Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" пас аз латукӯби Ҳоҷӣ Бобо паноҳҷӯёнро аз Ишкошим рондаанд


Паноҳҷӯёни афғон дар марз бо Тоҷикистон
Паноҳҷӯёни афғон дар марз бо Тоҷикистон

Нерӯҳои "Толибон" садҳо паноҳҷӯйи афғонро аз ноҳияи Ишкошими Афғонистон, ҳаммараз бо Ишкошими Тоҷикистон, ронда, ба гуруҳи боқимонда як рӯз муҳлат додаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Бино ба гузоришҳо, дар Ишкошим наздик ба 2000 паноҳҷӯ ҷамъ омада буданд. Волии "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон аз ин афрод "беҷошудагони дохилӣ" ном бурдааст.

Садҳо паноҳҷӯ дар ҳоле аз марз бо Тоҷикистон ронда шудаанд, ки Душанбе дар бештар аз як моҳи охир ба даромадани онҳо ба хоки кишвар иҷозат надодааст. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, нерӯҳои "Толибон" рӯзҳои охир яке аз паноҳҷӯёнро ба қатл расонда, як нафари дигарро бо номи Ҳоҷӣ Бобо латукӯб карданд.

"Вазъи Ҳоҷӣ Бобо бисёр вазнин аст, чун ӯро бо автомат шиканҷа додаанд. Барои он задаанд, ки гуё ба муҳоҷирон роҳ нишон медод. Ба ӯ гуфтаанд, аз инҷо наравад, мекушанд. Ҳоло ба мошинҳо нишаста меравем, аммо намедонем ба куҷо. Ҷонамон дар хатар аст", -- нақл кард яке аз паноҳҷӯён дар суҳбати телефонӣ рӯзи 4-уми октябр.

Акси Ҳоҷӣ Бобо ба мо дастрас шуда, дар он сару рӯяш захмӣ ва дасташ бастааст. Манбаъҳо гуфтанд, ӯро пизишкон муоина кардаанд.

Баъзе аз паноҳҷӯён дар Ишкошим мегӯянд, аз вилояти Панҷшер ҳастанд ва бо умеди онки Тоҷикистон роҳашон медиҳад, ба сарҳад омада буданд. Яке аз занони паноҳҷӯ дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ ва бо шарти зикр нашудани номаш гуфт:

"Мо дар вазъияти бисёр бад ҳастем. Дар Панҷшер будем, омада, як оиларо куштанд, дарвозаашро бастанд, на ҷаноза маълум шуд, на чизи дигар. Мо гурехта ба Кобул рафтем. Ҷон ба саломат бурдем, вале дар Кобул кор набуд, гуруснагӣ буд. Қарз карда, ба инҷо омадем. Гуфтем, тоҷик ҳастем, Тоҷикистон мегузорад, аз инҷо бароем. Хайр аз Худо мешавад, киштӣ равон мекунед ё кори дигар, ин заҳматро бикашед. Мо ҳам одам ҳастем, заҳмататонро беҷавоб намемонем."

Дар ҳамин ҳол, волии "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон рӯзи 4-уми октябр гуфтааст, 600 беҷошударо аз марзи Афғонистону Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргардондаанд. Хабаргузори “Синҳуа”-и Чин аз қавли Мавлавӣ Амонуддин Мансур навишт, ин афрод дар натиҷаи задухӯрдҳои шадид дар моҳҳои пеш аз ишғоли “Толибон” овора шуда буданд.

"Онҳо дар саҳро ва дар ҳолати вазнин зиндагӣ мекарданд. Пас аз он ки мақомоти минтақа амнияти онҳоро таъмин карданд, ба хонаҳои худ баргаштанд", -- иддао намудааст Мавлавӣ Амонуддин Мансур.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз паноҳҷӯён мегӯянд, зери фишори “Толибон” ва таҳдиди куштан ба тарки ноҳияи Ишкошим водор шудаанд. Яке аз паноҳҷӯён, ки ба далоили амниятӣ номаш нашр намешавад, 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аз Ишкошим ба минтақаҳои дигар раҳсипоранд, аммо тақдири ояндаашон рӯшан нест. "Мо кӯшиш мекунем, бештар ба минтақаҳое равем, ки бо Тоҷикистон сарҳад дошта бошад. Дар сурати гирифтани иҷоза, ворид шудан ба хоки Тоҷикистон осон мешавад”, -- гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон бо вуҷуди гузоришҳои батакрор дар боари вазъи паноҳҷӯён дар сарҳади Афғонистон вокуниш накардаанд.

Бино ба гузоришҳо, дар ноҳияи Ишкошими Афғонистон наздик ба ду ҳазор паноҳҷӯ ҷамъ омада, аз охирҳои моҳи август ба ин сӯ талош доштанд, дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ ёбанд. Вале мақомоти марзбонии Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки паноҳандагонро ба гузаштан аз марз иҷоза надиҳанд.

Дар се моҳи охир мавзӯи паноҳандагони афғонистонӣ ба Тоҷикистон доғ шудааст. Дар моҳи июн ва июли имсол мақомот аз ақибнишинии низомиёни ҳукумати Афғонистон ба хоки Тоҷикистон расман хабар дода буданд, аммо пас аз тасарруфи ин кишвар аз ҷониби "Толибон" дар бораи вуруди паноҳандагон иттилои расмӣ нашр намешавад. Мақомот дар бораи ин мавзуъ суҳбат намекунанд ва макони будубоши паноҳандагони афғонро пинҳон медоранд.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 14-уми сентябри имсол дар хабарномае гуфт, дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон то 5 ҳазор фирорӣ аз Афғонистон паноҳ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG