Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ чӣ мегузарад? Ҳодиса, талабҳо ва вокунишҳо


Хоруғ, 26-уми ноябри 2021
Хоруғ, 26-уми ноябри 2021

Шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз 25-уми ноябр ба ин сӯ маҳалли эътирози ҳазорҳо сокини минтақа аст.

Додситони вилояти Бадахшон, Парвиз Орифзода, 27-уми ноябр аз мардум хост, ба эътирози, ба гуфтаи ӯ, “ғайриқонунӣ” поён бахшанд, “чун ҷавобгарӣ дорад”. Айни хоҳишро раиси вилоят, Алишер Мирзонабот, ҳам кардааст, вале тазоҳургарон дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба эътироз идома медиҳанд. Баръакс, гирдиҳамомадагон аз ҳукумат барои як тазоҳуроти бемуҳлат дархост додаанд.

Гулбиддин Зиёбеков кист?

Тазоҳурот дар маркази ВМКБ рӯзи 25-уми ноябр, пас аз он сар зад, ки ба нақли сокинон Гулбиддин Зиёбекови 29-сола дар амалиёти мақомот кушта шудааст.

Додситонии вилояти Бадахшон рӯзи 25-уми ноябр амалиёти боздошти Зиёбековро тасдиқ кард, аммо гуфт, ӯ "муқобилият нишон доду захмӣ шуд." Сокинон ба ин фарзия бовар надоранд ва иддао мекунанд, ки ӯ қасдона кушта шудааст.

Дар баёнияи додситонӣ Гулбиддин Зиёбеков ба "барангехтани кинаву адовати миллӣ" ва "гаравгонгирӣ, латукӯб ва шиканҷаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абдусаттор Абирзода дар моҳи феврали соли 2020" муттаҳам шудааст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, Зиёбеков ва чанд нафари дигар ин корманди додситониро барои пешниҳоди муомилаи маҳрамона бо як духтари маҳаллӣ танбеҳ дода буданд, вале раиси собиқи Бадахшон Ёдгор Файзов моҷароро ҳал карда буд. Прокурор низ дар як навори видеоӣ барои рафтораш аз мардуми Бадахшон узр пурсидааст.

Талоши боздошти Зиёбеков пас аз барканории Ёдгор Файзов дар рӯзи 5-уми ноябри имсол ва ба ин мақом таъин шудани раиси пешини шаҳри Хоруғ ва муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Алишер Мирзонабот, рӯй дод. Худи Мирзонабот мегӯяд, аз амалиёти боздошт огоҳ набуд ва ҳангоми баргузории он аз ноҳияи дурдасти Мурғоб дидан мекард.

Захмиён ва кушташудаҳо

Дар амалиёти рӯзи 25-уми ноябр ҳамчунин сокини дигари Роштқалъа, Гулназар Муродбеков, захмӣ шуда, дертар дар бемористон даргузашт.

Дар даргириҳои байни пулис ва эътирозгарон дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр шаҳрванди дигар, Тутишо Амиршоев, кушта шудааст. Мақомот то ин дам захмӣ шудани 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ ва як вакили порлумонро тасдиқ карда, дар бораи кушташудаҳо чизе нагуфтаанд.

Сокинон аз захмӣ шудани даҳҳо нафар, аз ҷумла чаҳор нафар дар рӯзи 27-уми ноябр хабар медиҳанд, вале ба сабаби иттилоъ надодани мақомоти расмӣ, санҷиши ин хабарҳо ғайриимкон аст.

Эътирозгарон чӣ мехоҳанд?

Сокинони норозӣ дар аввал боздошту муҷозоти сабабгорони марги Гулбиддин Зиёбековро талаб доштанд. Аммо дар ин миён ба сабаби печида шудани вазъ истеъфои раиси вилоятро низ хоҳонанд.

Барқарор кардани хатти Интернет ва иртиботи мобилӣ дар Хоруғ ва атрофи он, бардоштани постгоҳҳои мақомоти интизомӣ ва аз байн бурдани Ситоди байниидоравӣ аз талабҳои дигари эътирозгарон будааст. Онҳо инчунин мехостанд, раиси вилоят, Алишер Мирзонабот, ба наздашон баромада, ба суолҳо посух диҳад. Дар ду даври музокироти намояндагони эътирозгарон бо раиси вилоят, ки зоҳиран бенатиҷа анҷом ёфт, ин мавзуъ рад шудааст.

Вале рӯзи 27-уми ноябр Алишер Мирзонабот ба назди эътирозгарон баромада, аз онҳо хостааст, майдонро тарк кунанд. Ҳангоми баргаштани ӯ ба бинои ҳукумат кашокаш шуда, ба нақли яке аз сокинон, "аз тарафи эътирозгарон сангпартоӣ ва аз тарафи мақомот тирпаронӣ шуд." Додситони вилояти Бадахшон тирпарониро тасдиқ кард, вале гуфт, он огоҳкунанда буд ва ба ҳаво холӣ карда шуд.

Сокинон дар бораи захмӣ шудани чаҳор эътирозгар хабар доданд. Додситон гуфт, дар ҳамлаи эътирозгарон вакили порлумон, Азиз Гиёзода, зарари ҷисмонӣ дидааст.

Кӣ чӣ вокуниш кард?

То ин дам президент, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раҳбарони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон ва мақомоти дигари Тоҷикистон ҳодисаҳои Хоруғро шарҳ надодаанд. Дар се рӯз Додситонии вилояти Бадахшон ду изҳорот нашр кард.

Кӯшишҳо барои гирифтани дарёфти мавқеи мақомоти баландпоя то ин дам бенатиҷа буд. Дар замоне ки ҳукумати марказиву маҳаллӣ ва мақомоти қудративу интизомӣ хомӯшанд, Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи шанбе дар баёнияе гуфт, "мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ниҳодҳои қудратии дахлдор барои ҳалли ин қазия талош доранд."

Шоми 27-уми ноябр тавассути телевизиони "Бадахшон" муроҷиати ба истилоҳ фаъолони вилоят пахш шуд, ки дар он аз мардум хостаанд, ба эътирозашон поён диҳанд. Чун ба гуфтаи онҳо, гирдиҳамоии беиҷозат ҷавобгарӣ дорад. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ҳама гуна нооромӣ монеи рушди минтақа мешавад.

Дар саҳифаҳои наздик ба мақомот ҳам паёмҳои академик Мамадшо Илолов ва профессор Парвона Ҷамшед нашр шуданд, ки сокинон ва зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба хештандорӣ даъват кардаанд. Мамадшо Илолов, собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар наворе аз ҳукумати маҳаллии Бадахшон даъват кард, “ҳама кор дар доираи қонун иҷро шавад, зӯрӣ даркор нест.”

Ин ҳодисаҳо дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он ба вокунишҳои гуногун дучор шуд. Ин афрод асосан ба ҳалли осоиштаи қазия дар Хоруғ таъкид доранд.

Бар иловаи даъватҳо дар дохили Тоҷикистон, зодагони ВМКБ ва шаҳрвандони дигари Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳам чанд намоишҳои эътирозӣ гузаронданд. Аз ҷумла, чунин эътирозҳо рӯзҳои 26 ва 27-уми ноябр дар назди бинои СММ дар Ню-Йорк, Русия, Олмон баргузор шуд. Ширкатдорони ин намошиҳо хостанд, қазияи Хоруғ одилона таҳқиқ ва гунаҳкорони ҳодиса ҷазо гиранд.

Ҳизбу гуруҳҳои сиёсии хориҷ аз Тоҷикистон ба қатъи зӯроварӣ нисбати ин сокинон даъват намудаанд. Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини ҳукумат дар Аврупо, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, бо пахши изҳороте вазъи феълиро “натиҷаи сиёсатҳои иштибоҳии роҳбарияти кишвар ва мақомоти давлатӣ” хонд.

“Гуруҳи 24” як созмони дигари мамнуъ дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте, кушта шудани чанд сокини вилояти Бадахшонро маҳкум кард ва қатъи интернетро “нақзи ҳуқуқи башар” номид. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, як созмони дигари мухолифин дар хориҷа, низ истифодаи силоҳ алайҳи эътирозгаронро дар Хоруғ маҳкум кард.

"Ҳифзи субот" ё "саркӯб"?

Хоруғ, маркази ВМКБ, аз соли 2012 ба ин тараф яке аз минтақаҳои доғ ба шумор меравад. Мақомот пайваста аз вуҷуди гуруҳои ба қавли худашон “саркаш” дар минтақа нигаронӣ карда, ҳар чанд вақт амалиётеро ба роҳ мемонанд. Сокинони минтақа бовар доранд, ҳадафи Душанбе саркӯби мардуми озодандеш аст.

Ҳузури низомиён дар маркази Бадахшон баъди он бештар шуд, ки моҳи сентябри соли 2018 президент Эмомалӣ Раҳмон аз бедодгариҳои, ба қавли ӯ, "чор ҷинояткор" дар Хоруғ норозигӣ кард ва ба мақомот барои ҳалли масъала муҳлат дод.

Танқидҳои ӯ боис ба тағйироти кадрӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд. Дар баробари ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуд.

XS
SM
MD
LG