Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯёни Толибон ба куштани як зани ҳомила муттаҳам мешаванд


Занони афғон риоя шудани ҳуқуқи худро хостанд. Кобул, 3-юми сентябри 2021
Занони афғон риоя шудани ҳуқуқи худро хостанд. Кобул, 3-юми сентябри 2021

Ҷангҷӯёни Толибон ба куштани як зан дар вилояти Ғӯри Афғонистон муттаҳам мешаванд. Ин зан пештар дар идораи полис кор мекард.

Пайвандонаш ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки ҷангҷӯён ӯро дар манзилаш дар Фирӯзкӯҳ (маркази вилояти Ғӯр) ба қатл расонданд. Бино ба баъзе гузоришҳо, зан ҳаштмоҳа ҳомила буд.

Ҳасан Ҳакимӣ, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вилояти Ғӯр, ки ҳоло дар хориҷа ба сар мебарад, ба хабаргузории dpa-и Олмон гуфтааст, "Нигор дар назди шавҳару писараш кушта шуд".

"Мо аз тақдири занҳое, ки қаблан дар идораи полис, паноҳгоҳҳо ва шуъбаи кор бо занон фаъолият доштанд, нигарон будем. Толибон борҳо ҳушдор дода буданд", -- гуфтааст Ҳакимӣ.

Гуруҳи Толибон баъд аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳокимияти худ рӯзи 15-уми августи имсол дигарбора назорат бар Афғонистонро (ба истиснои вилояти Панҷшер) ба даст гирифт.

Намояндагони гуруҳ дар аввал қавл доданд, ки ба ҳуқуқи занон эҳтиром мегузоранд, вале рӯзҳои охир дар бораи саркӯби бонувон аз тарафи ҷангҷӯён гузоришҳо мерасад.

Дар давоми ҳукмронии Толибон дар солҳои 1996-2001 занону духтарон аз ҳаққи кору таҳсил маҳрум буда, танҳо бо бурқа ва ҳамроҳии як марди аъзои хонавода ҳаққи ба берун рафтан доштанд.

Тайи ду рӯзи гузашта занон дар Афғонистон бо талаби риояи ҳуқуқ, баробарӣ ва адолату демократия дар Кобул ва Ҳирот тазоҳурот карданд.

XS
SM
MD
LG