанде рисолаи доктории ӯ дар шаҳри Маскав ҳимоя шуда бошад ҳам, зери назари устод Соҳиб Табаров ба анҷом расида, маслиҳатҳои вай сатҳу сифати рисолаи илмиро боз ҳам беҳтар карда буд.

Ҳангоми дар Афғонистон кору фаъолият кардани Худойназар Асозода ин ду чеҳараи илмӣ бо ҳамдигар мукотиба намуда, дар номаҳояшон бештар оид ба адабиёти тоҷикӣ ва дарии Афғонистон изҳори андеша мекарданд. Мо ба қисме аз ин номаҳо ҳангоми суҳбатҳои илмӣ дар хонаи устод Соҳиб Табаров шинос шуда будем. Муаллим онҳоро бо як рӯҳбаландӣ дар ҳузурамон қироат карда, хушҳолӣ аз он мекард, ки шогирдаш дар хориҷи мамлакат ба таҳқиқи насри бадеии даризабонони Афғонистон машғул аст ва дар ин мавзӯъ аз вай маслиҳат мепурсанд.

Худойназар Асозода рӯзи 18-уми феврали соли 2014 дар Душанбе бар асари бемории қалб даргузашт.
Худойназар Асозода рӯзи 18-уми феврали соли 2014 дар Душанбе бар асари бемории қалб даргузашт.

Дар якчанд нома устод ба шогирдаш ишора мекард, ки насри дарӣ қонунмандиҳои хос дорад ва муҳаққиқи ҷавон бояд онҳоро омӯзад ва доир ба баъзе хусусиятҳои услубиву бадеии онҳо назару андешаҳояшро баён намояд. Дар асоси ин ишораҳои устоди сахтгиру серталаб Х. Асозода ба омӯзиши насри бадеии Афғонистон ҷиддӣ машғул шуда, баъдҳо на танҳо рисолаи докторӣ навиштанд, балки якчанд таҳқиқоти илмӣ низ интишор намуданд, ки дар адабиётшиносӣ ва шарқшиносии муосир дастовардҳои нав ба ҳисоб мерафтанд. Китобу рисолаҳои “Нигорише ба насри муосири Афғонистон”, “Рушди жанрҳои насри дарӣ” (ба забони русӣ), “Ташаккули низоми жанрҳои насри дарӣ” (ба забони русӣ) “Адабиёти садаи ХХ тоҷик”, “Адабиёти Эрон дар садаи ХХ”, “Содиқ Хидоят ва дунёи эҷодии ӯ” аз ҳамин қабиланд.

Дар ин рисолаҳо Худойназар Асозода бори аввал дар адабиётшиносии тоҷик кӯшидааст, таҳаввул ва ташаккули насри дариро аз охири асри Х1Х то солҳои 80 -уми асри ХХ баррасӣ намояд ва ба фаъолияти эҷодии адибони даризабон воқеъбинона баҳогузорӣ созад. Вай аз насри ҳакимонаи Маҳмуди Тарзӣ, Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ шурӯъ карда, ба маҳорат ва ҳунари нависандагоне, амсоли Асадулло Ҳабиб, Раҳнаварди Зарёб ва дигарон маълумот дода, зиндагинома ва ҷустуҷӯҳои эҷодии онҳоро бо тарзи муқоисавию таҳлилӣ мавриди пажӯҳиш қарор додааст.

Ҳамин гуна амали шоистаро вай доир ба рушди адабиёти форсӣ ба анҷом расонида, таҳаввул ва ташаккули адабиёти Эронро дар асри ХХ таҳқиқ карда, доир ба чеҳраҳои бараҷастаи адабиёти фавқуззикр маълумоти филологӣ пешниҳод намудааст. Ӯ бо ин роҳ ба густариши се шохаи адабиёти форсӣ - тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ баҳои воқеӣ дода, қаробату наздикӣ доштани се адабиёти барҷастаро мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Мунаққиди пухтакор дар ин замина баҳамоӣ, таъсиррасонӣ ва пайванди ногусастании се адабиётро муайян карда, нақши адибон ва осори гаронбаҳои онҳоро дар рушди адабиёти тоҷик арзишманд донистааст. Дар асрҳои мазкур таъсири адабӣ, ташаккули жанрҳои насрӣ, таҳаввули сабку услуб, баҳамоии андешаҳои эҷодӣ, қувват гирифтани тасвирҳои равонӣ, инчунин шаклгирии достонҳои кӯтоҳ дар се ҳавзаи адабӣ таҳқиқ шуда, таҳкими равобити адабӣ бо мисолҳои мушаххас мавриди пажӯҳиш қарор гирифтаанд.

Дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ низ устод Худойназар Асозода заҳмати зиёде кашиданд. Мо ҳамроҳ ба устод “Барномаи таърихи адабиёти тоҷики садаи ХХ”- ро омода кардем. Муаллим ҳангоми таълифи давраҳои адабӣ ва шахсиятҳои эҷодӣ талаб мекарданд, ки сарчашмаҳои илмиро аз мадди назар дур насозам ва баъди мутолиаи онҳо доир ба тарҷумаи ҳол ва фаъолияти адабии нависандагону шоирони муосир маълумот омода намоям. Гоҳо сари баъзе матлаб баҳс ҳам мекардем. Устод бо камоли кордонӣ ва маҳорати баланди эҷодкорӣ матолиби нав талаб мекарданд. Ман дар китобхона бо сарчашмаҳои иловагӣ шинос шуда, матнро дуюмбора аз нав навишта, барои мувофиқа ба устод пешниҳод менамудам ва ӯ баъди хондан иловаҳои хешро ҳамроҳ карда, барои аз нав таҳия кардан ба ман бармегардониданд. Мо бо чунин усул чанд маротиба барномаи таълимиро аз нав таҳрир карда, барои муҳокима ба кафедра пешниҳод намудем. Барномаи мазкур баъди мутолиаи устодони кафедра ва донишмандони шуъбаи адабиёти муосири тоҷики Институти забон ва адабиёти тоҷики Академияи миллии илмҳо ба чоп тавсия шуд ва интишор гардид. Хушбахтона, қариб понздаҳ сол аст, ки донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик ва шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи ин барнома давраҳои адабиёти муосири тоҷикро аз бар менамоянд.

Дар ҳақиқат, ҳамкорӣ бо устод Худойназар Асозода ба кас имкон медод, ки зиёд мутолиа намояд, осори адабиро ҷиддӣ омӯзад ва аз ҷузъиётҳои асари бадеӣ огаҳии пурра пайдо намояд. Тарзи дурусти қабули адабиёти бадеиро вай ба ман омӯзонда буд. Ман ҳангоми омӯзгорӣ бо ин шеваю усул аз шогирдон адабиёти бадеӣ қабул мекардам. Баъзе шогирдони закӣ ва донишмандам то ҳол дар куҷое, ки бо ман рӯ ба рӯ шаванд, давраи донишҷӯияшонро ёд мекунанад. Мо низ аз баракати устоди сахтгир Худойназар Асозода ин анъанаро идома дода, дар дили донишҷӯён ҳисси муҳаббат ба китоб ва мутолиаи осори адабиро ҷой карда будем.

Устод Асозода ба сифати муаллифи китоби дарсӣ низ шуҳрат пайдо карда буданд. Бо қалами вай китобҳои “Адабиёти тоҷик дар асри ХХ”, (1999), “Забон ва адабиёти тоҷик”, “Таърихи адабиёти тоҷик” (давраи нав) тааллуқ доранд. Ин китобҳо имрӯз дар факултаҳои филологӣ ба сифати маводи таълимӣ ва китоби дарсӣ истифода шуда, ҳар кадом бо сабку услуби хос таълиф шудаанд ва барои омӯзиши ин давраи адбиёти муосири тоҷик маводи фаровон пешниҳод менамоянд. Дар таҳияи ин китобҳои дарсӣ устод заҳмати зиёд кашиданд ва маводи фаровони илмиро истифода карданд. Вай ба хонанда ҳар як адиби тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ карда, доир ба фаъолояти адабии ӯ маълумоти фаровон пешниҳод намудааст. Бо ин асарҳои дарсӣ вай номи худро барои дӯстдорони сухан ҷовидона гардонид ва ҳар кадом аз маҳорати педагогии олими шинохта дарак медиҳанд.

Худойназар Асозода дар таҳқиқи осори адибони шинохта, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва Абулқосим Лоҳутӣ ҳам заҳмати зиёде кашиданд. Вай доир ба ин се чеҳраи бузурги адабӣ рисолаҳои алоҳида навишта, ба зиндагиномаи адибон як қатор ахбори навро илова намуданд. Муҳаққиқ дар таълифи асарҳои илмии мазкур усули таҳқиқи таърихиву муқоисавиро интихоб карда, дар асоси ҳуҷҷатҳои мустанад ва хотироти шахсиятҳои барҷаста назару андешаҳои хешро дар бораи маҳорати эҷодӣ ва хидмати шоистаи онҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик ҷамъбаст намудааст. Рисолаҳои ӯ “Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода”, “Иловаҳо башарҳи ҳоли устод Айнӣ”, ”Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ”, ”Зиндагинома ва осори С. Айнӣ”, “С. Айнӣ дар миён ҳастанд ва хоҳанд монд”, “Чеҳраҳои адабӣ ва фарҳангӣ”, “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти С. Улуғзода”, “Сотим Улугзода ва фаъолияти он”, ”Саргузашти А. Лоҳутӣ” аз ҳамин қабил буда, ҳар кадом дар омӯзиши зиндагӣ ва осори ин адибони шинохта саҳифаи нав ба ҳисоб мерафтанд.

Худойназар Асозода дар охири давраи ҳаёти хеш дар асоси таъкидҳои устодаш С. Табаров ба навиштани хотирот оғоз намуда, бо номи “Достони зиндагӣ” (2006 -2013) дар бораи ҳаёт ва фаъолияти кории хеш, ҳамкорон, дӯстон, адибони шинохтаи тоҷик ёддошти ҷолибе таълиф намуданд. Се қисми он дар давраи зиндагии олим аз чоп баромада буд. Дар асари ёддоштии мазкур Худойназар Асозода доир ба бисёр чорабиниҳои илмву фарҳангие, ки дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ахбор оварда, аҳаммияти онҳоро дар руши илму маданият шарҳ додаанд. Дар ин китоб инчунин оид ба хислатҳои неки шахсиятҳои маъруфи адабӣ нақлҳои ҷолибе ҷой дода шудааст, ки аксарашон аҳаммияти тарбиявӣ доранд.

Худойназар Асозода ба сифати омӯзгор ва роҳбари илмӣ низ маҳбубият пайдо намуда буд. Донишҷӯёну аспирантон ӯро дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд. Вай ниҳоят серталаб буд. Бо хислатҳои неку ҳамидааш ӯро ҳамкасбону ҳамкоронаш дар Донишгоҳи миллӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки кору фаъолият кардааст, қадр мекарданд. Ба вай ҳамчун устод муроҷиат мекарданд ва самимона муносибат менамуданд.

Дарсҳояш низ ҷолиб буданд. Вай бо тайёрӣ ба дарс меомаданд ва дарс- лексияҳояш шавқовар мегузашт. Ҳамеша бо нармию хушмуомилагӣ миёни донишҷӯён маҳбубият доштанд. Дар вақти сарвари Донишгоҳи омӯзгорӣ, факулта ва мудири кафедра буданашон низ бо тобеон муносибати некбинона дошатанд ва бо хислатҳои неки инсондӯстонаашон маҳбуби ҳамагон гардида буданд.

Бо дунёи меҳрпарвари худ дили садҳо нафарро тасхир карда, аз хеш мероси гаронбаҳо ва одамияти бузургро ба мерос гузоштанд. Ёди устоди донишманд гиромӣ бод.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, доктори илмҳои филологӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG