Навиштаи Ҳафиз Қаландаров
Чанд сол пеш, вақте ба ҳамкори афғонам хиёбонҳои васеъ, биноҳои зебои вазорату донишгоҳҳо, театрҳои шаҳр ва маҳаллаҳои калону ботартибро нишон медодам, ӯ қариб ҳамеша як нидо мекард: "Ҳо, урусо инҷо хуб кор кардаанд". Албатта, ин бароям хеле аламовар буд, лекин пас аз чанде сабабашро фаҳмидам.
Ин сафари нахустину кӯтоҳмуддати Абдувосит ба Тоҷикистон буд. Рӯз то рӯз ҳайраташ бештар мешуду шакку шубҳааш ба дастоварду пешравиҳои мо – камтар. Ман ҳам илова ба сайри Хоҷа Оби Гарму дараи Варзоб, ӯро ба сафари ноби Нораку корхонаи алюминий бурдам.
Дар шаҳри Норак, баъд аз тамошои обанбору "садди баландтарин", ӯро ба назди муҷассамаи дӯстии халқҳо бурдам ва гуфтам: “Бубин, манаҷар соиб (оқои менеҷер), мо ҳама як кишвар будем, дар ғаму шодӣ – шарик; корҳои калонамонро дасти ба даст иҷро мекардем. Тоҷикон, масалан дар Сибир роҳи оҳан месохтанду “урусҳо” дар Тоҷикистон – Норак! Албатта, украиниву молдаванӣ ва туркману тотор ва ҳоказо ҳам буданд."
Дар яке аз рӯзҳои охири сафараш ӯро ба Боғи Ғалаба бурдам, ки аз онҷо беҳтарин манзараҳои шаҳрро метавон дид. Қасдан тавассути қабристони шаҳр аз дарвозаи умумии паҳлӯи калисои масеҳиён гузаронда, қад-қади манзилгоҳи яҳудиёну масеҳиён ва мусулмонон бурдам, ки яке давоми дигарӣ ва ҳам ҳар яке ҳамсояи ороми якдигар мебошанд.
Абдувосит хомӯшонаву хаёломез меъмории пурҳашшамати Боғро сайр ва тамошо мекард. Ҳангоме навиштаеро дар бораи иштироки 300 ҳазор сарбоз ва фавти 85 ҳазор тоҷикистонӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ӯ тарҷума мекардам, фикре дар сарам омад ва ба Абдувосит суоломез нигоҳ кардам.
Маълум шуд, ки мо ҳамдигарро хуб фаҳмидем. Ӯ ба ман нигариста гуфт, "ҳо, тарҷумон соиб, барои микрорайонҳову Норакҳо қиматҳое ҳам пардохт кардаед!"
"На, хайр, манаҷар соиб, мо чизе ба касе пардохт накардем, ҳар он чӣ кардем барои худ кардем ва чун дар як кишвари ягона қарор доштем, чӣ фалокат ва чӣ музаффариятҳоямон яке буд, як – барои ҳама!"
Албатта, қариб ҳамаи мо аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумот дорем ва номи аксар қаҳрамонҳои худамонро медонем, вале мехоҳам, баъзе аз тафсилоти қаҳрамониҳои як ҷавонмарди одӣ, Сафар Амиршоевро аз деҳаи Заргари ноҳияи Балҷувон ба Шумо нақл кунам.
Ин қиссаро аввал писарамакам, Мансур, гуфта буд. Вай чанд сол дар шаҳри Санкт-Петербург мардикорӣ кардааст. Маълумоти олӣ дорад, забони олмониро хуб медонад ва нотиқи хеле бомаҳорат ҳам ҳаст. Ман мисли Мансур қисса гуфта наметавонам, вале тасмим гирифтам ин саргузаштро ба Шумо расонам.
Қаҳрамони нимгурусна
Дар шаҳри Санкт-Петербург осорхонаи калони таърихи Артилерия ва Аслиҳа мавҷуд будааст, ки дар он гӯшаеро ба Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, паҳлавони тоҷик, дорандаи нишону медалҳои зиёд, аз ҷумла медалҳои “Барои Шуҷоат”, "Барои Муҳофизати Сталинград" Сафар Амиршоев ва корнамоии ӯ бахшидаанд.
Сафар Амиршоев соли 1912 дар деҳаи Заргари вилояти Бухорои Шарқӣ, Аморати Бухоро таваллуд шуда, 16-уми июли 1944 дар шаҳраки Жежмаряй дар Литва ба ҳалокат расидааст.
Дар он ҷо ҳатто шинели ғалбер барин сӯрох ва тӯпи нимшикастаи ӯ низ гузошта шудаанд. Дар шишачае, даруни маҳлули махсус, як сабзии нимгазидае низ.
Вақте фашистон ба самти тӯпи Сафаршо 12 танкро равон мекунанд, дигар фурсати хӯрокпазӣ набудааст, вай танҳо 1-2 сабзии тозакардашудаи ошхонаи сайёри “ҳайрон”-ро ба киса гирифта, ба набард мебарояд.
Баъд аз задани 3 танк, “снаряде” тӯпи ӯро қисман мешиканад ва ӯро низ ярадор мекунад; вале бо охирин қувва ба тӯп тир ҷо мекунаду мепарронад...
Дар хотираҳои “Тӯпи Сафар” Ҳасан Бобиев, Теша Фозилов, Аминҷон Маҳмудов аз ҷумлаи сарбозони зертобеи Сафар Амиршоев зикри ном шудаанд. Вай бо сарбозон ҳалим буда, “фармонҳояш мисли хоҳишу илтимос” садо медодаанд.
Сафар Амиршоев қаблан, солҳои 1935-37, хидмати ҳарбӣ карда будааст ва бо сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, соли 1941, ихтиёрӣ ба фронт меравад. Пеш аз ин дар идораи молиёт ва баъдтар чун мудири мағоза дар зодгоҳаш кор мекардааст.
Хеле мехостааст, ки ӯро ба қисмҳои савора баранд, вале ҳукми майор қатъӣ будааст, сардори тӯп бо якчанд нафар идора карда мешавад!
Сардори дивизион, ки фармони истодагарӣ дода будаасту тавассути дурбин манзараи набардро мушоҳида мекардааст, пас аз ақибнишинии фашистҳо супориши қатъӣ медиҳад: рафта шахсияти ҳамон тӯпчиеро, ки то охирин лаҳза ҷониби душман оташ мекушод, маълум кунед ва аз кадом қавму миллат, рутбаву вазифае, ки набошад, ӯро ба унвони қаҳрамонӣ пешниҳод кунед!
Вақте ба назди тӯпи нимпорашудаи Амиршоев мераванд, дар онҷо танҳо ҷасади рӯ ба замини як фашисти азимҷуссаеро мебинанд. Аммо баъди фашистро рӯгардон кардан, зери ҷасади ӯ Сафаршоро мебинанд, ки дар даст ду ханҷар дорад, яке ханҷари советӣ ва дигаре фашистӣ.
Дар атрофи тӯп ҳам автоматҳои олмонии зиёди парешонро мебинанд. Тахмин мекунанд, ки баъди аз кор баровардани тӯпаш вай аз танкҳои таркондааш автоматҳоро берун кашида, ба ҷанги тан ба тан омодагӣ мегирад. Дар охир бо ин фашисти азимҷусса даст ба гиребон шуда, ӯро низ нобуд мекунаду сипас худ ҳам ҷон месупорад.
"...17-уми июли соли 1944 дар майдони шаҳраки хурди Литва, Жежмаряй, садои “салюти видоъ” баланд шуд."
Сафарро дар “қабри бародарон” якҷо бо ҳалокшудагони дигари набард, дар канори шаҳрчаи Жежмаряй гӯрониданд. Ба номи ӯ мактабу кӯчаҳое дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Жежмаряй гузошта шудаанд. Теъдоди танкҳои таркондаи ин “тоҷики хушсимову хушбурут”-ро маъхазҳои гуногун аз 2 то 4-то мешуморанд.
Чӣ хеле набошад, муҳим он аст, ки вай “вазифаашро намунавор” иҷро карда, пеши роҳи фашистонро гирифта тавонистааст. 1000-ҳо фарсах дур аз зодгоҳу берун аз ватан, дар озод кардани Литва!
Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.