Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанбаи иқтисодӣ дорад." Дар Тоҷикистон созиши интиқоли барқро ба Афғонистон шарҳ доданд


Масъулони "Барқи тоҷик" қарордоди худро бо ширкати афғонистонии "Брешно", ки сарусадои зиёде ба миён овард, шарҳ доданд. Дар ҳоле ки чандин нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомоти Тоҷикистонро ба додани барқ ба Афғонистони зери итоати Толибон танқид карданд, масъулони "Барқи тоҷик" гуфтаанд, "имзои қарордод фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад."

Қарордод 26-уми декабри имсол дар пайи музокироте дар шаҳри Тошканди Узбекистон имзо шудааст. Пештар расонаҳои афғонистонӣ навишта буданд, ки қарордодро Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси ширкати "Брешно" ва Мирзо Исмоилзода, раиси "Барқи тоҷик" дар Тоҷикистон имзо кардаанд.

Ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 28-уми декабр бо нашри хабарномае имзои қарордодро тасдиқ кард. Бино ба иттилои "Барқи тоҷик", бар асоси қарордоди иловагӣ, соли 2022 ин ширкат ба "Брешно" дар фаслҳои гарм, аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарӯз то 400 мегаватт барқ хоҳад дод.

Ба иттилои "Барқи тоҷик", дар тирамоҳу зимистон интиқоли барқ ба ширкати "Брешно" 25-30 мегаваттро ташкил медиҳад ва он "аслан барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист" ва ин миқдор барқ ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад.

"Барқи тоҷик" мегӯяд, як шарти муҳими қарордоди иловагӣ, ин дар муҳлати муайян пардохт намудани қарзҳо аз сӯи ширкати "Брешно" мебошад ва ин "аллакай амалӣ гашта истодааст".

Ширкати "Брешно" рӯзи 27-уми декабр гуфт, масъулони ин ширкат бо ҷониби Тоҷикистон дар бораи тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла, тарҳи CASA-1000 ва бунёди хати 500-киловаттӣ дар бахши энержӣ, гуфтугӯ кардаанд.

“Ҳайати Иморати исломии Афғонистон ба кишвари Тоҷикистон ваъдаи ҳамкорӣ намуд ва ба манзури дубора оғоз намудани тарҳҳои мутаваққифшуда дар қисмати таъмини амният ва соири бахшҳо изҳори омодагӣ намуд," -- омадааст дар изҳороти ширкати "Брешно".

Тоҷикистон дар 11 моҳи имсол аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя 93,5 миллион доллар фоида гирифтааст. Бино ба иттилои мақомоти бахши энержии кишвар, ин маблағ нисбат ба як сол пеш 40,5 миллион доллар бештар мебошад. Тоҷикистон асосан ба Афғонистон ва Узбекистон барқ содирот мекунад.

Дар Тоҷикистон аз моҳи октябр ба ин тараф сокинони минтақаҳо бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. Як танқиди ҳамешагӣ аз мақомот ин аст, ки дар рӯзҳое, ки мардум дар дохили кишвар камбуди барқ доранд, фурӯши барқ ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ҳамчунон идома дорад.

Таъмини мардум ва корхонаҳо бо барқ яке аз мушкилиҳои асосӣ барои ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд, то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

XS
SM
MD
LG