Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассиси рус шарҳ дод, ки ба Русия кӣ рафта метавонад, кӣ не?


Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав гуфт, пас аз оғоз шудани парвозҳои мустақим шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо ҳадафи таҳсил кор, табобат ба Русия сафар кунанд.

Ӯ рӯзи 26-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Акнун (манзур пас аз 1-уми апрел) шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо метавонанд ба Русия сафар кунанд. Яъне, ҳақ доранд, бо мақсади кор, барои меҳмонӣ, барои таҳсил ба Русия раванд. Барои сафар бо ҳавопаймо ба ҷуз аз маълумотномаи орӣ будан аз короновирус (PCR TEST), санади дигар зарур нахоҳад буд."

Хонум Чупик афзуд, барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия айни ҳамон қоидае, ки барои Қирғизистон амал мекунад, амал хоҳад кард. "Танҳо фарқ дар он аст, ки миёни Қирғизистон ва Русия ҳоло ҳафтае ду парвоз анҷом мешавад, бо Тоҷикистон як парвоз".

Аммо марзи Русия ҳоло танҳо барои нақлиёти ҳавоӣ, яъне ҳавопаймоҳо ва фурудгоҳҳо ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон боз мешавад. Сафар бо нақлиёти заминӣ - автобусу мошин ва қатора ҳамчунон номумкин аст.

Русия аз 1-уми апрел парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Тоҷикистон аз сар мегирад, аммо парвоз ҳафтае як бор дар назар аст. Ҳанӯз маълум нест, иҷрои онро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба уҳда доранд, ё аз Русия. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд. Манобеи наздик ба ҳукумат рӯзи 25-уми март гуфтанд, ба зудӣ ин масъаларо дақиқ кардаву ба матбуот хабар медиҳанд.

Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия як сол қабл, моҳи марти соли 2020, бино бар паҳншавии коронавируси нав қатъ шуда буд. То кунун ширкатҳо танҳо бо парвозҳои чартерӣ шаҳрвандонро аз Русия ба Тоҷикистон меоварданд ва ё аз Тоҷикистон ба Русия мебурданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз тобистони соли гузашта гуфтанд, ки барои аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам бо Русия омода ҳастанд. Ҷониби Русия танҳо дар оғози имсол гуфт, баъд аз сафари мутахассисони “Роспотребнадзор” ба Тоҷикистон ва хулосаи онҳо дар бораи вазъи беҳдоштӣ дар мавриди парвозҳо тасмим мегирад.

Мутахассисони “Роспотребнадзор” охири ҳафтаи гузашта ва пас аз дидани шифохонаву озмоишгоҳҳои Тоҷикистон ба Русия баргаштаанд, аммо хулосаи ниҳоии онҳо эълон нашудааст. Рӯшан нест, тасмим дар бораи азсаргирии парвозҳои мунтазам ба хулосаи онҳо рабт дорад, ё не.

Баста будани марзи Русия боис шуд, ки даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.

Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристоданд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

XS
SM
MD
LG