Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД фарзияи куштори мудҳиш дар Ҷайҳунрор гуфт. Наздикони гумонбар: "Ӯ бегуноҳ аст". ВИДЕО


Қатли чор узви як оила, ки се нафарашон кӯдак буданд, суолҳои зиёде эҷод мекунад
Қатли чор узви як оила, ки се нафарашон кӯдак буданд, суолҳои зиёде эҷод мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар барномаи телевизиониаш хабар дод, ки куштори аъзои оилаи Аҳлиддин Маҳмадовро ошкор кардааст. Дар гузориши ВКД Қиёмиддин Насриддинов – шахсе, ки ӯро гумонбари асосӣ дар куштори 12 июн дар ноҳияи Ҷайҳун муаррифӣ кардаанд, мегӯяд, ки гӯё сабаби асосии куштори мудҳиш доштани робитаҳои маҳрамонаи Маҳмадов бо ҳамсари дӯсташ Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев будааст. Дар ҳоле, ки санҷидани дурустии ин ҳарфҳо бо сабаби дар боздошт шудани гумонбар имкон надорад, дар гузашта наздикони ду боздоштшуда бо иттиҳоми қатли чор узви хонаводаи Маҳмадовҳо ба бегуноҳиву шадидан шиканҷа шудани онҳо таъкид кардаанд.

Дар гузориши видеоии ВКД боздоштшуда Насриддинов мегӯяд, ки «бо маслиҳати пешакӣ бо Ҳайбуллоев даст ба ин ҷинояти сангин задаанд».

Ҳодиса 12 июн рух дод. Он замон мақомот гуфтанд, ки шахсони номаълум ба хонаи як сокини ноҳия Аҳлиддин Мамадови 39-сола даромада, қасди куштори 6 нафар аъзои оиларо карданд. Онҳо бо табар ба чор фарзанд, худи Аҳлиддин Маҳмадову ҳамсараш дарафтоданд ва баъди ҳамла хонаро оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

Дар натиҷа се фарзанди мард ва худаш ҳалок шуда, ҳамсар ва як писараш дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфтанд.
Пайвандони Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев иддао доранд, ки онҳо шиканҷа шудаанд ва эҳтимол зери фишор гуноҳро ба гардан гирифтаанд.

Шикояти наздикони гумонбарон ба куштори чаҳор кас дар Ҷайҳун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

XS
SM
MD
LG