Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон, гуфт, ки "чанде пеш дар бораи комилан қатъ кардани равуо тавассути марзи давлатӣ бо Тоҷикистон қарор қабул шуд". Ӯ гуфт, ин вазъ то замони ҳалли баҳсҳои марзӣ идома хоҳад кард.
Марипов дар ин бора дар суҳбат бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон-Алайи вилояти Уш хабар додааст.
"Масъалаи марз барои мо дар ҳоли ҳозир яке аз масоили муҳим аст. Ҳамаи талош ба харҷ дода мешавад, ки ин масъала ҳал карда шавад. Мо онро ҳатман ҳал мекунем... Ба иловаи муайянсозӣ ва аломатгузории марз мо ҳадаф гузоштаем, ки ҳифзи онро тақвият бахшем. Барои ин ҳамаи шароити лозимро барои марзбонон фароҳам меорем. Дар масъалаи тақвияти ҳифзи марз сокинони маҳаллӣ ҳам нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, Шуморо ба сабру таҳаммул даъват мекунам", - гуфт раиси девони вазирони Қирғизистон.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо кас захмӣ шуданд.