Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пули барқро медиҳем, қарздор нестем, вале барқ надорем. Таъмир дар куҷост?" ВИДЕО


"Пули барқро медиҳем, қарздор нестем, вале..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Дар ҳоле ки масъулони "Барқи тоҷик" сабаби бо маҳдудият додани барқро ба хонаҳои мардум ба таъмири хат ва зеристгоҳҳо пайванд доданд, баъзе аз сокинон мегӯянд, анҷоми чунин корҳоро дар маҳалли зисташон намебинанд.

Вазъ дар 15-километрии пойтахт

Сокинони маҳаллаи Фириштии шаҳри Ваҳдат, 15-километрии пойтахти Тоҷикистон, дар шабонарӯз ҳашт-нӯҳ соат бо нерӯи барқ таъминанд. Умедҷон Садриддинзода, сокини ин маҳалла ва маъюби гуруҳи якум, бо аробаи барқӣ мегардад, аммо ба сабаби набудани барқ аз аробааш зиёд истифода карда наметавонад.

"Ҳар рӯз барқро хомӯш мекунанд. Мегӯянд, таъмир аст. Мо корҳои таъмиру барқарориро дар симчӯбҳо, трансформатор ва хатҳои интиқоли барқ намебинем", -- нақл кард ӯ.

Мусоҳиби мо гуфт, аробаи маъюбияш дар шабонарӯз беш аз даҳ соат қувва гирифта, сипас, тамоми рӯз ба ӯ хидмат мекард, вале ҳоло қувваи кам мегирад ва кам мегардад: "Пештар то Душанбе мерафтам, ҳоло дар маҳалли зистамон меистам. Баъзан қуввааш зуд тамом мешавад, дар ними роҳ мемонам."

Маҳаллаи Фириштӣ ҳудуди 3 ҳазор аҳолӣ дорад. Сокинон расид (чек)-ҳои пардохти ҳаққи нерӯи барқро нишон дода, мегӯянд, ҳар моҳ пули барқро медиҳанд, вале онро бо маҳдудият мегиранд.

Куҷоро таъмир мекунанд? Кай?

Дар идораи Шабакаҳои тақсими барқи ноҳияҳои тобеи пойтахт гуфтанд, ки корҳои "профилактикӣ" ҳанӯз ҷараён дорад ва қатъи нерӯи барқ дар маҳаллаҳо ба ҳамин далел аст. Ҳангоми боздиди мо аз кӯчаҳои Фириштӣ дар ҳеч куҷои он таъмир набуд.

Дар посух ба ин пурсиш, ки чаро дар трансфоматору симчӯбҳои макони зисти сокинони Фириштӣ корҳои ба қавле "профилактикӣ" ба назар намерасад, дар Шабакаҳои тақсими барқ гуфтанд, "чунин корҳо дар зеристгоҳҳои бузург анҷом дода мешавад".

Нисфирӯзии 1-уми ноябр дар зеристгоҳи бузурги назди маҳаллаи Фириштӣ таъмир ҷараён надошт. Бо чанде аз сокинони атрофи он ҳамсуҳбат шудем, гуфтанд, "аз ҳамин ҷо барқи чанд маҳалларо хомӯш мекунанд, вале на шабона ва на рӯзона корҳои таъмирию барқарориро надидаем."

Фириштӣ ягона маҳаллае нест, ки сокинонаш аз бебарқӣ шикоят доранд. Дар бештар аз як моҳи охир шикояти сокинон аз камбуди барқ дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон садо медиҳад.

Мудирияти нодуруст, талафот ё ..?

Коршиносон маҳдудияти барқро на ба корҳои таъмиру барқарорӣ, балки бештар ба "мудирияти нодуруст, талафот ва дуздии зиёди нерӯи барқ" рабт дорад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт, ки "дуздии хеле зиёди барқ вуҷуд дорад."

"Низоми энергетиии кишвар барои иваз кардани дастгоҳҳо ва таҷҳизоту азнавкунии онҳо аз созмонҳои хориҷӣ пули зиёде гирифтааст, вале чаро дар ин муддат мушкил ҳалли худро наёфтааст? Ба ақл рост намеояд, ки сабаб корҳои таъмирӣ аст. Бовар дорам, дар ин ҷо фасод ҳаст", -- гуфт Фозилҷон Фатҳуллоев, шореҳи иқтисодӣ.

Чунин иддаоро дар Шабакаи тақсими барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беасос хонда, гуфтанд, қатъи нерӯи барқ воқеан ҳам ба корҳои барқарориву таъмир дахл дорад. "Аксар корҳои таъмирӣ анҷом ёфтааст, моҳи ноябр бояд пурра анҷом шавад", -- гуфт Хуршед Умаров, раиси Шабакаҳои тақсими барқи ноҳияҳои тобеи марказ. Ӯ дар айни замон шарҳи бештари мавзуъро ба салоҳияти ширкати "Барқи тоҷик" вогузор намуд.

"Барқи тоҷик" посух намегӯяд

Дар ширкати "Барқи тоҷик" касе ҳозир нашуд, масъалаи ҷараёни корҳои таъмир ва профилактикаро шарҳ диҳад. Ин ниҳод дар гузашта барои суҳбат номаи расмӣ талаб мекард, вале бо вуҷуди фиристодани мактуби расмӣ намояндагони "Барқи тоҷик" аз суҳбат худдорӣ карданд.

Таъмини мардум ва корхонаҳо бо барқ яке аз мушкилиҳои асосӣ барои ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд, то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Бори охир моҳи январи имсол мақомот расман дар деҳаҳои кишвар лимити барқро ҷорӣ карда буданд ва ин маҳдудият то 4-уми май давом кард.

Як танқиди ҳамешагӣ аз мақомот ин аст, ки дар рӯзҳое, ки мардум дар дохили кишвар камбуди барқ доранд, фурӯши барқ ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ҳамчунон идома дорад. Дар оғози моҳи октябр мақомоти Қирғизистон гуфтанд, интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба ин кишвар оғоз шудааст, вале дертар мақомоти тоҷик рад карданд.

XS
SM
MD
LG