Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манучеҳр Ҷалилов - беҳтарин бозигари даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC


Манучеҳр Ҷалилов, бозигари дастаи "Истиқлол".
Манучеҳр Ҷалилов, бозигари дастаи "Истиқлол".

Панҷ бозигари беҳтарини даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 муаррифӣ шуданд, ки дар садри ин феҳрист ду бозигар аз бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора расонаҳои варзишии Осиё хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари “Истиқлол”, бо касби 8.9 имтиёз дар феҳрист садрнишин аст. Вай дар бозӣ муқобили “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ дубл кард, яъне ду гол ба самар расонид.

Дар радаи дувум ҳам бозигари дигар аз бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе Манучеҳр Сафаров қарор дорад. Ӯ низ дар дидор муқобили “Ал-Ҳилол” ду гол зад ва 8.5 имтиёз ба даст овард.

Инчунин дар миёни беҳтаринҳо Ҷалолиддин Машарипов, футболбози узбек, ки феълан дар бошгоҳи “Шабоб-Ал-Аҳлӣ”-и Имороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад, бо 8.1 имтиёз мақоми севумро касб кардааст. Майкл Олунга, футболбози африқоӣ аз Кения, ки ҳамлагари бошгоҳи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар мебошад, бо 8 имтиёз мақоми чаҳорумро соҳиб шудааст. Шоҳрух Гадоев, бозигари бошгоҳи АГМК-и Олмалиқи Узбекистон, бо 7.6 имтиёз дар мақоми панҷум қарор дорад.

Чунонки сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) хабар додааст, голи Манучеҳр Ҷалилов аз масофаи тахминан 20 метр дар бозӣ муқобили «Ал-Ҳилол» барои беҳтарин голи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 довталаб аст. Чаҳор довталаби дигар голҳои Абдураззоқ Ҳамидуллоҳ (“Ал-Наср”), Карлос Эдуардо (“Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”), Шаҳриёр Муғанлу (“Персеполис”) ва Меҳдӣ Ғаидӣ (“Истиқлол”-и Эрон) мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, AFC бозигаронеро номбар кард, ки ба тими мунтахаби рамзӣ аз рӯи натиҷагирии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дохил шуданд. Дар ин рӯйхат аз ҳама бештар – сенафарӣ аз бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» шомил шуданд.

Дастаи мунтахаби рамзии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021:

Валид Алӣ («Ал-Наср») – Хоҷиакбар Алиҷонов («Пахтакор»), Алексей Ларин («Истиқлол»), Анзур Исмоилов («Пахтакор»), Султон Ал-Ганнам («Ал-Наср») – Абдураззоқ Ҳамдуллоҳ («Ал-Наср»), Камол Камябиниа («Персеполис»), Ҷалолиддин Машарипов («Шабоб Ал-Аҳлӣ»), Манучеҳр Сафаров («Истиқлол») – Майкл Олунга («Дуҳайл»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Ёдовар мешавем, дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар бозии чаҳорумаш дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 тими мизбон "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, дар ҷадвали гуруҳи "А" бо 7 имтиёз ба ҷойи аввал баромад.

Дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 тими "Истиқлол" дар умум чаҳор бозӣ кардааст. Қаблан қаҳрамони Тоҷикистон бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дувум бошгоҳи АГМК-и Узбекистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард, сипас аз тими “Ал-Ҳилол” бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Виталий Левченко, сармураббии “Истиқлол”, баъди анҷоми бозӣ муқобили “Ал-Ҳилол” гуфт, “мо аз натиҷа ва сифати бозӣ қаноатмандем. Дастаи мо муқобили рақиби номдор бозии хуб нишон дод ва умедворам, ки мухлисон аз ин бозӣ лаззат бурда, хурсанд шуданд. Ин бозӣ собит сохт, ки мо метавонем дар рақобат бо тимҳои қавӣ натиҷаи мусбат ба даст биёрем. Ҳамакнун ҳар чор даста барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан шонси хуб доранд. Аз ин рӯ мубориза то даври ниҳоӣ идома меёбад ва мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳ баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин муайян хоҳад шуд.”

Мутахассиси 50-солаи бразилӣ Рогерио Микейл, сармураббии “Ал-Ҳилол”, рӯзи шанбе пас аз шикасти “Ал-Ҳилол” аз дастаи нави Лигаи қаҳрамонҳои AFC – “Истиқлол” бо ҳисоби 1-4 гуфт, "ман аз кор гирифтан наметарсам. Мо минбаъд низ сахт меҳнат мекунем ва ба ду бозии оянда омодагӣ мебинем."

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ то рӯзи 30-юми апрел идома меёбад. “Истиқлол” дар ду бозии боқимондааш 27-уми апрел бо “Шабоб-Ал-Аҳлӣ Дубай” ва 30-юми апрел бо АГМК (Узбекистон) рақобат мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар ду минтақа – Ғарб ва Шарқ - дар даҳ гурӯҳ сурат гирифтааст. Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд ва нишондиҳандаҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 иштирок хоҳанд кард.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

4

2

1

1

8-6

7

2

“Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ)

4

2

1

1

8-7

7

3

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

4

1

1

2

4-5

4

4

АГМК (Узбекистон)

4

1

1

2

7-9

4

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – АГМК (Узбекистон)

Эзоҳ: бозиҳо соати 22:00 бо вақти Арабистони Саудӣ (соати 00:00 бо вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд ва варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳди шаҳри Риёз шуруъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG