Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистонро, ки суҳбатҳояш ҳангоми муаррифии ваксинаи AstraZeneca дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, аз мансаб ронданд. Дар ин бора рӯзи 31-уми март қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шуд, вале дар он сабабашро нагуфтаанд.
Як мақоми Вазорати тандурустӣ рӯзи чаҳоршанбе бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби асосии барканории Самариддин Ализода "беомодагӣ иштирок кардан дар муаррифии ваксинаи AstraZeneca" будааст.
Самариддин Ализода рӯзи 18-уми март дар як нишасти матбуотӣ ва дар ҳузури намояндагони ЮНИСЕФ ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон кард, ки Тоҷикистон аз ин навъи ваксина даст намекашад.
Аммо он чи номи ӯро ба шабакаҳои иҷтимоӣ кашонд ва боис ба баҳсҳои зиёди корбарон шуд, на изҳороташ дар бораи ваксина ва ё таъсири он, балки шеваи муаррифии меҳмонҳову баёни номи кишварҳо буд.
Аз ҷумла, вай ҳангоми суҳбат ба ҷойи Кореяи Ҷанубӣ номи Кореяи Шимолиро ба забон овард ва дар ҳоле ки хатояшро ёдрас шуданд, норозиёна гуфт, "чӣ фарқ дорад, ҳарду ҳам Корея аст."
Ӯ гуфт: "Ваксинаро дар Белгия, Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ истеҳсол мекунанд.
- Кореяи Ҷанубӣ.
- Э, Кореяи Ҷанубӣ. Хайр, Корея-да, охир. Ғам додӣ. Фарқаш чӣ. Кореяи Шимолӣ бошад, онҷо сахт мегиранд. Агар ҷавобгӯ набошад, нишон медиҳанд."
Вай ҳамчунин ҳангоми муаррифӣ номи намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНИСЕФ-ро, ки дар паҳлӯяш нишаста буданд, дуруст ба хотир оварда натавонист.
Наворро пурра дар Фейсбук бинед:
Бисёре аз корбарон ӯро ба ҷиддӣ нагирифтани ҳамкорони хориҷӣ ва надоштани дониши сиёсӣ танқид карда, чунин тарзи суҳбати ӯро ба мансабдороне чун Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва Нуриддин Саид, вазири пешини маориф ва ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радио шабоҳат додаанд.
Самариддин Ализода ба ин баҳсҳо ҳеч вокуниш накард ва чанд рӯз баъди он дар маъракаи ваксинзанӣ иштирок намуд.
Ҳамсуҳбати мо дар Вазорати тандурустӣ гуфт, ин мавзуъ ҳатто дар яке аз ҷаласаҳои вазорат баррасӣ шуд ва маҳз сабаби барканориаш ҳамин нишаст буд.
Ализода ҳамагӣ нӯҳ моҳ пеш ва дар авҷи бемории ҳамагир дар Тоҷикистон ба ин мақом таъин шуда буд.
Ӯ 55-сола аст ва доктори илмҳои тиб. Дар гузашта дар мансабҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва мудири Пажӯҳишгоҳи тиббӣ- профилактикии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1999 аълочии Вазорати тандурустӣ ва соли 2013 корманди шоистаи Тоҷикистон шудааст.