Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берун рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон – мояи нигаронӣ дар Тоҷикистон. САДО


Омодагӣ ба хуруҷи сарбозони ИМА аз Афғонистон
Омодагӣ ба хуруҷи сарбозони ИМА аз Афғонистон

Қарори берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар кишварҳои ҳамсоя, бахусус Тоҷикистон, нигарониҳоро ба бор овардааст.

Агар баъди рафтани амрикоиҳо бо зӯр қудратро бигиранд, он гоҳ... яке аз аҳдоф метавонад Тоҷикистон бошад. Ва агар қудратҳои минтақа Толибонро фишор диҳанд, ки аз роҳи мусолиҳа ба қудрат биоянд, он гоҳ бунёдгароӣ назорат мешавад.
Азиз Бориз

Иёлоти Муттаҳида рӯзи 1-уми май расман ба берун бурдани низомиёнаш аз хоки Афғонистон оғоз кард ва ин раванд бояд то 11-уми сентябри имсол пурра ба анҷом расад. Расонаҳои амрикоӣ гуфтаанд, бо суръате, ки берун рафтани нерӯҳо аз Афғонистон ҷараён дорад, мумкин аст, хуруҷи онҳо дар моҳи июли имсол ба поён расад.

Дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон беш аз 1400 километр марз дорад, ҷанг миёни нерӯҳои давлатӣ ва гуруҳи Толибон давом дорад. Дар шимоли ин кишвар, дар наздикии марз бо Тоҷикистон, гуруҳҳои тундрав аз ҳисоби зодагони Осиёи Миёна чанд сол боз фаъоланд ва ба назари огоҳон бештар зери назорати Толибон ҳастанд.

Раҳмон хуруҷи низомиёни хориҷиро аз Афғонистон “таассуфбор” хонд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав

Зоҳиран хуруҷи низомиён ва афзоиши ноамниҳо дар Афғонистонро дар болотарин сатҳи ҳукумат дар Тоҷикистон ҷиддӣ гирифтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми суҳбат бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар рӯзи 8-уми май вазъият дар Афғонистонро пас аз берун шудани нерӯҳои хориҷӣ "таассуфбор" хонд. Ӯ ба зарурати таҳкими марз миёни Тоҷикистону Афғонистон дар доираи созишномаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) таъкид кард.

Суҳбати Раҳмон бо Путин дар пасманзари сафари Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ба Тоҷикистон ва хабарҳои эҳтимоли ҷо шудани баъзе аз низомиёни Иёлоти Муттаҳида дар хоки ин кишвари Осиёи Марказӣ иттифоқ афтод.

Нашрияи "The New York Times" ва баъдан "The Wall Street Journal" бо такя ба манобеи худ гуфтанд, ки мавзӯи ҷойгир кардани низомиёни амрикоӣ дар хоки Афғонистон ва Тоҷикистон мавриди назар аст.

Азиз Бориз, дипломати собиқи афғонистонӣ, ба ин назар аст, ки дар сурати ризоияти Чин ва Русия, Тоҷикистон ба низомиёни амрикоӣ ҷой дода, "ҳам фоидаи молӣ ба даст хоҳад овард ва ҳам суботашро ҳифз хоҳад кард". Ӯ мегӯяд, афзоиши ноамниҳо дар шимоли Афғонистон ба фоидаи Чину Русия низ нест, вале пешгӯйӣ кардан мушкил аст, ки то куҷо ин ду кишвар ба ҳузури нерӯҳои рақибашон дар Тоҷикистон розӣ хоҳанд шуд.​

Садоро дар ин ҷо бишнавед:

Дар Тоҷикистон аз рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон нигаронанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:48 0:00
Линки мустақим

Таҳдид то куҷо воқеист?

Баъзе аз коршиносон ба ин назаранд, ки бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ эҳтимол гурӯҳҳои тундрав қувват гиранд ва ба сафи худ бештар шаҳрвандони Осиёи Марказиро ҷалб кунанд. Гуруҳи дигар ба ин боваранд, ки ин нерӯҳо ба ҳадде нестанд, ки ба амният таҳдид кунанд ва хатари ҷиддӣ эҷод кунанд.

Азиз Бориз, ки солҳо дар Тоҷикистон ҳамчун дипломат кор кардааст, мегӯяд, дар сурати амал кардани Толибон ба созишномаашон бо Амрико вазъ бад нахоҳад шуд. Толибон дар музокирот бо Иёлоти Муттаҳида ваъда доданд, ки ба гуруҳҳои тундрави хориҷӣ ёрӣ намекунанд ва монеи ҳузурашон дар хоки Афғонистон мешаванд.

Азиз Бориз
Азиз Бориз

Аммо Азиз Бориз мегӯяд, ҳодисаҳои чанд моҳи охир, аз ҷумла қатли марзбонони Афғонистон дар минтақаи Моҳмайи Дарвоз нишон дод, ки Толибон ҳанӯз ба гуруҳҳои тундрави хориҷӣ кумак мекунанд ва аз онҳо дар амалиёти худ истифода мебаранд.

Охири соли гузашта дар ҳамлае дар шимоли Афғонистон 24 марзбони ин кишвар кушта шуд. Дар наворҳое, ки баъдан нашр шуд ва мақомоти Тоҷикистону Афғонистон низ тасдиқ карданд, ин кор бо дасти "Толибони тоҷик" ё аъзои гуруҳи мамнӯи "Ансоруллоҳ" сурат гирифтааст, ки ба гуфтаи огоҳон, солҳо боз ба тарафдории Толибон меҷанганд.

Ин вазъ, ба гуфтаи Азиз Бориз, нишон медиҳад, ки Толибон ба аҳди супурдаашон бо Амрико амал намекунанд. "Агар инҳо бо роҳи зӯр пас аз рафтани амрикоиҳо қудратро бигиранд ва ба созишномаҳояшон пойбанд набошанд, он гоҳ дунболи судури ақидаву андешаҳояшон хоҳанд буд, ки метавонад, яке аз ин аҳдоф Тоҷикистон бошад. Аммо агар қудратҳои минтақа Толибонро фишор диҳанд, ки аз роҳи мусолиҳа сари қудрат биоянд, он гаҳ бунёдгароӣ назорат мешавад", -- гуфт ӯ.

Толибон дар як соли охир борҳо изҳорот додаанд, ки ба созишномаашон бо Амрико пойбанданд, аммо ҳодисаҳои чанд моҳи охир чизи баръакси гуфтаҳои онҳоро нишон медиҳад.

Низомиёни амрикоӣ, ки 20 соли боз дар Афғонистон ҳузур доранд, ба нерӯҳои давлатии Афғонистон барои мубориза бо гуруҳҳои тундрав ёрӣ мекунанд. Ҳоло берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ дар дохили Афғонистон низ нигарониҳоро ба бор овардааст. ​

Вақте Сурия ва Ироқ маркази ҷазби ифротиён нест...

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, воқеан вазъи Афғонистон пас аз хуруҷи низомиёни хориҷӣ печидатар хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, албатта, Афғонистони ором аз нигоҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ барои Тоҷикистон муҳим аст ва нооромӣ дар ин кишвар барои Осиёи Марказӣ хушоянд нест.

Мақомоти Русияву Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки дар шимоли Афғонистон ҳазорон ҷангҷӯйи хориҷӣ қарор доранд. Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, гуруҳҳои ифротии мустақар дар шимоли Афғонистон ба мизоне нестанд, ки ба сурати мустақим таҳдид эҷод кунанд.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

Ӯ гуфт: "Шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи ин гуруҳҳо зиёд нестанд, ки хатари бузург ҳисоб шаванд. Маҳдудиятҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз коронавирус пайвастани аъзои навро ба сафи ин гуруҳҳо низ коҳиш додааст."

Омори дақиқе дар бораи ҷангҷӯёни тоҷик дар Афғонистон вуҷуд надорад, вале мақомоти тоҷик мегӯянд, теъдоди тоҷикон дар сафи шӯришиён дар шимоли Афғонистон ҳудуди 200 нафар ҳисоб шудааст. Азиз Бориз, таҳлилгари афғон мегӯяд, дар шароите, ки дигар Сурия ва Ироқ маркази ҷазби ифротгароён аз Осиёи Марказӣ нест, нооромии Афғонистон эҳтимоли ба вуҷуд овардани як чунин марказро хоҳад дод.​

“Толибонро бо “ғалаба” табрик карда буданд”

Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик, ба ин назар аст, ки гуруҳҳои тундрав аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ дар Афғонистон ҳанӯз мустақил ва тасмимгиранда нестанд, аз ин рӯ, эҳсоси хатари ҷиддиро набояд аз онҳо интизор шуд.

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

"Албатта, бо нооромтар шудани шимоли Афғонистон вазъ ҳассос ва нигаронкунада мешавад. Пешбинӣ кардан аз ҳоло барвақт аст, чун ҳар лаҳза вазъ метавонад дигар шавад. Ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ баъд аз созишномаи сулҳи Толибон бо Амрико дар Қатар гуруҳро бо “ғалаба” табрик карданд ва аз забонашон таҳдидҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ садо дода буд. Аз як тараф гуруҳҳои ифротӣ ҳамчун таҳдид баромад мекунанд, аз тарафи дигар эҳтимол дорад ҳамчун абзори тарс додан ба давлатҳои минтақа истифода шаванд", -- гуфт ӯ.

Мақомот борҳо аз боздошти шахсоне, ки барои дохил шудан ба гуруҳҳои тундрав талоши убури марзро кардаанд ва ё ҳамчун узви гуруҳи тундрав аз он сӯи сарҳад вориди хоки Тоҷикистон шудаанд, гузориш додаанд. Аммо, ба сурати умум, дар 20 соли ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ва ҷанг бо Толибон ҳеч талоши рӯйирости ҳамлаи гуруҳҳои тундрав ба хоки Тоҷикистон сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG