Даҳҳо сокини ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъ омада, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги Гулбиддин Зиёбекови 29-сола шуданд. Онҳо ҷасадро бо худ ба назди ҳукумат оварданд. Додситонии вилояти Бадахшон дар изҳороти расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр кардааст.
Захмӣ шуд ё дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт?
Ба нақли манобеъ, Гулбиддин Зиёбеков, сокини Шохдараи ноҳияи Роштқалъа, дараи наздик ба Хоруғ, "дар пайи амалиёти мақомоти қудратӣ" кушта шудааст.
Мақомот рӯзи 25-уми ноябр амалиётро тасдиқ карда, гуфтанд, ҳодиса субҳи панҷшанбе рӯй додааст. Додситонии вилояти Бадахшон дар баёнияи расмӣ гуфт, ин сокини Роштқалъа бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ – гумонбар ва таҳти ҷустуҷӯ буд.
"Ҳангоми... боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз пистолети тамғаи "Макаров", ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид," – омадааст дар изҳорот.
Аммо баъзе аз шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Гулбиддин Зиёбеков "дар роҳ аз Шоҳдара ба Хоруғ аз сараш тир хӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст." Як ҳамсуҳбати мо дар вилоят бо шарти фош нашудани номаш гуфт, "мақомоти қудратӣ мехостанд, ӯро дар пайванд ба латукӯби корманди додситонии ноҳияи Роштқалъа дар соли 2020 дастгир кунанд."
Нақли шоҳидон, изҳороти додситонӣ
Додситонии вилояти Бадахшон дар изҳороти худ гуфтааст, "Зиёбеков ва ҳамроҳонаш рӯзи 1-уми феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд."
Маълум нест, чаро дар як соли гузашта амалиёти боздошти онҳо анҷом нашудааст.
Мақомот гуфтанд, Зиёбеков ва ҳамроҳонаш "даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд."
Ин дар ҳолест, ки ба нақли як сокини Роштқаъла, "Гулбиддин Зиёбеков ва чанд нафари дигар корманди додситонии ноҳияи Роштқалъаро барои пешниҳоди муомилаи маҳрамона бо як духтари маҳаллӣ гӯшмол дода буданд, вале раиси собиқи Бадахшон Ёдгор Файзов масъаларо ором карда буд. Прокурор дар як навори видеоӣ аз мардуми Бадахшон узр пурсида буд."
Наворро инҷо бинед:
Ҳоло, гуфта мешавад, бо таъини раиси нави вилоят парванда дигарбора таҳқиқ мешавад. Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, мардум дар маркази Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр раиси нави Бадахшонро масъули ҳодисаи ахир медонанд.
Алишер Мирзонаботов, раиси нави вилояти Бадахшон, барои суҳбат то ин дам дастрас набуд. Манобеи наздик ба ӯ гуфтанд, ки Мирзонаботов бо як сафари корӣ дар ноҳияи Мурғоб аст ва эҳтимол дертар ба Хоруғ бирасад.
"Ҳодисаро додситонии низомӣ тафтиш дорад ва маъмурони амниятӣ, ки дар ин ҳодиса ширкат доштанд, бозҷӯӣ мешаванд," -- гуфт як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон.
Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй медиҳад, ки номи вилояти мухтори Бадахшон дар ҳафтаҳои охир бо сабаби ба таври ногаҳонӣ ва зудҳангом барканор шудани раиси пешини он, Ёдгор Файзов, дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст.