Додгоҳи олии Тоҷикистон гумонбари асосӣ ба азияту шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷоноваро ба 11 сол зиндон маҳкум кард, аммо бар асоси қонуни афв як сол муҳлати ҳабсашро кам намуд.
Ҳукми Азиза Давлатова рӯзи 28-уми декабр эълон шуд. Вокуниши наздиконаш дастрас нест. Аз он пеш шавҳараш, Парвиз (Лутфулло) Давлатовро ба зиндон маҳкум карда буданд. Мадина Муҳаммадҷоноваи 32-сола, ки аз ӯ “ҳамсари дувум”-и Парвиз Давлатов ном бурда мешавад, пас аз се моҳи беҳушӣ, рӯзи 15-уми декабр, дар бемористон даргузашт.
"Муҳокима дар СИЗО гузашт"
Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Азиза Давлатоваро дар боздоштгоҳ ё СИЗО-и шаҳри Душанбе эълон кардаанд. “Азиза Давлатоваро ба қасди одамкушӣ гунаҳкор донистанд. Ӯ ба 11 сол зиндон маҳкум шуд, вале бар асоси қонуни афв даҳ сол паси панҷара мемонад,” -- гуфт мусоҳиби мо, ки нахост номаш ошкор шавад.
Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29-уми декабр эълони ҳукми Азиза Давлатоваро тасдиқ карданд, аммо аз шарҳи бештар худдорӣ варзиданд. Як масъули додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, нусхаи ҳукмро рӯзҳои наздик ба ҷонибҳои баҳс медиҳанд ва онҳо ҳақ доранд, ки бипазиранд ё аз рӯи он шикоят кунанд.
Наздикони Азиза Давлатова ва Мадина Муҳаммадҷонова то ҳол дар пайванд ба ҳукм вокуниш накардаанд. Нигина Мамадҷонова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бори аввал дар бораи қазияи Мадина дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ розӣ аст, "ҳарчанд мардум ҷазои сахттар интизор буданд."
Ба гуфтаи хонум Мамадҷонова, "даҳ сол дар зиндон будан барои зан осон нест. Ба ғайр аз ин, шахсоне, ки боиси марги Мадина шуданд, маҷбуранд, бо виҷдони худ то рӯзи охирин бимонанд. Аз ин хукми сангинтар нест. Доғе, ки ин оила ба худ монд, то охир мемонад."
Мурофиаи Азиза Давлатова ва шавҳараш Парвиз (Лутфулло) Давлатов паси дарҳои баста баргузор шуд ва, аз ин рӯ, иштиркодорони мурофиа намехоҳанд, дар бораи он ба таври расмӣ ва муфассал суҳбат кунанд.
Мавқеи норӯшани тарафҳо
Парвиз Давлатовро рӯзи 14-уми декабри имсол ба 8 сол зиндон маҳкум карданд, аммо бар асоси қонуни афв муҳлати ҳукми ӯ ба панҷ солу ду моҳи зиндон поин оварда шуд. Давлатов мудири яке аз департаментҳои "Мегафон-Тоҷикистон" буд.
Ӯро ба "дузанагӣ", "додани азобу уқубат" ва "ба худкушӣ расонидан" гунаҳкор донистанд. Назари ӯ ва вакили мудофеаш ба ҳукм маълум нест ва дақиқ нест, ки оё онҳо аз рӯйи ҳукм шикоят бурданд ё не. Пештар падараш, Давлаталӣ Давлатзода, муовини собиқи раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили пешини порлумон гуфта буд, ки писараш гуноҳ надорад ва арӯси хонавода, Азиза Давлатова, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад. Ҳоло мавқеи ӯ ба ҳукми писару келинаш маълум нест.
Шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова, ба гуфтаи наздиконаш, охири моҳи августи имсол рӯй дод. Мадинаро дар ҳоли кома ба беморхона бурданд ва ӯ ба худ наомада, ду ҳафта пеш даргузашт. Аз ӯ ҳамсари дуюми Парвиз Давлатов ном бурданд ва мақомот гуфтанд, ки Азиза Давлатова, ҳамсари аввали Давлатов ӯро ба чунин ҳол овардааст.
Азиза Давлатова ва наздиконаш дар ин бора ҳеч вақт гап назадаанд.
Ҳодиса: Чӣ шуд?
Қазияи шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова пас аз он сарусадои зиёдро ба миён овард, ки гумонбарони ҳодиса дар оғоз бар асоси қонуни афв пурра аз ҷавобгарӣ озод карда шуданд. Танҳо пас аз муроҷиат ва пофишории фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақомот, додситонӣ таҳқиқи ҳодисаро аз сар гирифт ва зану шавҳарро бо гумони азияти Мадина Муҳаммадҷонова дастгир кард.
Ин қазия боиси барканории Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали додситонӣ ва Зафар Исмоилзода, сардори ШВКД-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуд. Вале ин пурсиш бо вуҷуди борҳо садо додан бепосух мондааст, ки чаро мақомот дар иҷрои вазифаҳои худ саҳлангорӣ кардаанд; ба чӣ далел дар оғоз парванда кушода нашуд ва гумонбарон афв карда шуданд ва дигарбора дастгиру ба зиндон маҳкум гардиданд?