Ҳукумати Чин тасмими Вашингтон дар бораи хуруҷи зудҳангоми нерӯҳояш аз Афғонистонро интиқод кард. Коршиносон тахмин мезананд, ки тағйири таркиби нерӯҳо масъулияти Чинро барои таъмини амнияти минтақа афзоиш медиҳад.
Дар ҳоле ки Вашингтон нерӯҳояш аз Афғонистон берун мекашад ва расонаҳои амрикоӣ дар бораи ҷустуҷӯи қароргоҳҳои нав барои онҳо дар Осиёи Марказӣ гузориш медиҳанд, Пекин талош дорад, аз ин раванд дар канор намонад. Мавқеи ин кишвар дар мавриди вазъи Афғонистон аз ҷониби мушовири давлатӣ ва вазири корҳои хориҷӣ Ван И рӯзи 11 май дар Шион, ҳангоми гуфтугӯ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар формати C + C5 (Чин - 5 кишвари Осиёи Марказӣ) садо дод.
Ба гуфтаи дипломати чинӣ, Пекин бар ин назар аст, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон бояд масъулона анҷом дода шавад, то ки амалҳои шитобкорона ба раванди мусолиҳа дар Афғонистон таъсири манфӣ нарасонад. Ван И гуфт: "Зарур аст, ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Узбекистон ва Тоҷикистон мавқеъҳои худро саривақт ҳамоҳанг созанд, ба унвони як ҷабҳаи муттаҳид амал кунанд ва барои рафъи мушкилот ва пешрафт раванди сулҳ дар Афғонистонро комилан дастгирӣ кунанд."
Бар асоси изҳороти роҳбари ниҳоди сиёсати берунаи Чин, Пекин пешниҳод дорад, ки мувофиқи онҳо:
Раванди мусолиҳа дар Афғонистон бояд аз ҷониби худи афғонҳо роҳбарӣ ва назорат карда шавад;
Афғонистон бояд созукорҳои худро барои таъмини иштироки сиёсии ҳама гурӯҳҳо ва ҳизбҳо дар ҷараёни сулҳ ташкил диҳад;
Сохтори мудирияти миллӣ дар оянда бояд ба шароити миллӣ мувофиқ бошад, то аз бархӯрдҳо ва бебандубориҳои нав ҷилавгирӣ шавад ва кишвар набояд моделҳои хориҷиро нусха бардорад.
Вазири корҳои хориҷии Чин инчунин изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумати ояндаи Афғонистон сиёсати муътадили исломиро пеш мегирад ва ба зуҳури созмонҳои террористӣ роҳ намедиҳад. Ӯ афзуд, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва кишварҳои минтақа бояд нақши худро дар таъмини сулҳ ва субот дар Афғонистон иҷро кунанд.
Нақши фаъол аз ночорӣ?
Ҷолиб аст, ки дидори вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамтои чиниашон бори аввал баргузор шуд ва ба замони хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон мувофиқ омад. Ба гуфтаи Андрей Серенко, коршиноси аршади Маркази омӯзиши муосири Афғонистон, амрикоиҳо ният надоранд, ки минтақаро комилан тарк кунанд, вале айни замон мехоҳанд, ки бахше аз масъулияти амниятро ба дӯши Чин вогузор кунанд.
Ӯ мегӯяд: “Бо баромадани амрикоиҳо, Афғонистон барои Чин як мушкили умда мешавад. Вашингтон дониста ба дӯши Пекин як муноқишаеро мегузорад, ки ҳалли он ҳанӯз номумкин аст. Чин бояд бо он мубориза барад, зеро он ба амнияти тарҳҳояш дар минтақа таҳдид мекунад."
Ба гуфтаи ӯ, қаблан Пекин талош мекард, ки ба Афғонистон тавассути Покистон, ки бо он равобити наздик дорад ва тавассути Кобул бар асоси равобити дуҷониба, ҳамчунин тавассути кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Русия, таъсир бигузорад, "аммо ин шакли равобити дипломатӣ натиҷаи лозимро надод".
Нафаси тозае на танҳо барои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ)
Талошҳои таъсиргузорӣ тавассути Покистон зоҳиран идома доранд, ки инро гуфтугӯи телефонии ахири вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ва ҳамтои покистониаш Маҳмуд Қурайшӣ дар рӯзи 16 май таъйид мекунанд.
Дар паёме, ки Вазорати корҳои хориҷии Чин интишор кардааст, гуфта мешавад, ки Ван И ба зарурати таваҷҷуҳи бештари Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба мушкилоти Афғонистон ишора кард ва инчунин ёдовар шуд, ки Покистон дар муноқиша дар ин кишвар таъсири бузург дорад ва даъват кард, ки ҳамоҳангиҳои стратегӣ миёну Пекину Исломобод дар масоили марбут ба Афғонистон тақвият шаванд.
Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик чунин мешуморад, ки Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо дарназардошти мақоми нозирро доштани Афғонистону Эрон дар он, метавонад ба як платформаи муассир барои истиқрори сулҳ дар Афғонистон табдил ёбад.
Ӯ мегӯяд: «Дар ҳамоише, ки дар Душанбе баргузор мешавад, имкони таҳияи сиёсати ҷалби кишварҳо барои мусоидат ба сулҳи Афғонистон фароҳам меояд. Чин ин гуна фишанги қавии молиявиро аз болои Покистон дорад ва метавонад Исломободро маҷбур кунад, ки аз дастгирии "Толибон" даст кашад.”
Бартариҳои СҲШ, мегӯяд ӯ, дар он аст, ки ба фарқ аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои Ғарб, модели рушди идеологии худро ба ҷомеаи суннатии Афғонистон таҳмил намекунад. Мувофиқи формати нави ҳамкорӣ (C + C5), орзуҳои Чин дар ояндаи наздик танҳо бо СҲШ маҳдуд нахоҳанд шуд. Таҳлилгарон боварӣ доранд, ки талошҳои Пекин нишондиҳандаи хостаҳои он барои ҳамкории бисёрҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Чин, Ван И дар гуфтугуҳои Шион пешниҳод кард, кишварҳои узв якҷо бо пандемия мубориза баранд, дар Роҳи бузурги абрешим минтақаи озмоишии иқтисодӣ бунёд карда шавад, ҳамкориҳоро дар долони нақлиётии АвруОсиё тақвият диҳанд ва суботро дар минтақа таъмин ва нақшаи рушди муштаракро таҳия кунанд.
"Тағйироти қобили мулоҳизае намешавад"
Аммо, бархе коршиносон мегӯяд, ки фаъолтар шудани ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо фаъолиятҳо дар самти Афғонистон баробар нест. Темур Умаров, чиншинос ва мушовири Маркази Карнегии Маскав мегӯяд, ки ҳеч тағйироти ҷиддиеро дар сиёсати Чин дар баробари Афғонистон набояд интизор шуд: “Чин абзорҳои зиёде барои мубориза бо афзоиши эҳтимолии ифротгароӣ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико надорад.
Гузашта аз ин, Чин намехоҳад нақши Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистонро бозӣ кунад; Пекин ба ин ниёз надорад. Он чи метавонад тағйир кунад, таҳкими ҳамкории Чин бо Покистон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳамсояи Афғонистон аст. Ин метавонад дар шакли посбонии муштарак, тамринҳои низомӣ, содироти силоҳ, посгоҳҳои нави марзӣ дар марз бо Афғонистон ба миён биояд. Пекин ҳамчунин метавонад, ба ҳамкории амиқтар бо Русия, чӣ дар чаҳорчӯби СҲШ ва чӣ тавассути шабакаҳои дигар ва ё даъват аз созмонҳои байналмилалӣ (СММ), ки ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳи бештар кунанд, саҳм бигузорад.”
Ба назари ӯ, нуктаи аввал барои Чин таъмини суботу амният дар Вилояти Шинҷону Уйғур ва Осиёи Марказӣ, инчунин саркӯб кардани кӯшиши гуруҳҳои ифротӣ дар ин кишварҳо боқӣ хоҳад монд. Чинро робитаҳои наздики тиҷоративу иқтисодӣ ва стратегӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мепайванданд. Кишварҳои минтақа дар стратегияи "Камарбанд ва роҳ" -и Чин мавқеи стратегиро ишғол мекунанд. Бахши зиёди қарзи хориҷии Қирғизистону Тоҷикистонро қарзҳо аз Чин ташкил медиҳанд.