Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи "Парвандаи Мадина". Муовини аввали додситони ноҳияи Сино низ барканор шуд


Тафтиши парвандаи Мадина, ки ҳоло дар кома қарор дорад, боиси барканории ду мансабдор шуд.
Тафтиши парвандаи Мадина, ки ҳоло дар кома қарор дорад, боиси барканории ду мансабдор шуд.

Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки қарори афви як гумонбар дар парвандаи ҷанҷолӣ марбут ба Мадина Мамадҷоноваро имзо карда буд, аз мақомаш барканор шудааст.

Ин дуюмин мақомдор аст, ки дар робита ба “қазияи Мадина” аз мансаб барканор мешавад. Рӯзи 2-уми ноябр Зафар Исмоилзода, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино низ аз мақомаш барканор шуда буд.

Се манбаъи боварбахши Радиои Озодӣ ба шарти зикр нашудани номашон гуфтанд, сабаби барканории харду мақомдор “тафтиши ноодилонаи парвандаи Мадина Мамадҷонова” аст.

Сӯҳроб Салимзода бар асоси қонуни афв нимаи моҳи сентябри соли равон тафтиши парвандаи Азиза Давлатова, ки дар қасди куштори Мадина Мамадҷонова гумонбар дониста мешавад, қатъ карда буд. Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо ӯ натиҷа надоданд, вале дар Додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи ҷумъа охирин рӯзи кории Сӯҳроб Салимзода буд ва ӯ дигар корманди додситонӣ нест.

Сӯҳроб Салимзода, бародарзодаи Шерхон Салимзода, собиқ Додситони кулли Тоҷикистон аст.

Яке аз дӯстони Салимзода, ки дар як сохтори ҳукуматӣ кор мекунад, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки “бояд дигар нафар аз кор мерафт, вале ӯро аз кор ҷавоб доданд.” Ӯ шарҳ надод, ки манзураш кист ва чӣ далел дорад. Аммо афзуд, дастури қатъи парвандаи Азиза Давлатова, ки бо гумони расонидани “зарари вазнин ба саломатӣ” тафтиш мешуд, тасмими ӯ набуд ва намебоист онро Салимзода имзо мекард.

“Ин супориш аз боло шуд буд. Қарорҳои афвро муовини дуюм имзо мекард, лекин дар ҳамин парванда ӯро гуфтанд, ки имзо гузорад. Сӯҳроб бисёр муфаттиши хуб ва ҷавони босавод аст”,--гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Охири моҳи октябр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз одилона тафтиш нашудани парвандаи Мадина, ки 26-уми август дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона интиқол ёфт ва ҳанӯз ба ҳуш номадааст, эътироз карданд. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон вокуниш нишон доданд. Ба дунбол, Лутфулло (Парвиз) Давлатов, раҳбари як бахши ширкати “Мегафон” дар Тоҷикистон барои расонидани “азобу уқубат” ва Азиза Давлатова, ҳамсари ӯ бо гумони “қасди куштор” боздошт шуданд.

Қазияи Мадина Мамадҷонова, ки беш аз ду моҳ боз дар кома ҳаст, дар ҷомеа сару садо ба по кард. Ин зан, ки зоҳиран бо Лутфулло Давлатов, яке аз раҳбарони ширкати “Мегафон” робитаи ошиқона дошт, мавриди ҳамлаи ҳамсари ӯ қарор мегирад. Пизишкон мегӯянд, эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дидааст. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 2-уми ноябр дар машварати корӣ бо вазирон ин мавзуро матраҳ кардааст. Ҳоло парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG