Шурӯъ аз 28-уми октябр дар Ҷумҳурии Чех, кишвари аврупоие бо 10,5 миллион аҳолӣ қуюди шабгардӣ ҷорӣ мешавад, чун шумори олудагӣ ба коронавирус дар ин кишвар дар ҳоли афзоиши босуръат аст. Дар як шабонарӯзи 27-уми октябр беш аз 15 ҳазор нафари дигар ба коронавирус олуда шуданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки давоми ду ҳафтаи ахир дар ин кишвар меъёрҳои сахттари маҳдудкунанда ҷорӣ шудааст.
Бо қарори ҳукумат, идораву корхонаҳо ҳаддалимкон ба кори фосилавӣ гузашта, мактабҳо ҳам интернетӣ дарс медиҳанд. Тафреҳгоҳу муассисаҳои ҷамъиятии мисли тарабхонаву бар, варзишгоҳу толорҳо то 2-юми ноябр баста шуданд ва аз ҷумла боғи маъруфи ҷонварони Прага ҳам дарҳояшро ба рӯи муштариҳо бастааст.
Ин аст, ки бисёр сокинони ташнаи ҳавои тоза худро ба боғу паркҳои маҳаллӣ задаанд ва талош мекунанд, аз назокати тирамоҳи заррин ҳаловат бубаранд.
Боғи Пруҳонисе яке аз чунин маконҳои маъруфи канори Прага мебошад.