Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сараш аз тан ҷудо буд." Қатли Руфайдаи 8-сола баҳси озори кӯдаконро дубора доғ кард. ВИДЕО


Руфайда Иноятова имсол синфи якумро хатм кард
Руфайда Иноятова имсол синфи якумро хатм кард

Қатли духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоиро нигарон кардааст. Онҳо талаб доранд, ки гунаҳкор ҷазои сахт гирад ва айни замон муҷозот барои озори ноболиғон шадидтар шавад. Мақомот мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Фоҷиа чӣ хел сар зад?

Куштану пора кардани ҷасади Руфайда рӯзи 4-уми июл дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ соати 14-и он рӯз “барои қазои ҳоҷат ба манзили бибиаш рафтааст”, ки 20-30 метр дуртар аз хонаи онҳо ҷойгир аст. Волидонаш дар хонаҳои дуошёна зиндагӣ мекунанд, ки ҳоҷатхонааш дар беруни биност.

Дар рӯзи ҳодиса, ба гуфтаи пайвандон, Руфайда ба ҳоҷатхонаи бибиаш мерафт ва бо ҳамин нопадид шуд. Роҳи ин наврас барои рафтан ба хонаи бибиаш аз назди роҳрав (подъезд)-и ҳамсояашон мегузарад, ки ҳоло дар қатли ӯ гумонбар аст.

Зулайхо Одинаева, холаи Руфайда, рӯзи 7-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар вақти ҳодиса касе дар берун набуд ва маълум нест, ки ҳамсоя хоҳарзодаи хурдсоли ӯро чӣ гуна ба хонааш даровардааст. Одинаева мегӯяд, шубҳаи онҳоро рафтори зани ҳамсоя зиёд кард, ки ҳоло писараш дар қатли Руфайда гумонбари асосӣ дониста мешавад.

“Ҳама ҳамсояҳо ҷамъ шуда, Руфайдаро мекофтем. Дар ҳамин вақт модари ҳамон бача даромадгоҳи биноро бо хлор тоза мекард. Ҳама ҳайрон шудем. Баъд дарашро маҳкам карда рафт. Мо ҳайрон шудем, ки ҳамсоя чаро пеши мо наомад ва кумак накард. Вақте барои ҷустуҷӯ ба хонаҳо даромадем, манзили ин зан бо хлор тоза карда шустагӣ буд”, -- нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Ҳамсояи Руфайдо бо гумони таҷовуз ва қатли ӯ боздошт шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

“Сараш аз баданаш ҷудо шуда буд”

Сокинони шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, то нимашаб деҳа ва даруни заминҳои атрофро ҷустуҷӯ карданд, вале Руфайдаро пайдо накарданд. Дар ин кофтукоб кормандони милиса бо сагҳои бӯйгир низ ширкат кардаанд. Як рӯз пас ҷасади наврас аз дохили ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфт шудааст.

Одил Азизов, сокини шаҳраки Навобод мегӯяд, вақте ҷасадро аз дохили ҳоҷатхона гирифтанд, сар аз тан ҷудо шуда буд. Азизов гуфт, ҷасади Руфайдаро аз ҳоҷатхонаи пушти манзили Раҳматулло Гадоев пайдо кардаанд.

Гадоев гумонбари асосӣ дар қатли Руфайда мебошад. Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки ӯро боздошт кардаанд ва додситонии ноҳияи Рӯдакӣ ҳодисаро таҳқиқ дорад. Вале мақомот бо далели халал нарасондан ба рафти тафтишот аз шарҳи бештар худдорӣ мекунанд.

Талошҳои мо барои суҳбат бо наздикони Раҳматулло Гадоев то ин дам бенатиҷа буд. Ӯ дар боздошт аст ва дари манзилашон ҳам бастааст. Дар чунин шароит маълум нест, ки Гадоев дар бораи ҳодиса чӣ назар дорад ва то куҷо гуноҳро эътироф мекунад. Дар бораи Раҳматулло Гадоев танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки 30-сола аст ва ҳамроҳи оилаву се фарзандаш солҳо дар ҳамсоягии волидони Руфайда зиндагӣ мекардааст. Модараш, ки наздикони наврас ӯро дар ҳамдастӣ ба кирдори писараш муттаҳам мекунанд, дар яке аз беморхонаҳои Душанбе тамизкор (санитарка) будааст.

Сокин: Се сол пеш ба духтари ман чашмак мезад

Ҳадди ақал ду ҳамсояи ин мард ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пештар низ Раҳматулло Гадоев нисбат ба фарзандони хурдсоли онҳо амалҳои шубҳаовар мекард. Вале ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки чаро ба мақомот муроҷиат накарданд, сокинон посухи рӯшан надоранд.

Меҳриннисо Исмоилова, сокини шаҳраки Навобод, гуфт, се сол пеш ҳамсояашон Раҳматулло нисбат ба духтараш рафторҳои шубҳаовар карда буд. “Духтарчаам гуфт, оча, акаи Раҳматулло тарафи ман чашмак мезанад. Бовар накардам, чунки дар кӯча медидем, салом карда мегузашт. Ба ҳар ҳол духтарамро огоҳ кардам, ки дигар салом накунед.”

Дар шароите, ки Раҳматулло Гадоев дар боздошт аст, тасдиқи дурустии иддаои ҳамсояҳо ғайриимкон аст.

Мақомот: дар Кодекси нав ҷазо сахттар шудааст

Қатли Руфайда вокуниши тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард ва садҳо нафар онро маҳкум карданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо фиристодани мактуб аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси миллӣ талаб карданд, ки қатли наврасро зери назорат бигирад. Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ рӯзи 7-уми июл бо нашри иттилоияе гуфт, куштори Руфайда Иноятова “раванди тафтиши ин ҷинояти мудҳиш зери назорати қатъӣ қарор дорад.”

Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб доранд, афроде, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғон даст мезананд, бояд ба қатл маҳкум шаванд. Вале бархе дигар гуфтанд, бо баҳонаи қатли ноболиғ бозгардондани ҳукми қатл ба кишвар дуруст нест ва мақомот бояд роҳҳои дигари ҳалли мушкилро пайдо кунанд.

Фаъолон хостори таҳқиқи "қазияи таҷовуз ва қатли Руфейдаи 8-сола" шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ рӯзи 7-уми июл хабар дод, ки дар тарҳи Кодекси нави ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон сахттар шудааст, вале нагуфтааст чӣ гуна.

Кушторе, ки қазияи Ҳувайдоро ба хотирҳо овард

Руфайда Иноятова, наврасе, ки қатлаш вокунишҳои тундро ба миён овардааст, дугоник буд. Ӯ ҳамроҳи хоҳараш Румайсо моҳи июли соли 2013 ба дунё омадаанд ва чанд рӯз пас зодрӯз доштанд. Зодрӯзе, ки дигар ҳеч гоҳ фаро намерасад, ба ҷуз он ки доғи фарзандро дар дили падару модар ва наздикон амиқтар мекунад. Волидони Руфайда танҳо як хоҳиш доранд, ки он ҳам тантанаи адолат ва муҷозоти сахти қотили духтарашон аст.

Қатл ва реза-реза кардани ҷасади духтари хурдсол дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст. Вале бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, куштори Руфайдаро ба ҳодисаи Ҳувайдо Тиллозода монанд карданд. Ҳувайдои 5-сола аз Кӯлоб се сол пеш дар шаҳри Серпуховои Русия аз сӯи як ҳамсояаш таҷовуз ва кушта шуд. Ҳарчанд бо гузашти се сол то ҳол гумонбари асосӣ дар қатли ноболиғ ба зиндон маҳкум нашудааст.

XS
SM
MD
LG