Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон: "Панҷшерро гирифтем". Ҷабҳаи муқовимат: "Хабар нодуруст аст"


Аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер
Аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер

Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ иддаои гурӯҳи тундрави Толибонро дар бораи ишғоли вилояти Панҷшер фавран рад кард. Субҳи 6-уми сентябр Толибон изҳор намуданд, ки Панҷшер таҳти тасарруфи онҳо қарор гирифт. Хатти телефон, интернет ва нерӯи барқи Панҷшер фаъол нест ва аз ин рӯ, тасдиқи ин хабар аз манбаъҳои мустақил то ҳол даст надодааст.

Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки ба Толибон таслим нашудааст. Рӯзҳои ахир дар ин вилояти кӯҳии шимолу шарқи Афғонистон бархӯрдҳои Толибон бо Ҷабҳаи муқовимати миллии зери раҳбарии Аҳмад Масъуд ҷараён дорад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, рӯзи 6-уми сентябр бо нашри эъломия гуфт, ки Панҷшер ба таври комил ба назорати ин гурӯҳ даромадааст. Ӯ гуфтааст, бо тасарруфи Панҷшер "кишвар комилан аз гирдоби ҷанг" берун шуд. Дар эъломияи ин гурӯҳи тундгаро гуфта шудааст, "Толибон ба бошандагони вилояти Панҷшер итминон медиҳад, ки бо онҳо ҳеч гуна бархӯрди табъизомез сурат намегирад".

Дар пайи нашри хабарии ишғоли Панҷшер аз сӯи Толибон, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, "иддаои душмани мутаҷовиз дар бораи тасарруфи Панҷшер нодуруст аст".

Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар Фейсбук навишт, "нерӯҳои муқовимати миллӣ дар қароргоҳҳо, ки аз пеш эҷод шуда буд, ҳузур доранд ва аз шаби гузашта то кунун ҷанг дар нуқтаҳои мухталиф идома дорад. Мардуми Афғонистон мутмаин бошанд, ки муқовимат то расидан ба озодӣ ва адолат ба нусрати Худованд идома меёбад".

Тасдиқи мустақили ҳодисаҳо дар Панҷшер душвор аст, зеро гурӯҳи Толибон хатҳои телефон, интернет ва барқро дар ин ноҳия қатъ кардааст.

Рӯзи гузашта Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пешниҳод кард, ки омодаи сулҳ аст, агар Толибон ҳамлаҳои худро ба Панҷшер қатъ кунад. Аммо Толибон ин тарҳи Ҷабҳаи муқовимати миллиро напазируфтанд.

XS
SM
MD
LG