Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздик ба 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек дармондаанд. ВИДЕО


Фурудгоҳи Бишкек, 25-уми май
Фурудгоҳи Бишкек, 25-уми май

Наздики 300 шаҳрванди Тоҷикистон бо сабаби баста шудани марзҳои Қирғизистон дар фурудгоҳи Бишкек банд мондаанд ва ба онҳо иҷозаи вуруд ба хоки Қирғизистон дода нашудааст.

Ба мусофирон иҷозаи берун шудан аз ҳавопайморо надодаанд
Ба мусофирон иҷозаи берун шудан аз ҳавопайморо надодаанд

Наздики 200 мусофир бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” шаби 25-уми май аз Душанбе вориди Бишкек шудаанд. Ҳамзамон наздики 100 мусофири дигар, ки аз Қирғизистон ба Тоҷикистон биоянд, дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Бишкек дармондаанд. Ин мусофирон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳеч кас пеш аз парвоз онҳоро огоҳ накардааст, ки марзҳои Қирғизистон барои шаҳрванди Тоҷикистон баста шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 24-уми май Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон, гуфт, ки "чанде пеш дар бораи комилан қатъ кардани равуо тавассути марзи давлатӣ бо Тоҷикистон қарор қабул шуд". Ӯ гуфт, ин вазъ то замони ҳалли баҳсҳои марзӣ идома хоҳад кард.

Навори ҳавопаймои дармонда дар фурудгоҳи Бишкекро ин ҷо бинед:

Наздики 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек дармондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷониби Қирғизистон дар ин бора онҳоро расман огоҳ накарда буданд. Баръакс, ба гуфтаи онҳо, мақомоти ҳавонавардии Қирғизистон барои парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Бишкек иҷозат дода буданд.

Абубакр Шодиев, консули тоҷик дар Бишкек, гуфт, талош доранд, мушкилро дар гуфтугӯ бо мақомоти қирғиз ҳал кунад, вале барояш гуфтаанд, ҳавопаймои “Сомон Эйр” бояд ба Тоҷикистон баргардад.

Ӯ гуфт, аз ин вазъ мақомоти тоҷик огоҳанд ва бо мақомоти қирғиз барои ҳалли мушкил музокирот доранд.

Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хоки ин кишвар аз рӯзи 24-уми май манъ шудааст.

Мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек
Мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек

Хабари баста шудани марз бо Тоҷикистон дар расонаҳои Қирғизистон рӯзе пеш бо такя ба гуфтаи Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон, пайдо шуд. Ӯ гуфта буд, ки то ҳалли масъалаҳо марз баста мемонад.

"Масъалаи марз барои мо дар ҳоли ҳозир яке аз масоили муҳим аст. Ҳамаи талош ба харҷ дода мешавад, ки ин масъала ҳал карда шавад. Мо онро ҳатман ҳал мекунем... Ба иловаи муайянсозӣ ва аломатгузории марз мо ҳадаф гузоштаем, ки ҳифзи онро тақвият бахшем. Барои ин ҳамаи шароити лозимро барои марзбонон фароҳам меорем. Дар масъалаи тақвияти ҳифзи марз сокинони маҳаллӣ ҳам нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, Шуморо ба сабру таҳаммул даъват мекунам", - гуфт раиси девони вазирони Қирғизистон.

25-уми май Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шарҳеро ба нашр расонда, гуфт, ки бино бар қарори ҳукумати ин кишвар аз 21-уми май барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар равуо ба воситаи қаламрави Қирғизистон "маҳдудиятҳои муваққатӣ" ҷорӣ мешавад. Аммо бино бар ин шарҳ, маҳдудиятҳо ба гузаргоҳҳои заминии "Кулунду-Автодорожний, Кайрагач-Автодорожний, Кизил-Бел-Автодорожний, Бордебо-Автодорожний ва Карамык-Автодорожний дахл доранд, ки дар марзи байни ду давлат ҷойгиранд. Ҳамзамон кормандони намояндагиҳои дипломатии ду кишвар ва аъзои оилаҳои онҳо, инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва аъзои оилаҳои онҳо аз ин қарор истисноянд.

Дар шарҳи КДАМ-и Қирғизистон инчунин гуфта мешавад, "шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд, метавонанд ба Қирғизистон баргарданд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон мебошанд, метавонанд тавассути гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатии Қирғизистон ба Тоҷикистон раванд."

Дар ин қарор дар бораи роҳҳои ҳавоӣ чизе гуфта нашудааст. Мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон мегӯянд, аз дахл доштани қарор ба роҳҳои ҳавоӣ хабар надоштаанд.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо кас захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG