Гурӯҳи тундрави Толибон, ки аз се ҳафта ба ин тараф назорати Кобулро дар даст дорад, пешниҳоди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъудро рад кардааст. Аҳмад Масъуд рӯзи 5-уми сентябр гуфт, ки ба хотири сулҳ омодааст, ҷангро қатъ кунад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ, рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер фурсати гуфтугӯро аз даст додааст". Ӯ афзуд, "замони гуфтугӯ гузаштааст. Вақти он аст, ки чораҳои қотеона рӯи даст гирифта шавад. Намехоҳем, ки дар Афғонистон як ҷазираи алоҳида вуҷуд дошта бошад. Талош кардем, ҷанг сурат нагирад ва мавзуъ аз тариқи музокирот ҳал шавад. Уламо шоҳид ҳастанд."
Аммо шуморе аз олимони динӣ рӯзи гузашта дар Кобул тайи ҳамоише аз тасмими Толибон ба шурӯи ҷанг интиқод карданд. Онҳо аз ҷумла гуфтанд, ки Толибон ҳудуди ду сол бо Амрико сари мизи гуфтугӯ нишаст, аммо пас аз ҳамагӣ 3-4 рӯзи музокирот бо намояндагони Ҷабҳаи муқовимат ба Панҷшер юриш бурд.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон ва писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, рӯзи якшанбе дар "Фейсбук" навишт, ки аз тавсияҳои олимони динӣ дар Кобул барои пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ ва сулҳомези Панҷшер истиқбол мекунад. Ӯ дар идома навишт, агар Толибон ҷангҷӯёнашонро аз Андароби вилояти Бағлон ва вилояти Панҷшер берун кунанд, ба гуфтаи ӯ, Ҷабҳаи муқовимат ҳам ба таври фаврӣ аз ҷанг даст хоҳад кашид ва ба гуфтугӯ омода хоҳад шуд.
Толибон 5-уми сентябр дар шашумин рӯзи ҷанг дар Панҷшер иддао карданд, ки то маркази ин вилоят расиданд. Аммо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, садҳо тан аз Толибонро кушта ва садҳо тани дигарро асир гирифтааст. Ҷабҳаи муқовимат гуфт, Толибон дар муҳосира қарор доранд.
Ҷангҷӯёни Толибон баъд аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳукуматашон аз тарафи нерӯҳои байналмилалӣ рӯзи 15-уми августи имсол Кобулро ишғол карданд. Ҳоло гурӯҳ тамоми бахшҳои Афғонистонро зери идораи худ дорад, вале Панҷшер таслим нашудааст.
Дар оғоз ду тараф барои ҳалли қазия гуфтугӯ доштанд. Ҷанг пас аз он сар шуд, ки як намояндаи "Толибон" гуфт, музокирот бо Ҷабҳаи муқовимат натиҷа надод. Бо гузашти се ҳафта аз замони ишғоли Кобул, гуруҳи Толибон ҳукумати нави худро эълон накардааст.
Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини Толибон ва раиси дафтари сиёсии ин гурӯҳ дар Қатар, гуфтааст, кор дар мавриди ташкили ҳукумати "ҳамашумул" ҷараён дорад. Ҳамзамон раиси Созмони истихбороти низомии Покистон генерал Файз Ҳамид аз се рӯз ба ин тараф дар Кобул қарор дорад ва гуфта мешавад, яке аз ҳадафҳои сафари ӯ, ёрӣ ба Толибон дар ташкили ҳукумат аст.
Сафари ин мақоми баланпояи покистонӣ ба Кобул ҳамзамон вокунишҳои тундеро миёни маҳофили коршиносии Афғонистон ба миён овардааст. Онҳо Исломободро ба мудохилаи ошкоро дар умури кишварашон муттаҳам карда, мегӯянд, ки Толибон як гуруҳи дастнишондаи Покистон ҳаст.
Аммо Толибон гуфтаанд, ки раиси ISI барои баррасии ҳамкориҳои дуҷониба ба Кобул сафар кардааст. Дар муқобил мунтақидон гуфтаанд, ки дар урфи дипломатӣ робитаҳои кишварҳо аз тариқи Вазоратҳои корҳои хориҷӣ танзим мешавад ва сафари раҳбари Созмони истихбороти низомии Покистон ба Кобул дар чунин шароит ҳадсу гумонҳо дар робита ба пуштибонии Исломобод аз Толибонро бештар кардааст.