Беш аз сад нафар аз бадахшониёни муқими Русия шоми 25-уми ноябр бо нишони эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҷаммуъ карданд.
Онҳо аз амалиёти мақомоти қудратии Тоҷикистон дар минтақа норозӣ ҳастанд, ки дар пайи он рӯзи 25-уми ноябр як сокини Роштқалъа кушта шудааст. Мақомот мегӯянд, Гулбиддин Зиёбекови 29-сола ҳангоми амалиёти боздошт "муқобилият нишон дод ва захмӣ карда шуд".
Рӯзи 25-уми ноябр даҳҳо сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа низ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тазоҳурот карданд. Онҳо тобути Гулбиддин Зиёбековро бо худ ба назди ҳукумати маҳаллӣ оварда, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги ӯ шуданд.
Яке аз эътирозгарон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз ҳукумат талаб доранд, ки иртиботро бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барқарор карда, омилони марги сокини Роштқалъаро ҷазо диҳанд.
Ба гуфтаи онҳо, пас аз сар задани ҳодиса, иртибот бо Бадахшон қатъ шудааст ва Интернету симкортҳои телефонҳои мобилӣ кор намекунад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Гулбиддин Зиёбеков бо гумони даст доштан дар гаравгонгирии як корманди додситонии Роштқалъа як сол боз кофтуков мешуд ва "ҳангоми боздошт бо туфангча муқобилият нишон дод". Мақомот дар эъломияи расмӣ танҳо захмӣ шудани ӯро зикр кардаанд.
Эътирозгарон дар Маскав зоҳиран бо ин фарзия розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, дар сурати иҷро нашудани талабҳояшон ба эътироз идома хоҳанд дод.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мавриди тазоҳурот то ҳол чизе нагуфтааст. Масъулонаш ба тамосҳои батакрори Радиои Озодӣ то ин дам посух надоданд.