Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Парвиз Давлатов: "Сабаби боздошти ӯ нофаҳмо аст" ВИДЕО


Давлаталӣ Давлатзода. Акс аз бойгонӣ
Давлаталӣ Давлатзода. Акс аз бойгонӣ

Давлаталӣ Давлатзода, падари Парвиз (Лутфулло) Давлатов, рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қазияи вобаста ба писараш ва арӯси хонавода "рашки зан нисбат ба шавҳараш" буд.

Парвиз Давлатов ҳамроҳ бо ҳамсараш, Азиза Давлатова, рӯзи 1-уми ноябр бо гумони шиканҷа кардани зани ҷавоне бо номи Мадина Муҳаммадҷонова дастгир шуданд.

Дар бораи Мадина Муҳаммадҷонова маълумоти зиёд дар даст нест. Ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ 32-сола аст ва ҳамроҳ бо Парвиз (Лутфулло) Давлатов дар як ширкати мобилӣ кор мекардааст. Парвиз Давлатов мудири яке аз департаментҳои "Мегафон-Тоҷикистон" будааст.

Давлаталӣ Давлатзода, ки дар гузашта дар мансаби муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили порлумон кор кардааст, гуфт, арӯси хонавода, Азиза Давлатова, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад, "лекин барои чӣ Парвизро гунаҳкор карда истодаанд, ҳеч намефаҳмам." Сарони додситонӣ то ҳол нагуфтаанд, ки Лутфулло (Парвиз) Давлатов то куҷо дар шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова нақш дорад.

"Аввал ин ки Парвиз дар он моҷаро ширкат надошт. Вай дар Душанбе буд. Ҳодиса берун аз шаҳр рӯй додааст. Аз рӯйи таблограммаи телефонаш ин чиз маълум аст ва Парвиз ҳуҷҷатҳоро ба муфаттишон пешниҳод кардааст. Дуюм, аз замони ҳодиса то рӯзи дастгир шудан, Парвиз ҳар рӯз соати 5-6-и субҳ рафта, аз пайи муолиҷаи Мадина мешуд. Барои ин кор маблағи зиёд ҳам қарздор шудааст, чун бояд ҳар рӯз дору мебурд," -- гуфт Давлаталӣ Давлатзода.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мадина 70 рӯз боз беҳуш аст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Мақомот ба ҷуз аз хабарномаи кӯтоҳ шарҳи дигаре дар бораи воқеа надодаанд. Дақиқ нест, ки Парвиз (Лутфулло) Давлатов ва Мадина Муҳаммадҷонова бо ҳам чӣ робита доштанд. Дар ширкати "Мегафон-Тоҷикистон", ки ин ду нафар дар онҷо кор мекарданд, аз додани шарҳ худдорӣ варзида, гуфтанд, танҳо бо мактуби расмӣ посух медиҳанд.

Мадина Муҳаммадҷонова дар бемористони "Қарияи Боло" дар ҳолати кома ё беҳушист. Пизишкон мегӯянд, ки бахше аз майнаи сари ӯ зарбаи сахт дидааст.

Ҳарчанд роҳбарони беморхона ба мусоҳибаи пизишкон розигӣ доданд, ҳеч нафар омода нашуд, дар назди дурбин бо мо суҳбат кунад. Пизишкон гуфтанд, гуё пайвандони Мадина Муҳаммадҷонова ба онҳо иҷозаи суҳбат дар бораи саломатии фарзандашонро надодаанд.

Яке аз пизишкони эҳёгар ё реаниматори "Маҳаллаи Шифобахш" ё бемористони "Қарияи Боло", ки Мадина Муҳаммадҷонова дар онҷо беҳушу ёд бистарӣ аст, рӯзи 2-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тандурустии ояндаи Муҳаммадҷоноваро пешгӯӣ кардан номумкин аст. "Фақат 3 дақиқа кофӣ аст, ки майнаи сари инсон аз нарасидани ҳаво ё кислород сахт осеб бинад. Мадина ҳам эҳтимол ба ҳамин ҳолат дучор шудааст," -- гуфт пизишк.

Духтури дигари бемористон, ки низ нахост, номаш бурда шавад, гуфт: "Ӯро 26-уми август дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд. Қариб 70 рӯз аст, ки дар ҳолати кома аст. Мутахассисон машварат карданд ва то шаш моҳ аҳволи ӯро нигоҳ мекунем. Лекин намедонем, чӣ мешавад, ҳамааш дар дасти Худост," --гуфт ин пизишк.

Талошҳои мо барои суҳбат бо наздикони Мадина Муҳаммадҷонова то ин дам бенатиҷа буд. Дақиқ нест, ки онҳо дар бораи қазия чӣ назар доранд. Дар сурати назари дарёфти назари онҳо, дар матлаб изофа мешавад.

Ин воқеа моҳи августи имсол рӯй дода, пас аз як муроҷиати фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба мақомот ва нашру паҳни ҷузъиёти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиддӣ баррасӣ шуд. Махсусан пас аз он ки гуфтанд, омилони латукӯб аз ҷавобгарӣ озод гардидаанд.

Ин вазъ суолҳоеро ба миён овард, ки чаро мақомот дар иҷрои вазифаҳои худ саҳлангорӣ кардаанд ва ба чӣ далел парванда кушода нашуду гумонбарон афв карда шуданд ва ҳоло дигарбора дастгир гардиданд?

XS
SM
MD
LG