Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Аҳмад Масъуд, дар Панҷшер кушта шудааст


Фаҳими Даштӣ
Фаҳими Даштӣ

Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон, шоми 5-уми сентябр дар вилояти Панҷшер кушта шудааст. Ӯ касе буд, ки чанд рӯзи охир тозатарин хабарҳоро аз даргириҳои Панҷшер ба расонаҳои ахбори ом дастрас менамуд.

Али Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат, дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар дод, ки ҳамроҳ бо ӯ генерал Абдулвадуд Зарра, хоҳарзодаи Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, низ ҷон бохтааст.

Ба иттилои Назарӣ, ҳардуи онҳо дар набард бо ҷангҷӯёни Толибон кушта шуданд. Саҳифаи расмии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Твиттер иттилоъро тасдиқ кард.

Фаҳими Даштӣ, рӯзноманигори шинохта ва аз мудофеони озодии баён дар Афғонистон буд. Ӯ бист сол пеш, моҳи сентябри соли 2001, аз ҳамлаи интиҳории гурӯҳи "Ал-Қоида", ки сабаби марги Аҳмадшоҳи Масъуд шуд, ҷон ба саломат бурда буд.

Тақрибан як ҳафта боз ҷанг миёни нерӯҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер идома дорад. Ин вилоят танҳо минтақаи Афғонистон аст, ки ба ҷангҷӯён таслим нашудааст.

Гуруҳи Толибон пас аз бист соли сарнагунии ҳокимияташ рӯзи 15-уми августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. Дар рӯзҳои гузашта ду тараф аз ҳамлаҳо ва пешрафту талафот ба якдигар хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG