Масъулони чанде аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба донишҷӯён гуфтаанд, ки пас аз хатми мактаби олӣ 28 ҳазор сомонӣ супорида, давраи якмоҳаи сарбозиро гузаранд ва соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Дар ғайри сурат, баъд аз хатми донишгоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-сола уҳдадоранд, як сол ба артиш раванд. Мақомот расман мавзуъро шарҳ надоданд.
Як донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки худро Ҳоким муаррифӣ кард ва, ҳамзамон, дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил мекунад, рӯзи 3-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт: "Масъулон эълон карданд, агар 28 ҳазор сомонӣ ба "Амонатбонк" (бонки давлатӣ) пардохт кунем, як моҳ ба машқҳои ҳарбӣ ҷалб шуда, рутба ва билети ҳарбӣ мегирем. Агар не, пас аз хатми донишгоҳ як сол бояд хидмат карда, соҳиби рутба шавем."
Дар қонун калимаҳои магистрант, аспирант ва докторант зикр нашудааст. Яъне, онҳое, ки дар ин зинаҳо таҳсил мекунанд, ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати таҳсилро дигар надоранд.Музаффар Бобоҷонов
Айни чунин эълонро ба камияш чаҳор донишҷӯйи дигар, ки дар донишгоҳҳои пойтахт мехонанд, аз мақомот шунидаанд ва дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.
Дар поёни моҳи январи имсол қонун "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"-ро дар Тоҷикистон ислоҳ карданд. Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд.
Дар ҳоле ки масъулони кафедраҳои ҳарбӣ ба донишҷӯён нархи намуди нави хидматро 28 ҳазор сомонӣ эълон кардаанд, як мусоҳиби Радиои Озодӣ дар яке аз комиссариатҳои ҳарбӣ гуфт, ҳоло ҳама мунтазири қарори ҳукумат дар ин бора ҳастанд.
Бино бар тағйироти воридшуда ба қонуни сарбозӣ, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.
Ҳамчунин, минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ кардаанд.
Сарнавишти магистрантҳо чӣ хоҳад шуд?
То мавсими нави даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон як моҳи дигар мондааст. Ба фарқ аз солҳои пешина бисёре аз ҷавонон, ки дар зинаи магистратура ё аспирантура таҳсил доранд, ин шабу рӯз барои адои хидмати сарбозӣ даъватнома гирифтанд. Мувофиқи қонуни қаблӣ, онҳо ҳаққи ба таъхир гузоштани хидмати сарбозиро ҳангоми таҳсил доштанд.
Музаффар Бобоҷонов, ҳуқуқшиноси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, рӯзи 3-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ба фарқ аз солҳои қаблӣ имсол тибқи талаботи қонуни нав магистрантҳо ва аспирантҳо "имтиёз" надоранд.
Ӯ гуфт: “Пеш дар қонун донишҷӯёни се зинаи таҳсилот, бакалавр, магистрант ва мутахассис (таҳсили 5-сола) ҳаққи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро доштанд. Дар қонуне, ки нав ба иҷро даромад, зинаи таҳсилоти бакалавр ва мутахассис зикр шудаасту бас. Калимаи магистр, аспирант ва докторант дар қонун зикр нашудааст. Яъне, онҳое ки дар ин зинаҳо таҳсил мекунанд, ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати таҳсилро дигар надоранд."
"Ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, на хидмати алтернативӣ"
Вай афзуд, дар қонуни нав на хидмати алтернативӣ, балки як намуди дигари хизмати ҳарбӣ - хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешниҳод шудааст.
"Мутобиқи талаботи қонуни нав, шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё барои ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд, ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағи муайян ба суратҳисоби махсус хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд", -- шарҳ дод ӯ.
Бобоҷонов афзуд, “чӣ қадар супоридани маблағ бо қарори ҳукумат бояд тасдиқ шавад, ки ҳанӯз нашудааст. Эҳтимол андозаи ин маблағ аз 25 то 30 ҳазор сомонӣ муайян шавад.”
Ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, иддао дар бораи он ки бе билети ҳарбӣ ба донишҷӯён диплом дода намешавад ва ё бидуни билети ҳарбӣ шаҳрванд ба хориҷа рафта наметавонад, асос надорад, чунки гаштугузори озодро ба шаҳрвандон Конститутсия - Қонуни асосии кишвар кафолат додааст.
Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ҳамасола даҳҳо ҳолати латукӯби сарбозонро дар қисмҳои ҳарбӣ сабт мекунанд.
Назари мардум ба шеваи нави хидмат дар Тоҷикистон: