Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба кадом ҳуқуқ?" Сокинон мепурсанд, чаро "Барқи тоҷик" шартномаро иҷро намекунад? ВИДЕО


Сокинон дар Тоҷикистон аз маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ шикоят мекунанд.
Сокинон дар Тоҷикистон аз маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ шикоят мекунанд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ширкати "Барқи тоҷик" бар асоси шартнома миёни ин ниҳод ва муштариён, уҳдадор аст, ки қабл аз қатъи нерӯи барқ сокинонро огоҳ кунад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат ба Радиои Озодӣ кутоҳ посух дод, ки дар бораи қатъи нерӯи барқ мардумро огоҳ намудаанд, аммо шарҳ надод, ки кай ва ба чӣ тарз.

“Шумо омадед, барқ доданд”

Сокинони чанд бинои дуошёна дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ аз он шикоят доранд, ки зиёда аз як моҳ боз давоми шабонарӯз соатҳо аз дастрасӣ ба барқ маҳрум ҳастанд.

Ба қавли онҳо, касе сабаби бе огаҳии пешакӣ қатъ кардани барқро шарҳу тавзеҳ намедиҳад. Файзимо Савлатшоева, сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ аз онҳоест, ки рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бидуни шарҳу тавзеҳ ва огоҳии пешакӣ қатъи нерӯи барқ барояшон мушкили зиёд овардааст. "Вақте барқ набошад, об нест, ҳоҷатхона бӯ мекунад, ин ҷо ман зиндагӣ дорам, намоз мехонам. Пули барқро бо карта пардохт мекунам. Ҳамеша дар картаам 250 сомонӣ мегузорам. Ман бача надорам, хоҳарзодаҳоям пул равон мекунанд. Ман намехӯрам, гушна мегардам, вале пули барқро месупорам, ки дар рӯшанӣ бошаму дар гармӣ. Ин чӣ хел зиндагӣ аст, ин чӣ ҳол аст? Пеш аз омадани шумо ба Шабакаҳои барқ занг зада гуфтем, ки ба Радиои Озодӣ шикоят мебарем, панҷ дақиқа пас барқро доданд, шумо равед боз қатъ мекунанд. Дигар рӯзҳо қатъ мекарданд",--афзуд, Файзимо Савлатшоева, сокини деҳаи Истиқлол.

Гуруҳе аз занони ин маҳалла барои шикоят аз бебарқӣ назди ҳукумати ноҳия рафтанд. Мушкилашон ҳал нашуд ва ба суоли чаро барқашонро қатъ мекунанд, посух наёфтанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар Тоҷикистон расман "лимит" ҷорӣ нашудааст, вале барқ ҳам муназзам таъмин намешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:54 0:00

Гавҳар Саидова, сокини дигари деҳаи Истиқлол гуфт, агар аз қабл огоҳ мекарданд, онҳо низ барои зимистонгузаронӣ омодагии беҳтар мегирифтанд. "Лекин ҳоло барқро якбора қатъ мекунанд, дигар намедонем чӣ кор кунем",--гуфт ӯ.

"Барқи тоҷик" посух намедиҳад

Шикоятҳо аз беогоҳӣ қатъ кардани барқ бештар аз як моҳ аст, ки аз забони сокинони манотиқи кишвар садо медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар санади шартнома миёни шабакаҳои "Барқи тоҷик" ва муштариён, яке аз вазифаҳои ин ниҳод хабардор намудани сокинон пеш аз қатъи нерӯи барқ гуфта шудааст.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” дар посух ба ин суол, ки оё қабл аз қатъи нерӯи барқ мардумро огоҳ карда буданд ё не, касе посух надод. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ниҳод гуфт, сокинонро дар бораи қатъи нерӯи барқ огоҳ намудаанд. Ӯ бидуни шарҳу тавзеҳ барои шарҳи бештари мавзуъ номаи расмӣ дархост кард. Ин дар ҳолест, ки радиои “Озодӣ” дар гузашта ба ширкати “Барқи тоҷик” нома ирсол карда буд ва посух ҳам чунин буд, ки ба саволҳои шумо дар нишасти матбуотӣ посух мегӯем. Дар ин ширкат гуфтанд, бо вуҷуди ирсоли номаи расмӣ ҳам, онҳо кафолат дода наметавонанд, ки посух диҳад.

Рӯзи 11-уми ноябр, Радиои “Озодӣ” дигарбора ба ширкати “Барқи тоҷик” номаи расмӣ расонд, аммо то замони таҳияи гузориш ба он посух нагирифт.

Бо таваҷҷӯҳ ба ӯҳдадориҳои тарафи ширкат ва муштарӣ баъзе ҳуқуқшиносон бар инанд, ки хомушии мақомоту бидуни огоҳӣ қатъ намудани барқ нақзи ҳуқуқи муштариён аст ва онҳо ҳақ доранд, тарафи дигарро то додгоҳ кашанд. Зеро ба қавли онҳо, бе огоҳӣ хомуш ва додани барқ хатарнок ҳам ҳаст.

Муштарӣ ҳақ дорад...

Фаридун Шоинбеков, муовини раиси Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қонун ва шартнома байни тарафҳо, муштариён ҳақ доранд, донанд, ки чаро барқашон хомуш мешавад ва то кай чунин амал сурат мегирад.

"Кодекси граждании Тоҷикистон ва дигар қонунгузориҳои соҳавӣ 3 намуди хомӯшкунии барқро пешбинӣ кардааст, ин яъне танаффус, маҳдудкунӣ ва қатъкунии қувваи барқ. Танаффус, ин яъне эълон кардани танаффус дар интиқоли барқ бо ҳадафи анҷом додани корҳои профилактикӣ ё таъмирӣ. Маҳудудкунӣ ин ҳамон лимит аст, ки мардум мегӯянд ва қатъкунӣ ҳангоми вайрон кардани шартҳои шартнома сурат мегирад. Дар чунин ҳолатҳо бояд муштариён аз қабл дар бораи қатъи нерӯи барқашон огоҳ карда шаванд",--гуфт ӯ.

Таъмини аҳоли бо барқ тибқи шартнома байни муштариён ва ниҳоди таъминкунандаи нерӯи барқ, аз ӯҳдадориҳои он ниҳод ба ҳисоб меравад.

Яке аз ӯҳдадориҳои сокинон, ки бештар мавриди баҳс қарор мегирад ва дар шартнома байни тарафҳо низ зикр шудааст, ин сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ аст. Ҳарчанд ширкати "Барқи тоҷик" борҳо аз таъхиркорӣ дар пардохти пули барқ аз сӯи сокинон нигаронӣ кардааст, ҳамсуҳбатони мо дар маҳаллаҳо бо пешниҳоди расидҳояшон гуфтанд, пули барқро пайваста пардохт мекунанд, вале ба назари онҳо, боиси нигаронист, ки онро бо маҳдудият мегиранд. Сокинон мегӯянд, харид ва насби ҳисобкунакҳои барқияшонро аз ҳисби худ анҷом медиҳанд, вале дар шартнома байни ҷонибҳо чунин амал аз ӯҳдадориҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ пешбинӣ шудааст.

Баъзе сокинон аз пулҷамъкунии мақомот барои таъмири трансформатори маҳаллаҳояшон суҳбат карданд ва таъкид намуданд, ки бо вуҷуди пешниҳоди маблағ, на ҳамеша ба зудӣ, дастгоҳҳои барқӣ таъмир мешаванд.

Дастгоҳҳоро кӣ бояд таъмир кунад?

Фаридун Шоинбеков, ҳуқуқшинос дар Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон мегӯяд, "аз ҳисобкунаки барқӣ сар карда то дигар дастгоҳҳои интиқолдиҳандаи барқро таъмираш бар души ташкилоти таъминкунандаи барқ аст, на сокинон". Ӯ гуфт, аз як тараф ширкати таъминкунандаи барқ бояд ӯҳдадориҳои худро иҷро кунад ва аз сӯи дигар фарҳанги ҳуқуқии сокинон низ нақши муҳим мебозад, ки бояд ҳаққи худро талаб кунанд: "Масалан чанд баҳсе, ки дар мавриди баланд шудани шиддати барқ ва аз кор мондани баъзе таҷҳизоти сокинон сар зад, мо муроҷиатҳои сокинонро қабул карда будем, то додгоҳ нарасида, ба фоидаи муштарӣ ҳал шуд, яъне аз муштариён низ вобаста аст",--гуфт ӯ.

Таъмини мардум бо барқ аз мушкилиҳои асосӣ дар низоми энержии Тоҷикистон гуфта мешавад. Бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд, ин мушкил то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва бархе коршиносон таъкид мекунанд, то замоне ки дар бозори фуруши барқ монополия аз байн наравад, ин масъала ҳалли худро намеёбад.

Роҳи наҷот куҷост?

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, набуди дигар ширкатҳои рақиб дар баробари "Барқи тоҷик" аз мушкилиҳоест, ки монеи рушди соҳа шудааст.

"Барқи тоҷик" як ширкати супермонополист аст, ки ҳар чӣ ба барқ дахл дорад дар Тоҷикистон монополия кардааст ва тамоми бахшҳои он, аз ҷумла истеҳсол, интиқол, фурӯш, содирот ва ғайра ба ин ширкат тааллуқ дорад, дар ҳоле ки ҳар яки ин бахш бояд алоҳида бошанд ва чанд ширкат дар рақобат бошад ва танҳо бо ба миён омадани рақобат, метавон гуфт, ки аз ин фалокат (бебарқӣ. РО) халос шуд",--гуфт, Абдуманнон Шералиев.

Худдории намояндагони "Барқи тоҷик" аз пешниҳоди ҳар гуна маълумот дар бораи қатъи нерӯи дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 10-уми ноябр бархе сокинони шаҳри Хуҷанд паёмеке аз ин ширкат дарёфт кардаанд, ки дар он ҳушдор медиҳад, дар сурати сарфакорона истифода накардан, барқ дар манзилҳояшонро қатъ мекунанд. Аммо дар бораи меъёри истифода чизе гуфта нашудааст.

Як масъули “Барқи тоҷик” дар Хуҷанд дар шарҳи паёмаки ин ширкат ба сокинон гуфтааст, ки он ба хотири сарфаи барқ буда, хусусияти тавсиявӣ дорад.

Бо омадани фасли сармо, дар оғоз ширкати "Барқи тоҷик" далели қатъи нерӯи барқро ба корҳои таъмирию профилактикӣ рабт дода буд, вале як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар баъзе маҳаллаҳои атрофи Душнбе чунин корҳо ҷараён надорад.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2017 эълон карданд, ки лимити барқ дар Тоҷикистон ба моли таърих табдил шудааст, вале бо гузашти 4 сол ҳанӯз ҳам ҳолатҳои қатъи барқ такрор мешаванд.

XS
SM
MD
LG