Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати ба артиш нарафтан ва "баталёни фақирон" дар Тоҷикистон. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Агар 27-сола нашудаед ва хидмат накардед, мумкин аст, дар оянда агар хидмат кардан нахоҳед, 28 ҳазор сомонӣ месупоред ва қонунӣ аз ин уҳдадории ҳатмӣ озод мешавед.

Мақомот мегӯянд, ки ҳоло дақиқ нест, қимати озод шудан аз уҳдадории ҳатмии хидмат дар артиш, чӣ қадар мешавад, вале дар баъзе донишгоҳҳо ба донишҷӯён гуфтаанд, ки агар хатм карданд, 28 ҳазор сомонӣ супоранд, соҳиби билети ҳарбӣ мешаванд.

Дар Тоҷикистон чанде пеш қонуне қабул шуд, ки ба Шумо ҳақ медиҳад, ба буҷаи давлат пул супореду ба артиш наравед. Баҳси зиёд дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ идома дорад ва мебинем, ки мардум дар ин бора чӣ мегӯянд.

Корбаре бо номи "Амин" гуфтааст, қимати эҳтимолие, ки барои озодӣ аз уҳдадории ҳатмии хидмат дар артиш таъйин кардаанд, бисёр баланд аст ва роҳест барои фирор кардани бачаҳои сарватмандон аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон. Ӯ чунин навиштааст: “Инҳо нархе монданд, ки камбизоат якбора қашшоқ мешавад. Барои худашон 28 - 30 ҳазор сомонӣ пул ҳисоб намешавад. Камбизоат ин пулро надорад, маҷбур меравад. Қонун бояд барои ҳама як бошад, лекин ин бойҳо фарзандони худро аз хидмат мегурезонанд, ҳоло онки лофи ватандӯстӣ мезананд."

Аз қимати хидмат то баталёни фақирон дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00


Корбари дигаре низ дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, дар воқеъ таъйини 28 ҳазор сомонӣ барои раҳоӣ аз хидмат беадолатӣ аст ва артиши Тоҷикистонро ба артиш ва ё баталёнҳои камбизоатон мубаддал мекунад.

Ин корбар худро “Қонуни Бойҳо” номида ва чунин суолеро аз мақомот пурсидааст: “Агар ҷанг шавад, барои муҳофизати бойҳо ва мансабдорони тоҷик бояд фақат фарзанди камбизоат зери тиру тӯп монда, куштаву захмӣ шавад? Чаро онҳое, ки ватан гуфта, дар маҷлисҳо ҷор мезананд, фарзандони худро ба артиш намефиристанд? Ё ин ки Тоҷикистон кишвари табақаӣ ва ғуломдорӣ шудааст?”

Андешаҳои шабеҳи дигар низ дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Инстаграм ва Фейсбук ҳаст. Баъзеҳо гуфтаанд, ки қонуни нави хидмати ҳарбӣ роҳро барои суистифода аз қонун ва талаб кардани пул аз мардум боз мекунад.

Корбаре, ки нахостааст, номашро бигуяд, дар вебсайти Радиои Озодӣ чунин шарҳе гузоштааст: “Пуле, ки инҳо таъйин кардаанд, як навъи “андоз барои бачадорӣ” мебошад, зеро писарат, ки 18-сола шуд, ту аллакай аз давлат 28000 сомонӣ қарздор ҳастӣ. Дигар илоҷ надорӣ, то мурданат ин пулро месупорӣ. Ба кормандони комиссариати ҳарбӣ худо дод. Пеш "облава" мекарданду пул мегирифтанд, ҳоло мегӯянд, ки ҷойҳои хидмат пур шуд. Равед дар бонк пул супоред."

Яке бо номи "Восеъ 2" бо киноя ба раҳбарони Тоҷикистон тавсия додааст, ки худашон намуна шаванд ва фарзандони хешро ба артиш бифристанд, то мардуми оддӣ ҳам ба онҳо пайравӣ кунанду масъалаи сарпечӣ аз хидмату пардохти пул пеш наояд.

Шарҳаш чунин аст: "Агар ман президент шавам, аввал фарзанди худам ва фарзандону домодҳои мансабдоронро ба хидмати дусола дар марзи Хитой ва Афғонистон равон мекунам. Бигзор дар Даштиҷум ва Мурғоб хидмат карда, ба қадри ватан бирасанд. Кадоме аз афсарону генералҳо фарбеҳ бошанд, ба Исфараву Ворух мефиристам."

Теъдоде аз корбарон дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм навиштаанд, ки дар воқеъ айни қонун дар кишварҳои дигар низ ҳаст, ки пули муайяне месупоред ва аз хидмати ҳарбӣ озод мешаванд. Аммо 28 ҳазор сомонӣ, ки агар таъйин шуда бошад, ба гуфтаи корбарон пули зиёде аст, ки аксарият наметавонанд, онро бипардозанд.

Шарҳи корбаре бо номи Каримро мехонем, ки дар вебсайти мо гузоштааст: "Ин маблағ қариб 3 ҳазор доллар мешавад, дар Узбекистон, ки ҳамин хел қоида ҳаст, қиммати раҳоӣ аз уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ қариб 600 доллар аст, ҳоло онки музди миёнаи онҳо аз Тоҷикистон хеле зиёд аст... Кани инсоф?"

Ростӣ беинсофист, ё кори дуруст аст? Шумо ҳам нависед, ё бигӯеду дар видео сабт кунед ва ба ин шумора +420 607 900 808 бифристед. Вотсаппу Телеграму Имову Вайбер дорад.

XS
SM
MD
LG