Рӯзи шанбе, 30-юми октябри имсол, наздик ба 5,5 ҳазор кӯдаку калонсол дар як вақт ба тамошои Боғи ҷонварони шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, рафтанд. Дари Боғи ҷонварон бо сабаби пандемияи коронавирус беш аз як сол баста буд. Онро баҳори имсол тадриҷан боз карданд.
Ҳоло барои ворид шудан ба хонаҳои зимистонаи ҷонварон шумори маҳдуди тамошобинон бо ниқоби тиббӣ иҷозат доранд. Вале ҷонварон на парвои пандемия доранд ва на аз тамошобинон меҳаросанд.
Масалан, дар қисмати поёнии боғ дар як майдони наву сабзе хонаи нави кенгуру сохтаанд. Ҳоло тамошобинон метавонанд, дар дар ин майдони барҳавое, ки атрофашро бо панҷараҳои борик бастаанд, дар назди оилаи чорнафарии австралиягиҳо бошанд.
Боғи ҷонварони Прага чандин намуд мурғхона дорад ва вобаста ба табиату хулқу рафторашон ҳар паррандаро аз ҳам ҷудо нигаҳ медоранд. Паррандаҳои бузурге ба монанди турнаву лаклак дар майдони васеъ гардиш мекунанд, ҳамҷинсони хурдтарашон дар хонаҳои хурдтар.
Ҳавои боғ он рӯз гарму форам буд ва мурғи қошуқдаҳон, ки ранги сафеду гулобиранги зебо дошта, қаноти баланду васее дорад, дар кӯл оббозӣ мекард. Решаҳои ӯ аз Флоридаи офтобиянд ва дар хонаи имрӯзааш – Аврупои Шарқӣ – зоҳиран аз гармии нодири поёни тирамоҳ бахубӣ истифода мекард. Баъди оббозӣ бо нӯли бузурги қошуқмонандаш ҳар як пари баданашро хушк карда, болҳояшро пурра кушода бод медод.
Дар Боғи вуҳуши Прага ҷонвари даррандаи дигаре хона кардааст. Номашро донишмандон “шайтони тасманӣ” гузоштаанд, ки зоҳиран бо ишора ба симову табиаташ мебошад. Ин ҷонвари дар шакл сагмонанд аввал дар зери нурҳои офтоб дар рӯи санге дароз кашида буд, вале ногаҳон ба дохили алафзоре даромада, бо як ҳамзисти дигараш ҷанҷол кард. Тамошобинони ин саҳна гуфтанд, воқеан ҳам лоиқи номаш будааст.
Аксар ҷонварон, мисли фламингову ҷайраву хук, ҳамоно дар ҳавои тоза гардиш мекарданд, вале хонадони серҷамъияти филҳову заррофаҳоро аллакай ба хонаҳои зимистонаашон ҷой додаанд.
Филҳои осиёӣ як ифтихори Боғи ҷонварони Прага ҳастанд. Аввалин филҳои осиёӣ ба ин боғ ҳанӯз соли 1933 оварда шуданд ва аз он замон ин ҷо чандин насли нав бузург шудааст.
Вақти хӯроки нисфирӯзӣ зану шавҳари фил ду филбачаи зоҳиран чорсолаашонро ба “ресторан” оварданд. Пашми нарми рӯи бадани филбачаҳо ҳанӯз нарехтааст. Хӯроки имрӯза коҳи хушмазза аст. Волидон аввал коҳро аз дохили халтаи шикоф кашида мегиранд ва коҳи рехтаро фарзандонашон аз замин чида мехӯранд.
Мисли онҳо заррофаҳои африқоии босалобат ҳам дар дохили хонаҳои баланди зимистонаашон гардиш мекунанд. Хӯроки онҳо ба назар соддатар менамояд – як шохи дарахте, ки онро ҳамсарон заррофаҳо бо ёрии забони дарозашон канда мехӯранд.
Боғи ҷонварони шаҳри Прага яке аз дастовардҳои бисёр муҳими Ҷумҳурии Чех аст.
Дар зимн, тақрибан дар ҳар як шаҳри ин кишвар боғи ҷонварони ҷудогонае амал мекунад ва ҳар яке аз ин макон дар баробари ҷои тафреҳу дилхушӣ, муассисаи илмӣ ҳам мебошад, ки бо афзоиш саршумори ҷонварон машғул аст.
Як роҳаш табодули ҷонварони нодир бо боғи вуҳуши кишварҳои дигар аст. Масалан, соли 2018 ба боғи ҷонварони шаҳри Ҳлубока над Влтавоу хирси модаеро бо номи Гул аз Тоҷикистон оварданд, ки баъди издивоҷаш насл ба дунё овард.
Номи хирсаке, ки баъди кӯч додани модараш аз боғи ҷонварони Душанбе дар Ҷумҳурии Чех таваллуд шуд, бо ёрии хонандагони вебсайти Радиои Озодӣ интихоб гардид. Аз миёни даҳҳо номи тоҷикии пешниҳодии хонандагони вебсайти Озодӣ, парасторони хирсак маҳз номи илмии “Нохунсафед”-ро хуш пазируфтанд.